Имрӯз бо ташаббуси Созмони ҳамкории Шанхай, Академияи идораи глобалӣ ва минтақашиносии байналмилалии Шанхай ва дигар марказҳои зеҳнию ҷамъиятҳои дӯстии кишварҳои аъзои СҲШ конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Таъсири пандемияи коронавирус ба раванди ҳамкориҳо дар доираи СҲШ: чолиш ва имкониятҳо. Нақши дипломатияи мардумӣ дар тақвияти равобит дар доираи СҲШ” дар формати онлайн доир гардид.

Дар кори конфронси мазкур омилҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷанбаҳои рақамикунонии иқтисодиёт ва рақамикунонии иртибот, масоили сиёсию амниятӣ,  технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ, савдои электронӣ, энергетика, инчунин ҳамкориҳо дар саҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ миёни кишварҳои аъзои СҲШ дар шароити буҳрони коронавирус ва марҳилаи баъди пандемия баррасӣ гардида, роҳҳои рушди густариши ҳамкориҳо таъкид гардида, ҷонибҳои иштирокчӣ ба аҳамияти идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои тарафҳо дар ҳошияи СҲШ ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро қайд намуданд.

Дар конфронси  мазкур Котиби Генералии СҲШ,  коршиносони марказҳои зеҳнӣ ва намояндагони мақомоти давлатӣ аз Тоҷикистон, Чин, Россия, Беларусия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Муғулистон, Озорбойҷон ва дигар кишварҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи “ Вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ-ҳарбӣ дар фазои СҲШ дар шароити буҳрони коронавирус ва дурнамои ҳамкориҳо” суханронӣ намуд.

Ӯ зимни суханронӣ дидгоҳ ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судбанд дар чоҳорчубаи СҲШ муаррифӣ намуда, нақш ва саҳми Тоҷикистонро дар пешбурди СҲШ баланд арзёбӣ намуд. Илова бари ин, Душанберо ҳамчун маркази баргузории чорабиниҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баҳо дода, аз пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  соли 2006 садо дода буд, ёдовар шуда, зарурати таъсиси Маркази минтақавии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхайро махсус дарҷ намуд.

Илова бар ин, ӯ қайд намуд, ки  созмонҳои иртиҷоию экстремистӣ ва террористии амалкунанда омилҳои пандемия ва вазъи маънавию психологиро дар кишварҳои олам бо ҳадафҳои хатарноки худ бештар мавриди истифода қарор дода, ҳатман онро аз нуқтаи назари манфиатҳои худ шарҳ медиҳанд. Бинобар ин, дар чунин вазъият муттаҳид сохтани амалҳои кишварҳои ҷаҳон, алахусус кишварҳои аъзои СҲШ, даст кашидан аз стандартҳои дугона дар мубориза бо созмонҳои экстремистию террористӣ муҳим арзёбӣ намуд. Дар ин росто, ташаббусҳои минбаъдаи СҲШ вобаста ба масоли мазкур метавонанд таъсири мусбат расонад.

Ҳамин тавр, ҳамкорӣ дар соҳаи тиб, технологияҳои нав ва навоварӣ, иқтисодиёти рақамӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, амнияти озуқаворӣ ва дигар соҳаҳо ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи СҲШ арзёбӣ гардиданд.

Чоп кунед