Ба ҳамагон маълум аст, ки мероси ғании фарҳангии миллати тоҷикро анъанаҳо, урфу одат, расму оин, ҳунару ҳунармандӣ ва амсоли ин арзишҳо ташкил медиҳанд. Тамоми арзишҳои миллӣ ассоси ҳуввияти миллиро фаро мегирад.
Бояд хотирнишон намуд, ки шуруъ аз аввалин солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбариии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллиро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эҳё намуд. Инро дар мисоли таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, идҳои миллӣ дар дохили мамлакат ва муаррифии арзишҳои миллӣ дар хориҷи кишвар дидан мумкин аст. Соҳаи фарҳангро, ки аз ҳар тараф назар андозем ба рушд ва дастовардҳои муҳим ва назаррас ноил гардидааст. Хусусан, сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот ва биноҳои таъиноташон гуногуни фарҳангӣ, китобхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, театрҳо боғҳои фарҳангӣ ва осорхонаҳо намунаи бемисл арзёбӣ мегардад.
Дар тули 33 соли соҳибистиқлолӣ 18 театр ва 50 қасри фарҳанг дар ҳудуди ҷумҳурӣ сохта ва истифода дода шуд, ки ин бешак ба баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа нигаронида шудааст. Дар ҳошияи тақвият бахшидани фазои солими фарҳанги миллӣ дар соли 2024, 63 асари нав ба саҳна гузошта шуд, ки ин 10 адад зиёдтар аз соли қаблӣ мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки ба саҳна гузоштани асарҳо метавонанд ҷалби тамошобинҳоро ба театри миллӣ фароҳам созад. Боиси тазаккур аст, ки ҷанбаи дигари ин масъала барои баланд бардоштани ҳисси миллии ҷомеа, мусоидат хоҳад намуд.
Китоб ва китобдорӣ ҷузъи фарҳанги миллати тоҷикро ташкил медиҳад. Сию се соли Истиқлолият ба кишвар ва мардуми тоҷик шароит фароҳам овард, ки 126 китобхона сохта шуда, дар шаҳр ва манотиқи дигари кишвар дар назар аст, ки чунин китобхонаҳо бунёд карда шавад.
Дар ин баробар, нақши Муассисаи давлатии Китобхонаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас аст. Ҳамарӯза теъдоди зиёди меҳмонон ва хонандагон ба ин ҷо ташриф оварда, аз имкониятҳои имрӯзаи онҳо баҳравар мегарданд. Дар давоми соли 2024 ба толорҳои шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон наздики 63000 нафар хонанда ташриф оварданд. Бо боварӣ иброз дошта, метавон, гуфт, ки ин бешак ба таъмини маънавиёти ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.
Дар робита ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллӣ толори махсус таъсис дода шудааст, инро ғамхорӣ ва дастгирии навбатии Ҳукумати мамлакат барои иштирокчиёни озмун метавон арзёбӣ намуд.
Таъсиси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии навбатии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи фарҳанг, ки ба тақвият ва рушди фарҳанг бахшида шудааст. Яке аз самтҳои фаъолияти ин ниҳоди болозикрро бақайдгирии тамоми ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории кишвар ташкил медиҳад, ки баъд аз анҷоми рақамикунонӣ ва феҳристнигорӣ метавон онҳоро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ беҳтар муарифӣ карду ба наслҳои минбаъда мерос гузошт. Ҷиҳати бо ҳам беҳтар шинохтани таърихи гузаштагони миллати тоҷик, гузаронидани ковишҳои бостоншиносӣ ба роҳ монда шуда аст, ки метавонад арзишҳое, ки то ҳоло кашф нашудаанд пайдо намуда ба мардум пешниҳод намоянд.
Чорабиниҳои фарҳангӣ бевосита дар дохил ва хориҷӣ кишвар баёнгари ташаккули фарҳангӣ миллӣ мебошанд. Теъдоди ин чорабиниҳоро агар дар як сол дида бароем, хеле чашмрас аст. Ҳамзамон, чорабиниҳои фарҳангӣ аз як тараф муаррифгари фарҳанги миллӣ бошанд, аз ҷониби дигар барои баланд бардоштани шуури фарҳангӣ замина эҷод менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки соли 2024 аҳли эҷоди кишвар дар 45 чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ иштирок намуданд. Теъдоди фестивалҳои иштирокнамудаи аҳли фарҳанг дар хориҷи кишвар ба 18 адад мерасад. Ҳамчунин, дар кишвар 15 чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид, ки ин бевосита ба рушди фарҳангӣ миллӣ ва шинос гардидани меҳмонон бо иқтидори сайёҳии кишвар қадами дигаре баҳри баланд бардоштани нуфузи кишвар ба шумор меравад.
Дар замони соҳибистиқололӣ, бо ибтикори Ҳукумати мамлакат зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишвар, ки дорои аҳаммияти миллӣ ва байналмилалӣ мебошанд, таъмиру таҷдид гардиданд.
Бо мақсади ҳифзи мусиқии миллӣ, чун шохаи фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик, тадбирҳои зиёди мақсаднок тули солҳои соҳибистиқлолӣ андешида шуд. Таҳкими фазои мусиқии кишвар бидуни тақвияти шароити он имконнопазир аст. Сохта ва ба истифода додани 14 мактаби санъат, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ яке аз роҳҳои ҳифзи санъати миллӣ мебошад. Масъалагузории соҳаи фарҳанг дар Паёми Президенти мамлакат саривақтӣ ва муҳим буда, тадбириҳои ба оянда нигаронида шуда, амри зарурӣ ба ҳисоб меравад. Дар Паёми имсола Президенти мамлакат дастуру супориш доданд, ки барои рушди фарҳанг: “Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар ин муддат дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд”.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд сохта ва мавриди баҳрабардори қарор додани мактаби мусиқӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо бевосита ба рушди мусиқии миллӣ чун рукни фарҳангӣ ниёгон мусоидат хоҳад намуд.
Ин мактабҳо заминаро барои тайёр кардани истеъдодҳои мусиқии миллӣ фароҳам месозанд, ки ба такомули мусиқии ватанӣ дар бозори меҳнат оварда мерасонад. Ҳамчунин мактабҳои мусиқии миллӣ метавонанд ҷилавгирӣ аз паҳни мусиқии бегонаро таъмин созанд. Ҳамзамон барои ташаккули майлу рағбат ба мусиқии ватаниро дар фазои фарҳанги кишвар омода созанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳифзи фарҳангӣ миллӣ ҳатмӣ мебошад. Дар ин замина Пешвои Миллат дар ироаи Паёми имсола таъкид намуданд, ки “Зеро фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад”.
Аз ин рӯ, ҳолат ва вазъиятии кунунии ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳифзи фарҳанги миллӣ барои тамоми мамлакатҳо шарти зарур ба ҳисоб рафта, андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд. Ҳамзамон, иҷроиши саривақтии супоришҳои дар Паёми имсола оварда шуда метавонад, барои ҳифзи фарҳанги миллӣ ва ҳуввияти миллӣ нақши амиқ гузорад.
Мероси фарҳангии миллати тоҷик аз ҷониби намояндагони касбу кори гуногуни кишварҳои хориҷ эътироф гардидааст. Тавре, 4 феврал Сафири Боливарии Венесуэла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристофер Мартинес Берротеран иброз кард: “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани табиати зебо, мероси фарҳангию таърихӣ, таомҳои миллӣ ва меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон қарор мегирад”.
Шароити кунунӣ ҳифз ва риояи ҳуввияти миллиро дар назди шаҳрвандони кишвар, бахусус, дар назди ҷавонон мегузорад. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки қишри ҷавон аз сабаби камтаҷрибагӣ ва дуруст дарк накардани моҳияти мероси фарҳангӣ ва ҳуввияти миллӣ бештар ба бегонапарастӣ рӯ меоранд.
Дар шароити паҳн гардидани фарҳанги бегона тавассути технологияҳои навин тамоми қишри ҷомеа бояд дар масъалаи ҳифзи мероси фарҳангӣ чун ҷузъи асолати миллӣ саҳми хешро гузоранд.
Ба низоми рақамикунонӣ гузаштани соҳаи сайёҳии мамлакат ва дар ин ҳошия таҳияи барномаи мобилии «Харитаи сайёҳии Тоҷикистон» («Tourist Map Tajikistan») метавонад ба гардишгарони хориҷӣ фарҳанги миллиро бештар муарифӣ намояд. Дар тақвияти ин гуфтаҳо ба роҳ мондани порталҳои электронӣ ва фаъолиятӣ шабонарӯзии онҳо ҷиҳати хизматрасонии онлайни ба манфиати кор аст.
Тавре оморҳо нишон медиҳанд, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 7 ҳазор меҳмони дохилӣ ва хориҷӣ аз шаҳри Роғун дидан намуданд. 941 ҳазор сайёҳон дар мавзеъҳои Тоҷикистон соли 2024 тамошо анҷом доданд.
Ба манфиати кор аст, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ташкили хизматрасонии онлайнӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, бо роҳ мондани аудиошунавонӣ шинос гардонидан ба мавзеъҳои таърихӣ бо чанд забон барои ҷалби сайёҳон замина фароҳам месозад.
Шарифхонзода Моҳира,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон