Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар 30 июни соли 2023 Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзуи “Такмили самтҳои рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави саноатикунонии иқтисодиёт”-ро баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олиии касбӣ ва коршиносони варзида ширкат варзиданд.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ аз ҷумла қайд кард, ки ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бо пешниҳоди стратегияи ҷаҳоруми худ таҳти унвони “Саноатикунонии босуръат ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум” вориди марҳалаи ҷадиди навсозӣ гардид. Ташаббуси чунин навсозии ҷомеа омили рушди иқтисодӣ ва беҳбудбахшии зиндагии мардум дониста мешавад.
Пешниҳоди тарҳи саноатикунонии босуръати кишварамонро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон (декабри соли 2018) бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ ҳамчун ҳадафи чаҳоруми стратегӣ эълон карда буданд. Барои ба воқеият пайвастани ин ҳадаф амалисозии босифати барномаҳои соҳавии қабулгардида, ҷалби васеи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ зарур дониста мешавад. Бо ин мақсад айни замон баҳри татбиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026 як қатор барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодаанд, ки мақсадашон фароҳамории шароит барои гузариши иқтисодиёти кишварамон батадриҷ аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ мебошад. Бо татбиқи чунин амалҳо солҳои охир дар саноати мамлакатамон тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар самтҳои алоҳидаи он суръати афзоиши тавлиди молу хизматрасониҳо таъмин гардидааст.
Дар баробари ин, саноатикунонӣ таъмини мавҷудияти як силсила шарту шароитеро дорад, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо ба вуҷуд овардани муҳити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, навовариҳо дар фаъолияти ниҳодҳои хоҷагидорӣ, воридсозии густурдаи мардум, аз ҷумла занон ба бозори кор ва ҳузури онҳо дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, тамаркуз ба иқтисоди навоварона ва ғайра мебошанд.
Яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳим рушди комплекси агросанотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави саноатикунонии иқтисодиёт ба шумор меравад. Баъди ҳадафи чаҳорум эълон шудани саноатикунонӣ соҳаи комплекси агросаноатии кишварамон низ рушд ёфта, ба дигаргуниву пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Бо вуҷуди ин, дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ҳоло ҳам мушкилоти ҳалношуда мавҷуданд, ки садди роҳи пешрафту тараққиёти раванди саноатикунонӣ мегарданд.
Ҳадафи конфронси имрӯза арзёбии вазъи кунунӣ ва корбурди тавсияҳои амалӣ дар такмили самтҳои рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави саноатикунонии иқтисодиёт мебошад. Боварии комил дорем, ки олимону мутахассисони дар ин ҳамоиш иштирокдошта раванди саноатикунонии кишварамонро дар соҳаҳои гуногуни комплекси агросаноатии кишварамон мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода, барои рафъи мушкилоти ин соҳа тавсияҳои муфиду арзишманд пешниҳод менамоянд,–гуфт дар фарҷоми суханронӣ Хайриддин Усмонзода.
Сипас дар назди ҳозирин сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар Каримиён дар мавзуи “Такмили самтҳои рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави саноатикунонии иқтисодиёт”, д.и.т, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бодур Мирзоев дар мавзуи “Коркарди комплекси ашёи минералии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани унсурҳои муфид, аз ҷумла нуриҳои минераливу органикӣ”, д.и.и, профессор, сармутахассиси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёр Ашӯров дар мавзуи “Муаммоҳои рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои ҳалли онҳо”, раиси Ассосиатсияи соҳибкорзанони Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Раҳимзода дар мавзуи “Дастрасии занони Тоҷикистон дар худмашғулӣ бо ёрии технологияи рақамӣ”, сардори идораи рушди КВД-и “Саноатсодиротбонк” Бахтиёр Абдуллозода дар мавзуи “Маблағгузории комплекси агросаноатӣ”, сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурауф Пулотов дар мавзуи “Маҷмааҳои коркарди пурраи нахи пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имконият ва дурнамои соҳа” суханронӣ карда, ба саволҳои иштирокчиёни конфронс посухҳои қаноатбахш доданд.
Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои муфид ва арзишманд баён намуданд.
Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона ва ибрози андешаҳои судманд изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон