Кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати дастгирии ниёзмандон сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар арафаи Соли Нави милодӣ – соли 2023 амали хайр анҷом доданд.

Рӯзи 28 декабри соли 2022 намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки хайрияи кормандони Марказро, ки аз маводи гуногуни хӯрокворӣ, аз қабили сабзӣ, картошка, пиёз, равған, шакар, биринҷ ва ғайра иборат буд, ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе супориданд.

Директори Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе М. Зарипова зимни қабули кӯмаки хайрия ба ҳайати намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯмак ба маъюбон ва нафақхӯрон изҳори сипос намуд.

 Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегиии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед