Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои асосии ғояи миллии моро дар самти давлатдорӣ эълом доштааст, ки аз бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ иборат мебошанд. Ҳамзамон, ҳадафҳои миллии мо, чун таъмини ваҳдати миллӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ин ғояи миллии моро боз ҳам комилтар мекунанд. Дар маҷмуъ, эҳёи давлатдории миллӣ бо дарназардошти махсусиятҳои ҷаҳони муосир самту раванди ташаккул ва рушди давлати моро дар шароити имрӯза муайян месозад. Дар ин раванд бошад, истифода аз таҷрибаи давлатдории ниёгон, инчунин даврони шӯравӣ ва тахминан се даҳсолаи истиқлолияти давлатӣ поя ва заминаи муҳимме барои расидан ба ин ҳадафи воло аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли «бунёди ҷомеаи адолатпарвар» эълон гардидааст. Дар баробари захираҳои дохилӣ истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳам дар рушди давлатдории миллӣ, аз нуқтаи назари мо, метавонад пояҳои саъю кӯшишҳои моро дар рушди давлат боз ҳам тақвият бахшида, тавсеа диҳад.
Ҳангоме ки дар бораи давлатдории миллӣ сухан меравад, бояд ба эътибор гирифт, ки дар шароити муосир муносибати байни давлатҳо ва дар дохили худи давлат бошад, муносибатҳо байни давлат ва шаҳрвандон, шаҳрвандон бо шаҳрвандони дигар ва ғайра дар асоси тартиби муайян ва бо дарназардошти ҳатмии манфиатҳо сурат мегиранд. Аз ин рӯ, манфиати давлатӣ ва ба маънии васеаш – манфиатҳои миллӣ унсури муҳим ва яке аз шартҳои асосии рушди давлатдорӣ буда, ҳифзи онҳо дар доираи сиёсати ҳуқуқӣ ва дохилию хориҷии ин дастгоҳи муқтадири идоракунӣ роҳандозӣ карда мешавад. Ба ибораи дигар, эҳёи давлатдории миллӣ, бунёд ва рушди он бо дарназардошти махсусиятҳои ҷаҳони муосир қабл аз ҳама дар пояи шинохт ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ сурат мегирад. Бо ҳамин сабаб ошноӣ бо таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт ҳатман моро ба истифода аз ҳадаф ва самтгириҳои дигари тоза ҳидоят менамояд.
Таҷрибаи ҷаҳонии эҳё ва бунёди давлатдории миллии муосир дар тамоми қитъаҳои олам ва давлатҳои хориҷи дуру наздик мавҷуд буда, ҳамаи он қобили мулоҳиза аст. Дар ин самт, масалан, таҷрибаи Фаронса ва Юнон дар Аврупои Ғарбӣ, Исроил дар Шарқи Наздик, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Авруосиё, кишварҳои ҳамсояи мо аз Осиёи Марказӣ ва амсоли он метавонад барои кишвари мо муфидтар бошад. Дар асоси ин, дар поён кӯшише ба харҷ рафтааст, ки дар асоси омӯзиши таҷрибаи Русия, Чин ва Қазоқистон чанд андешае доир ба раванди эҳё, бунёд ва рушди давлатдории миллии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда шавад.
Азбаски ҳифзи манфиатҳои миллӣ як пояи муҳими давлатдорӣ дар Русия ва Чин маҳсуб аст, ин ду кишвари пешрафтаи ҷаҳони муосир якчанд ҳадафҳои муҳимтарини муштарак доранд, ки аз инҳо иборатанд:
- ҳифзи устувории иҷтимоӣ дар кишвар;
- таъмини томмияти марзӣ ва соҳибихтиёрии кишвар;
- татбиқи тадбирҳо дар самти эҳёи миллӣ;
- мусоидат ба таҳаввулоти иқтисодӣ;
- таҳкими идоракунии глобалӣ;
- ҳифзи сулҳу субот дар тамоми олам;
- пешгирӣ аз инқилобҳои рангин, ки бо ангезиши неруҳои хориҷӣ сурат мегиранд.
Ҳамаи ин ҳадафҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки новобаста аз шакли давлатдорӣ, шумораи аҳолӣ ё масоҳати марзу бум, инчунин новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ барои ҳар як давлати муосир ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ аз дохилу аз берун масъалаи аввалиндараҷае ба ҳисоб меравад, ки ба аксуламали давлатҳои дигар нигоҳ накарда, бояд қабл аз ҳама ба ҳалли онҳо таваҷҷуҳи асосӣ равона карда шавад. Беҳуда нест, ки шиори роҳбари кунунии ИМА ҳам дар шакли «Амрико дар мадди аввал» садо медиҳад. Маҳз бо ҳамин сабаб истифода аз чунин таҷриба бояд дар ташаккул ва рушди давлатдории миллии кишвари мо низ мақоми ҳалкунандаро доро бошад.
Дар баробари ин, дар самти рушди давлатдории миллӣ барои Чин чунин сифатҳо низ хоссанд:
- парҳезӣ аз пайгирии кӯр-кӯрона аз демократияи намунаи ғарбӣ;
- модернизатсияи идоракунии давлатӣ;
- оптимизатсияи тақсимоти захираҳо;
- бунёди силсилаи томи саноатӣ тавассути банақшагириҳои панҷсола;
- бунёди низоми молиявии гуногунвазифа таҳти назорати Бонки миллӣ;
- таъсиси минтақаҳои махсуси иқтисодӣ;
- рушди тиҷорат ва иқтисодиёти рақамӣ ва ғайра.
Дар робита бо ин қобили таъкид аст, ки ҳам Россия ва ҳам Чин ба демократия бо фаҳмиши миллии худ назар мекунанд. Аз ҷумла, сиёсатмадорони Русия истилоҳеро бо номи «демократияи соҳибихтиёрӣ» ба кор мебаранд. Чунин муносибат ба шакли давлатдорӣ, ки ба демократия асос ёфтааст, заминаҳои фарҳангии мустаҳкаме дорад. Ба ақидаи аксарияти коршиносон дар тамаддуни ҳиндӣ, чинӣ, исломӣ ва россиягӣ дар баробари ҳалли дастаҷамъонаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ё худ «тафаккури ҷамоатӣ», чунин олате тибқи анъанаҳои мавҷуда корбаст мегардад, ки «кредити иҷтимоӣ» аз ҷониби ҷомеа ба идоракунандагони давлат буда, дар баъзе тамаддунҳо, аз ҷумла, дар фарҳанги давлатдории ғарбӣ ба назар намерасад. Аз ин рӯ, пайгирии ноогоҳона аз демократияи намунаи ғарбӣ, хусусан дар шакли либералии он, барои чунин фарҳангҳо созгор нест. Ногуфта намонад, ки тамаддуни ориёии мардуми тоҷик низ дорои чунин анъанаҳо мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб демократия дар ташакул ва рушди давлатдории мо низ бояд ҳатман мазмун ва шакли миллии худро дошта бошад.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистон низ дар самти бунёди давлатдории миллӣ хеле омӯзонанда аст. Дар ин кишвар барои рушди давлатдории миллӣ роҳандозии панҷ ислоҳоти зеринро муҳим шумурдаанд ва вобаста ба онҳо «Нақшаи миллат – 100 қадами мушаххас» таҳия намуда, онро амалӣ мегардонанд:
- ташаккули дастгоҳи муосир ва касбии давлатдорӣ;
- таъмини волоияти қонун;
- саноатикунонӣ ва рушди иқтисодӣ;
- ташаккули миллати ягонаи ояндадор ва ҳувияти он;
- бунёди давлати назоратшаванда ва ҳисоботдиҳанда.
Ин нақшаи худро дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчун ҷавоб ба чолишҳои глобалии дохилию берунӣ шинохта, ҳадаф гузоштаанд, ки захираи кофии эҳтиётӣ барои устувории давлати худ бунёд созанд ва давлати худро дар шароити муосири таърихӣ ба қатори сигонаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ворид созанд.
Аз панҷ самти зикршуда аз таҷрибаи Қазоқистон, баъзе унсурҳои онро барои рушди давлатдории миллӣ дар кишвари мо низ мубрам арзёбӣ кардан имкон дорад. Аз ҷумла, барои ташаккули дастгоҳи муосир ва касбии давлатдорӣ дар ҷумҳурии мо эҳё намудани таҷрибаи даврони шӯравӣ оид ба болоравии зинавии кадрҳо – аз пасттарин ба боло ва зимни он, ба эътибор гирифтани саҳми шахсӣ дар рушди соҳа, ё ба ибораи дигар, бо такя ба принсипи меритократӣ, метавонад самаранок бошад. Ё худ, барои таъмини волоияти қонун дар кишвари мо ҳам ба роҳ мондани шаффофияти ҷараёни мурофиаҳои судӣ бо роҳи сабти видеоии онҳо, бунёди низоми самараноки реабилитатсияи шаҳрвандоне, ки аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ҷавоб дода шудаанд ва амсоли он метавонанд мусоидат намоянд.
Дар самти саноатикунонӣ ва рушди иқтисодии кишвар мо метавонем аз таҷрибаи Қазоқистон ва давлатҳои дигар оид ба интегратсияи низоми гумрукӣ ва андозбандӣ, инчунин ҷалби корпоратсияҳои байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои глобалии иқтисодии худ, масалан, ҳалли мушкилоти таъмин бо нафту газ, бо гандуму орд, маводи хом барои истеҳсоли алюминий, ки қисмати зиёди воридоти моро дар давраи муосир ташкил медиҳанд, истифода намоем. Роҳандозии ҳукумати электронӣ тавассути дастрасии электронӣ ба маълумоти зарурӣ аз омори давлатӣ, ҷалби бештари шаҳрвандон ба қабули қарорҳои идорӣ, ташкил ва тавсеаи нақши шӯроҳои ҷамъиятӣ дар тамоми сатҳҳои ҳокимияти давлатӣ, ё ба ибораи дигар, тақвияти робитаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо истифода аз институтҳои пурсамари миллии он дар роҳи бунёди давлати назоратшаванда ва ҳисоботдиҳанда ба мо кумаки муфид мерасонанд.
Бояд таъкид намуд, ки ташаккули миллати ягонаи ояндадор ва унсурҳои муҳимми ҳувияти он яке аз ҳадафҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти эҳё ва рушди давлатдории миллӣ мебошад, ки ба ҳадафҳои ҷумҳурии мо хеле мушобеҳ аст. Дар ин ҷода дар кишвари ҳамсояи мо мақсад гузоштаанд, ки ба ташаккули умумияти шаҳрвандии том ноил гардида, ҷомеаи меҳнати куллӣ, яъне ҷомеаеро, ки тамоми шаҳрвандонаш этикаи меҳнатии рушдёфта дошта, аз сарпарастории ноҷойи иҷтимоӣ (иждивенчество) парҳез мекунанд, бунёд созанд. Дар баробари ин, мардуми Қазоқистон дар ташаккули ҳувияти худ нақши болобарии симо (имиҷ)-и миллати худро муҳим шуморида, барои бештар муаррифӣ кардани он интишори маълумоти гуногунро, аз ҷумла дар энсиклопедияи рақамӣ, дар сомонаҳои интернетӣ, саҳифаҳои иҷтимоӣ, рушди сайёҳӣ, ворид сохтани арзишҳои миллиро ба барномаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот ва амсоли он пеш гирифтаанд. Ҳамзамон, тарғибу ташвиқи ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои муваффақи замони истиқлолияти миллии худро ҳамчун намуна барои насли наврасу ҷавон дар Қазоқистон хеле муҳим дониста, ба ташвиқу оммависозӣ ва боло бурдани нуфузи касбҳои коргарӣ, ихтисосҳои техникӣ бо мақсади саноатикунонии кишвари худ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Ҳамаи ин тадбирҳо барои кишвари мо ҳам дар кори роҳандозии бештари ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ бо дарназардошти вижагиҳои ҷаҳони муосир хеле ҷолиб ба назар мерасад.
Дар маҷмӯъ, метавон таъкид намуд, ки дар зарфи се даҳсолаи истиқлолияти худ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи эҳё ва рушди давлатдории миллӣ бо дарназардошти махсусиятҳои ҷаҳони муосир қадамҳои устуворе гузошта, чандин ҳадафҳои ҷавҳариро дар ин роҳи пурпечутоб ба даст овард. Ба ин нигоҳ накарда, ҳоло ҳам ҳалли мушкилоти зиёде дар пеш аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки таҷрибаи ниёгони худ ва миллату халқиятҳои дигарро доир ба давлатдории миллӣ боз ҳам амиқтар омӯхта, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ ва давлатӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар дар заминаи арзишҳои миллии давлатдорӣ мавриди истифода қарор диҳем.
Хуршед Зиёӣ
доктори илми фалсафа, профессор,
муовини якуми директори Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон