Рӯзи 15 июли соли 2020 дар Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи  “Инъикос ва ифшои фаъолияти ҷиноии наҳзатиҳо дар филми “Хиёнат” баргузор гардид. 

         Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ кушода, ҳозиринро хайрамақадам гуфт ва қайд кард, ки роҳбарони созмони экстремистию террористии Ҳизби Наҳзати Исломӣ  Созишномаи умумии истиқори сулҳ ва ризояти миллиро зери по гузошта, соли 2015 даст ба ошӯбу табаддулоти давлатӣ заданд ва ҳадафу мақсади нопоки худро фош намуданд. Тайи солҳои охир бошад, фаъолияти тахрибкоронаи худро дар кишварҳои Аврупо торафт таҳким бахшида, тавассути шабакаи иҷтимоии интернет ва дигар расонаҳои хабарӣ  ба зидди Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғоти густурда ва гумроҳкунандаро ба роҳ монда, туҳмату буҳтон паҳн намуда, нуфузу ҳайсияти  кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ  паст заданӣ шуданд. Вале дар урфият мегӯянд, ки “бори каҷ ба манзил намерасад”. Солҳои охир бисёр пардаҳо аз рӯйи хиёнату ҷиноятҳои ин созмони тахрибкори террористию эксртемистӣ бардошта мешавад ва симои аслии роҳбарон ва хоҷагони хориҷии онҳо дар назари ҳамагон намоён мегардад. Ба ин филми мустанади “Хиёнат” мисоли возеҳу равшан мебошад.   

Аҳамияти актуалӣ ва муҳимми ҳамоиши имрӯза ифшо кардани дурўѓу найрангҳо ва нақшаҳои тахрибкоронаи роҳбарони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби Наҳзати Исломӣ  ва хоҷагони хориҷиашон мебошад, ки бар хилофи ваъдаҳои худ амал карда, фаъолияти тахрибкоронаи  худро  дар  ќаламрави  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бар  зидди  мардуми  худ  ва меҳмонони хориҷӣ  ба  роҳ  мондаанд. 

Сипас муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи “Ифшои амалҳои ҷиноии наҳзатиҳо дар филми мустанади “Хиёнат”, муовини  раиси Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода дар мавзӯи “Хиёнатҳои ташкилоти экстремистиву террористии  Ҳизби Наҳзати Исломӣ”, корманди масъули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҳмадулло Наимов дар мавзӯи “Омилҳои пешгирикунандаи равандҳои номатлуби ифтротгароӣ дар ҷомеаи  муосир дар ҳошияи татбиқи Барномаи  ҲХДТ”,  сардори Раёсати таҳлил ва ояндабиниии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Холиқов дар мавзӯи “Масъалаи таъсири геополитикӣ дар мисоли фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар ҳошияи филми мустанади “Хиёнат”, декани факултаи филологияи шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Раҳим Каримов (Мулло Абдураҳим)  дар мавзӯи “Филми мустанади “Хиёнат” ҳақиқатро ошкор месозад”,  мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашӯров дар мавзӯи “Ифшои манбаъҳои қудратии фаъолияти наҳзатиён дар филми мустанади “Хиёнат”, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Равшаналиев дар мавзӯи “Фаъолияти террористиву экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва ифшои он дар филми мустанади “Хиёнат”,  сардори Раёсати таъминоти иттилоотии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мавзӯи “Наҳзатиён ва фаъолияти экстемистии онҳо” суханронӣ намуданд.

Дар ҳамаи маърӯзаҳо дурӯғгӯйӣ, туҳмату буҳтон  ва идеологияи сӯзандаву вайронкор доштан ва бо амри хоҷагони маблағгузорашон зидди манфиатҳои миллату давлат амал кардани роҳбарони ин созмони экстремистию террористӣ таъкиду таъйид гардид.       

Баъдан иштирокчиёни конфронси илмию амалӣ пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманди худро баён карданд. Онҳо  дар  асоси  далелу  бурҳони ќотеъ бори дигар фаъолияти  тахрибкоронаи  Ҳизби  Наҳзати Исломиро дар ќаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки  ба амнияти  миллии  он  таъсири  манфї  мерасонад, маҳкум намуданд.

 Конфронси илмию амалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои  иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.       

Ҳамоишдар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.                              

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Чоп кунед