Санаи 5-уми августи соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи фестивали дустӣ конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Таъмини ризоияти байнимиллатҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси мазкур директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Х.У., роҳбари дастгоҳи Марказ Давлатов У.А., аъзои раёсати ҷамъияти дустӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ академик Караматулло Олимов ва аъзоёни марказҳои фарҳангии Узбектаборони Тоҷикистон аз вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар кушодашавии конфронс мушовири Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Камилов М., и.в. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Норов В., муовини сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон-вазири саёҳӣ ва меъроси фарҳангӣ Абдухакимов А., сарпарасти доимии СММ дар Ҷумҳурии Узебкистон Роли Астхана суханронӣ намуда, мақсаду ҳадафҳои ҳамоишро баён намуданд. Конфронс дар се бахш ташкил шуда, директори Марказ дар

бахши аввали пленарӣ суханронӣ намуд. Директори Марказ Усмонзода Х.У. аз ҷумла зикр намуд, ки дар тули ҳазорсолаҳо мардуми минтақаҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд ҳавзаи муштараки фарҳангию тамаддуниро ба вуҷуд оранд. Бо такя аз чунин муштаракоти тамадунӣ сокинони минтақаҳои Осиёи Марказӣ имконияти васеи рушди ҳамкориҳои иқтисодиро метавонанд амалӣ

гардонанд. Ҳамчунин, директори Марказ Усмонзода Х.У. бо мисолҳои

мушаххас нақши сарварони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистонро барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ муҳим ва арзишманд арзёбӣ намуданд.

Дар суханронии худ академик Караматулло Олимов иброз доштанд, ки таърихи халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нишебу фароз ва ҳамкориҳои самарабахшро дар ёд дорад. Замони муосир мушкилиҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст ва ин мушкилиҳо танҳо ба воситаи ҳамкорӣ ва дустии кишварҳо метавонад ҳаллу фасл шавад.

Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон дар суханронии худ таҷрибаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусбат баҳогузорӣ намуда, лоиҳа ва барномаҳои амалишаванда, хусусан дар соҳаи гидроэнергетика ва бозорҳои наздисарҳадиро мисол оварданд, ки аз тақвияти дустии ду кишварҳои ҳамсоя гувоҳӣ медиҳад. Мавсуф ин таҷрибаро барои кишварҳои дигари минтақа сазовори пайравӣ донистанд.

Ҳамчунин ӯ дар бораи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти ҳамкориҳои судманди минтақавӣ ёдовар шуд.

Дар маҷмӯъ, конфронс дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфта, дар охир бо барномаҳои фарҳангӣ ҷамбаст гардид.

Чоп кунед