Рӯзи 1 ноябри соли 2022 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломи Эрон бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон Конфронси байналмилалии муштарак бахшида ба 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон таҳти унвони “30 соли равобити Тоҷикистон ва Эрон: вазъ ва дурнамо” баргузор гардид.
Дар кори конфронс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, ҳайати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Марказ Хайриддин Усмонзода ва роҳбарону коршиносони касбии ниҳодҳои зеҳнӣ, доираи васеи намояндагони илму адаб, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, сохторҳои давлатии Эрон аз ҷумла, Мудири кулли дипломатии умумӣ ва расонаи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Дилхуш, инчунин, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ ва дигар шахсиятҳои маъруфи ҶИЭ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш намоиши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намунаҳои санъату таърих, табиати зебои Тоҷикистон ва намунаи таълифоти олимони Тоҷикистону Эрон ташкил гардид, ки иштирокчиёни чорабинӣ бо алоқамандӣ ва таваҷҷуҳи хос аз онҳо дидан намуданд.
Сипас иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ доир ба ҳамкориҳои фарогири Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаҳои гуногун тайи 30 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ ибрози назар намуданд. Аксари коршиносон зимни суханронии хеш аз раванди мусбати ҳамкориҳо ёдовар шуда, дастовардҳои бадастомадаро арзишманд арзёбӣ намуда, онро маҳсули талош ва иродаи сиёсии Роҳбарони Олии ду кишвар иборат донистанд. Аз ҷумла, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ 30 соли равобити дипломатии Тоҷикистону Эронро ба чаҳор давраи таърихӣ тақсимбандӣ намуда, таъкид кард, ки бо талошу таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо кишвари дӯст ва бародари Эрон дар соҳаҳои гуногун таҳкиму густариш ёфтанд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни суханронии худ 30 соли равобити дипломатии Тоҷикистону Эронро таҳлил намуда, ҳамкориҳои фарҳангиро ҳамчун омили муҳим дар муттаҳидии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим арзёбӣ намуд. Илова бар ин, директори Марказ нақши ин ду кишварро дар таъмини амнияти минтақа калидӣ баҳогузорӣ кард.
Директори Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалӣ Обид Акбарӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон кишвари дӯсту бародари Эрон буда, ҳамкорӣ бо ин кишвар дар тафовут бо дигар кишварҳо бо омилҳои гуногун дар авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад.
Бинобар ин, имрӯз ҷониби Эрон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро аз ҳарвақта дида бештар тавсеа бахшида истодааст.
Инчунин, коршиносон ва таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию фарҳангӣ дар доираи конфронси байналмилалӣ доир ба дарёфти нуқтаҳои нави ҳамкориҳо миёни кишварҳо пешниҳодҳои муҳим ва ҷолибро изҳор доштанд.
Дар фарҷоми ҳамоиши байналмилалӣ рӯйнамоии ду китоби коршиносони Эрон ва Тоҷикистон доир ба равобити Тоҷикистону Эрон ва Тоҷикистон ҳамчун нигини Осиёи Марказӣ доир гардид.