Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо МД “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” санаи 5 сентябри соли 2024 бахшида ба 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро таҳти унвони «Рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон дар марҳилаи нави ташаккули давлатдории миллӣ» баргузор менамояд.
Ҳамоиш таҳлилу масъалаҳои зеринро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад:
- Раванди ташаккулёбии маърифати сиёсӣ-ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ: ҳолат ва дурнамо.
- Масъалаҳои мубрами таҳкими соҳибихтиёрӣ ва марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ.
- Дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон.
- Нақши ҳувияти миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.
- Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар масири давлатдорӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатии тоҷикон.
- Суботи сиёсию иҷтимоӣ ҳамчун омили таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон.
- Ҷойгоҳи ҷавонон дар ташаккули тафаккури стратегӣ ва сиёсати давлатӣ.
- Саҳми ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ.
- Аҳаммияти Истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими равандҳои демократикунонии ҷомеа.
Дар кори ҳамоиш иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва васоити ахбори омма дар назар аст.
Ҳамоиш соати 9:00 дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон (ш.Душанбе, хиёбони И. Сомонӣ 11, ошёнаи 3) баргузор мегардад.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегӣ назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон