Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 июни соли 2024 конфронси байналмилалиро дар мавзуи «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» баргузор менамояд.

Ҳадафи баргузори конфронси мазкур арзёбии вазъи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва роҳу воситаҳои тавсеи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишвар иборат мебошад.

Дар чорабинӣ иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои илмӣ-таҳлилии Тоҷикистону Чин дар назар дошта шудааст.

Дар рафти конфронс ҳамчунин рӯйнамоии китобҳои “Тоҷикистон – Чин: аз дӯстии таърихӣ то ба шарикии стратегӣ” ва Тоҷикистон – Чин: 30 соли ҳамкориҳои босамар” баргузор мегардад.

Дар конфронс масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  1. Тоҷикистон ва Чин: натиҷаҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба.
  2. Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ.
  3. Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин.
  4. Ҳолат ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштараки нақлиётию коммуникатсионӣ.
  5. Ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин.
  6. Робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра.

Санаи баргузорӣ: – 24 июни соли 2024
Оғоз: – 09:30
Макон: – Китобхонаи миллии ҶТ, ошёнаи 3 
Суроға: – Душанбе, кӯчаи Теҳрон 5
Забони чорабинӣ: ˗ тоҷикӣ, чинӣ
Конфронс тариқи ҳузурӣ баргузор хоҳад шуд.

 

Чоп кунед