Рӯзи 4 майи соли 2023 конфронси илмиву амалии муштараки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар мавзуи “Самтҳои асосии амалигардониии Стратегияи милли рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимони пажӯҳишгоҳи илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Ҳамоиши илмиву амалиро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва зимнан қайд кард, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум, татбиқи бомуваффақияти сиёсати иҷтимоии давлат, таҳкими қонуният ва тартибот, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар соҳаи истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини шуғли пурсамари аҳолӣ ва саноатикунонии кишвар ба ҳалли муассири мушкилоти ба миёномада вобастагӣ дорад. Таъмини рушди иқтисодӣ ҳамчун шароит ва кафолати рушди устувори иқтисодӣ дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ мегардад.

Система ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар ба беҳтар кардани системаи идоракунии давлативу фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ иртибот дошта, ҳамаи ин чорабиниҳо дар маҷмӯъ, барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ ва ҳадафи иҷтимоии аҳолиро хизмат мекунанд ва ҳадафи волои давлати Тоҷикистон мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни татбиқи ҳадафҳои СМР–2030 дар назди худ мақсад гузоштааст, ки маҷмуи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ се маротиба зиёд карда, сатҳи камбизоатиро беш аз ду маротиба паст кунад ва ҳиссаи аҳолиро бо даромади миёна аз 22 то 50 дарсад афзоиш диҳад. Дар натиҷаи беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бояд панҷ маротиба афзун гардида, саҳми бахши саноат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад, ки ин имкон медиҳад то Тоҷикистон ба як кишвари саноатию аграрӣ табдил ёбад.

Умуман, тибқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои зерин: истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини шуғли пурсамари аҳолӣ ва саноатикунонии кишвар қарор доранд ва бояд амалӣ гарданд.

Нишондиҳандаҳои асосии ҷараёни амалигардии “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” нишон дод, ки мо ба ҳадафҳо ва вазифаҳои миллии стратегии муайянгардида дар маҷмуъ, ноил гардидем ва заминаи мусоид барои рушди устувори минбаъдаи кишвар фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, дар баробари дастовардҳо баъзе нишондиҳандаҳои алоҳидаи барномаи қаблӣ бо дарназардошти паёмади буҳронҳои иқтисодии глобалӣ, паҳншавии пандемияи коронавирус, ҷой доштани мушкилоти геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ байни кишварҳо, тағйирёбии ноустувори нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, паст шудани фаъолнокии иқтисодӣ ва тағйирёбии иқлим дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардиданд. Аз ин лиҳоз, дар кишвар ислоҳоти мушаххаси иқтисодӣ ва идоракунӣ роҳандозӣ гардида, ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои дохилӣ аз рӯйи имконият ва иқтидорҳои мавҷуда таъмин карда шуданд.

Дар конфронси илмӣ-амалии муштараки имрӯза масъалаҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодӣ, пешгирии таъсири манфии омилҳои беруна, гуногунсамтии (диверсификатсияи) истеҳсолоти ватанӣ ва иқтисоди миллӣ дар маҷмуъ, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва самаранок истифода бурдани сарчашмаҳои дохилии рушди иқтисодӣ дар заминаи татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025” мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд.

Сипас Раиси фраксияи Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рустам Раҳматзода пас аз ироаи сухани ифтитоҳӣ ва дар мавзуи “Нишондиҳандаҳои амалигардонии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то давраи то соли 2030” маъруза намуд.

Баъдан дар назди ҳозирин муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Саодат Ҷӯрахонзода дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар барои давраи то соли 2030”, муовини Раиси Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи (славянии) Русиву Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Файзулло Машраб дар мавзуи “Рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ҳамчун омили асосии амалигардонии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Баҳром Шарипов дар мавзуи “Баррасии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар қаринаи ташаккули сектори устувори молиявӣ” суханронӣ карданд.

Сипас пиромуни маърузаҳои ироашуда ибрози назар ва табодули афкори арзишманд сурат гирифт.

Конфронси илмиву амалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни нишаст барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед