Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок  доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар 28 октябри соли 2021 конфронси ҷумҳуриявии  илмию амалӣ дар мавзӯи “Индустриякунонии босуръат омили рушди иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баргузор  намуд. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу  пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва  коршиносони варзида  ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиё  ифтитоҳ намуда,  иштирокчиёни  нишасти илмию амалиро  хайрамақдам гуфт  ва  зимни суханронӣ аз ҷумла қайд кард, ки дар шароити муосир барои таъмини рушди ҳар як давлат тамоми соҳаҳои иқтисодиёт муҳиманд, вале асос ва пояи онро саноат ташкил медиҳад. Бинобар ин, ҳар қадаре, ки ин бахши муҳимми иқтисодиёт пешрафта бошад, ҳамон андоза кафолати ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат,  коркарди  ашёи хоми ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ, баланд гардидани иқтидори содиротии кишвар ва дар маҷмӯъ, рушди иқтисоди миллӣ таъмин хоҳад гашт.

Аммо бо вуҷуди ин пешрафтҳо, ҳоло ҳам мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки ҳалли онҳо кӯшиши дастаҷамъонаро талаб мекунад. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар доираи санадҳои муҳимми стратегӣ, аз қабили “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020 пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то соли 2030 бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкории истеҳсолӣ бояд ба 22 дарсад расонида шавад.

Илова бар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Аз ин рӯ, ноил гардидан ба ин ҳадафи стратегӣ моро водор месозад, ки ҷузъҳои таркибии ин бахши муҳимми иқтисодиётро пайваста мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор дода, рушди минбаъдаи соҳаи саноатро бо роҳу усулҳои нав таъмин намоем.  Аз ин ҷост, ки  Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва расидан ба афзалиятҳои муайянгардида, тасмим гирифт, ки конфронси илмӣ-амалии имрӯзаро баргузор намояд.  Аз ин рӯ, баргузории ҳамоиши имрӯза ва баррасии мавзӯи “Индустриякунонии босуръат омили рушди иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” хеле  муҳимму мубрам мебошад ва умед дорем, ки нишасти имрӯза барои тавсеаи минбаъдаи  сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноатикунонӣ дар  кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамин тавр,   ҳамоиш   ба кори худ шурӯъ намуд.   Дар назди ҳозирин доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи технологиии Тоҷикистон Субҳон Ашӯров дар мавзӯи “Масъалаҳои таъмини саноатикунонии  иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”,      доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, проректор оид ба корҳои таълимӣ ва идоракунии сифати  таълими Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маҳмуд Тошматов дар мавзӯи “Ташаккули модели сармоягузорӣ барои рушди босуръати саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир”, академик, профессор, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҷалил Пиризода дар мавзӯи “Зарурат ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузариш аз мамлакати аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти корхона ва  соҳибкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Туҳфамоҳ Низомова  дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръат ва таъмини рушди инноватсионии саноати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,    доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, коршиноси Раёсати тадқиқоти  масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ихтиёр Ашӯров дар мавзӯи “Масъалаҳои ҳалталаби саноатикунонии босуръат ва роҳҳои ҳалли онҳо”,  сардори Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброри Шукӯҳиддин  дар мавзӯи “Саноати либоси Тоҷикистон дар занҷираи арзиши иловашудаи ҷаҳонӣ: такмили саноат ва мушкилоти КОВИД-19”,  муовини сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбиии барномаҳои рушди маҳали Кумитаи рушди маҳали  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Акмал Зоиров дар мавзӯи “Рушди иҷтимоии иқтисодиии деҳот”, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи “Муаммоҳои шуғли ғайрирасмӣ дар бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои иқтисод, мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи идоракуниии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадшоҳ Досиев дар мавзӯи “Фаъолияти соҳибкории  экологӣ ҳамчун омили иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти Филиали Душанбегии “МИСИСТ” Сафар Шодибеков дар мавзӯи “Сабабҳои асосӣ ва омилҳои шуғли ғайрирасмӣ дар корхонаҳои саноатӣ” суханронӣ намуданд ва ба саволҳои иштирокчиёни конфронс посухҳои қаноатбахш доданд. Сипас ҳозирин пиромуни маърӯзаҳои ироашуда  фикру андешаҳои  муфид иброз намуданд.

Дар охир конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир ба мавзӯи баррасшуда  резолютсия қабул намуд. Дар резолютсия аз ҷумла омадааст:

–Инноватсиякунони самтҳои иқтисодиёт ҳамчун кафолати рушди устувор дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” мебошад. Мақсади конфронси “Индустриякунонии босуръат омили рушди иқтисодиёти инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳлилу арзёбии дастовардҳои илмӣ дар раванди саноатикунонии кишвар баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, Маркази тадқиқоти сатратегии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши мазкурро ҷиҳати дарки баъзе масъалаҳои муҳимми таъмини саноатикунонии кишварамон аз лиҳози инноватсионӣ ташкил намудааст.

Новобаста аз оне, ки доир ба ин мавзӯъ олимону коршиносон асару мақолаҳои зиёде таълиф намуда бошанд ҳам, аммо дар ин самт то ҳол боз мушкилоти ҷиддӣ ба назар мерасад. Соҳаи саноат яке аз самтҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа буда, он яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Ҳадафи Пешвои муаззами миллат аз ин пешниҳод дар заминаи арзишҳои илмӣ гузаштани кишварамон аз кишвари аграрӣ-индуст­ри­алӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ мебошад. Маҳз омӯзиш ва пажӯҳиши пайваста имконияти илмро ба воқеият табдил доданро медиҳад ва он дар самти рушди тамоми ҷанбаҳои ҷомеа нақши калидиро мебозад.

Дар чунин вазъ самти таҳқиқоти илмиро дар оянда омӯзиши масъалаҳои зерин ташкил намояд:

–бартарафсозии сатҳи нокифояи рушд, рақобатпазирӣ ва такмили диверсификатсияи соҳаҳои гуногуни саноат;

–вобаста ба замон омодасозии мутахассисони баландихтисос;

–рушди муносибатҳои кластерӣ дар иқтисодиёт;

бунёди асосҳои ниҳодӣ (институтсионалӣ) барои рушди устувор ва пешгирикунандаи соҳаҳои саноат;

–баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи саноат;

–афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тайёр;

–афзоиши арзиши иловашудаи маҳсулоти саноатӣ равиши рушди кластерҳо;

–мусоидат ба рушди содирот ва низоми миллии воридотивазкунии интихобӣ.

Яке аз масъалаҳои аввалиндараҷае, ки бояд ҳалли худро ёбад ва роҳҳои ҷорӣ намудани технологияҳои нави эҷодшуда, дониши мукаммали техноло­гӣ ва интихоби инноватсияро таъмин намояд, воридкунии инноватсияи пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳадафи конфронси имрӯза арзёбии вазъи кунунӣ ва корбурди тавсияҳои амалӣ оид ба рушди равандҳои навсозии технологияи инноватсионӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ва муовини директори Марказ  Саодат Ҷӯрахонзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуданд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази  матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед