Санаи 10 марти соли 2023 дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Конфронси байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак»  баргузор гардид. Дар кори конфронс роҳбарону коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани табрикӣ  директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ карда, иштирокчиёни  нишастро хайрамақдам гуфт. Сипас муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода  ва намояндаи Бунёди ба номи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ Ронни Хайне суханронии табрикӣ намуданд.

Дар ҷаласаи пленарии конфронс директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, директори Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов, директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов, директори Пажӯҳишгоҳи  миллии тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Канатбек Азиз, директори Маркази тадқиқоти стратегии  Донишкадаи  муносибатҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон Шири Шириев,  муовини аввали директори Пажӯҳишгоҳи  тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акрам Неъматов суханронӣ намуданд.

Бахши аввали ҳамоиш дар мавзуи “Сиёсати ҳамҷавории давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун омили муҳими таъмини субот ва рушди устувор дар шароити пешрафтҳои решагӣ дар системаи муносибатҳои байналмилалӣ” таҳти раёсати  муовини директори Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода доир гардид. Дар он муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода,  коршиноси пешбари шуъбаи тадқиқоти осиёии Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  Алия Мусобекова,  директори Маркази тадқиқоти геосиёсии Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон  Гузел Майтдинова, директори Маркази тадқиқоти ташаббуси “Маъно”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Эргашев, намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидумар Раҷабов, сардори шуъбаи Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Хуррамов, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Ҳидоятзода,  корманди илмии Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон  Нурбек Мамитов, ходими калони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хуршед Додихудоев маъруза карданд ва ба суолҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои қаноатбахш доданд. Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманд  иброз намуданд.

Дар конфронс нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният ва суботи минтақавию байналмилалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар самти мазкур арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, сиёсати ҳамҷаворӣ ва ҳолату дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини субот ва рушди устувор дар шароити тағйироти куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бахши дуюми ҳамоиш  дар мавзуи “Ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ: вазъ, мушкилот ва дурнамои рушди муштарак” таҳти раёсати директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода доир гардид. Дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода, директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, роҳбари намояндагии Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов, сардори шуъбаи тадқиқоти стратегии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зафар Нурматов, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова, корманди илмии Маркази тадқиқоти стратегии Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии  Туркманистон Давлатмурод Мамедов, мутахассиси пешбари Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ихтиёр Ашӯров суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ андешаҳои худро пиромуни маърузаҳои ироашуда  иброз намуда, вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи  ҳамкориҳои давлатҳои Осиёи Марказиро  мавриди  таҳлил ва арзёбӣ қарор доданд. Инчунин, онҳо ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ, муборизаи дастаҷамъӣ ба муқобили терроризму ифтрогароӣ дар минтақа, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳии давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид намуданд.

Конфронси байналмилалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода  натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда,  ба иштирокчиёни ҳамоиш изҳори сипос намуд ва изҳори боварӣ кард, ки  нишасти имрӯза барои  рушду густариши  ҳамкориҳои судманди минбаъдаи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ  мусоидат хоҳад кард.

Конфронс бо дастгирии намоядагии минтақавии Бунёди ба номи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ доир гардид.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда  доир гардид.

    
Хадамоти  матбуотии  Маркази

тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед