Маркази тадқиқоти стратегӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои супоришҳо, дастурҳо ва вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ироа гардида буданд, санаи 06 апрели соли 2023 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзуи “Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим: аз ибтикорот то амал” баргузор менамояд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ арзёбии қарори Маҷмаи Умумии СММ оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» мебошад, ки ташаббусгузори ин пешниҳодҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, дар чаҳорчӯби нишаст натиҷаҳои Конфронси оби СММ ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк сурат гирифт, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода хоҳанд шуд.

Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии мушкилоти об дар ҷаҳон кишвари пешоҳанг ва ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим эътироф гардида, ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа дар рӯзномаи обии СММ «Раванди оби Душанбе» ном гирифтааст.

Соли 2023 аз саъю талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид 20 сол сипарӣ гардида, дар ин муддат дар асоси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ 10 қатънома қабул кардааст.

Қабули ин қатъномаҳо ва баргузории ҳамоишҳои сатҳи баланд дар асоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳад, ки иқдомҳои ҷониби Тоҷикистон воқеан дар ҳалли масоили обу иқлим ҳадафҳои неку созандаи зиёдеро дар пай доранд ва ҳамагӣ барои ҳифзи ояндаи сайёра равона гардидаву баҳри рушди оянда ҳадафҳои мушаххас доранд.

Ин ташаббусҳо, бешубҳа, дар тавсеа ва тақвияти имиҷи мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои  саҳмгузор дар татбиқи иқдомҳои башардӯстона нақши назаррас доранд.

Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 низ ҳамчун давоми ташаббусҳои кишвари мо дар шароит ва вазъияте доир шуд, ки мушкилоти вобаста ба об ва иқлим ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният табдил ёфта, рӯз то рӯз ҳаёти инсону табиатро зери таҳдиди нобудшавӣ қарор дода истодааст. Яъне имрӯз хатари тағйирёбии босуръати иқлиму мушкилоти об ба инсоният камтар аз хатарҳои дигари мушкилоти муосири ҷаҳонӣ нест.

Умуман, Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз яке аз кишварҳои пешсаф дар самти татбиқи дипломатияи об дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Вобаста ба ин, дар конфронс масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  • натиҷаҳои Конфронси оби СММ (22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк);
  • ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим;
  • обшавии пиряхҳо: пайомадҳо ва таҳдиду хатарҳои он;
  • дастовардҳо ва мушкилот дар самти ҳифзи пиряхҳо;
  • ҳифзи пиряхҳо яке аз воситаҳои пешгирии мушкилоти вобаста ба об;
  • нақши об дар тавлиди “нерӯи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда;
  • тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва ғайраҳо.

Дар чорабинӣ иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар назар дошта шудааст.

Конфронс рӯзи 06 апрели соли 2023, соати 10:00 дар толори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Телефон барои тамос: 221-32-26

Хадамоти матбуоти Маркази стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед