Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзи 25 октябри соли 2022 мизи гирдро дар мавзуи “Татбиқи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо” баргузор менамояд.

Ҳамоиши мазкур ба таҳлилу баррасии вазъи воқеии амалишавии ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он дастовардҳо, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта ва дурнамои рушди соҳа мавриди  арзёбӣ қарор дода мешаванд.

Дар нишаст аз ҷумла, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  • дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба ҳукумати электронӣ;
  • вазъи татбиқи ҳукумати электронӣ дар фаъолияти сохтору идораҳои давлатии кишвар;
  • таҳлилу баррасии санадҳои танзимкунандаи соҳа;
  • мушкилот ва монеаҳои ҷойдошта дар самти гузариш ба ҳукумати электронӣ;
  • дараҷаи самаранокии татбиқи унсурҳои алоҳидаи ҳукумати электронӣ дар соҳаҳои асосии кишвар (идораи давлатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низоми хизматрасонӣ);
  • ҳукумати электронӣ ва масъалаҳои ҳифзи амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба он.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони соҳа ва намояндагони ВАО-и ватанӣ ширкат меварзанд.

Оғози ҳамоиш: соати 10:00

Макони баргузорӣ: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 89, толори ошёнаи 4-уми МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Телефонҳо барои тамос: 2-2781.97; 2-27-70-61; 985-48-58-46.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистонг

Чоп кунед