Сӣ сол муқаддам – 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи истиқлолиятро интихоб намуд, ки дар он замон алтернативаи дигари ҷавобгӯи ормонҳои миллӣ надошт ва имрӯз ҳам надорад. Аммо дар он давраи ҳассоси таърихӣ, чунонки мо ҷавонони он замона шоҳид будем,  гурӯҳҳое буданд, ки дар бораи бо ҳар роҳе набошад, ҳатман дар бораи дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шакли дигари он боқӣ мондани Тоҷикистон сухан мегуфтанд, иддаи дигаре барои бо давлатҳои ҳамзабони Эрону Афѓонистон пайвастани ҷумҳурӣ даъват мекарданд ва ҳатто нафароне дар кишварҳои ҳамсоя оид ба бунёди давлати ягонаи Туркистон дар қаламрави Осиёи Миёна бо иштироки кишвари тоҷикони ориёиасл сухан меронданд. Хушбахтона, мардуми соҳибтамаддуну соҳибхирад ва дурандешу заковатманди тоҷик роҳи ягонаву дуруст – Истиқлолияти давлатиро интихоб намуда, сарнавишти худро ба дасти худ гирифт, ки интихоби ҷавобгӯи ормонҳои миллӣ буда, садсолаҳо пас ҳам аз ҷониби наслҳои ин миллат қадр карда хоҳад шуд. Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд.

Қобили зикр аст, ки дар даҳсолаи охири садаи ХХ, ки даврони хеле тезутунд буда, мамлакатро ҷанги бародаркӯшӣ фаро гирифта буд, таъмину таҳкими Истиқлолияти давлатии тоза ба даст омада роҳандозии як сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва мавҷудияти сарвари истиқлолхоҳеро дар кишвари мо талаб мекард, ки миллату давлатро аз бӯҳрони шадид вораҳонад. Хушбахтона, дар кӯтоҳтарин муҳлат мардуми мо ба ин орзуву омоли худ низ расид. Ин амал тавассути интихоби Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ба ҳайси Роҳбари давлати тозаистиқлоли тоҷикон сурат гирифт. Ин сиёсатмадори ҷавон, вале кордону варзида аз рӯзҳои аввали сарварӣ маҳз барои соҳибистиқлолии давлату миллати хеш  муборизаро оѓоз карда, онро то анҷоми мантиқӣ расонид ва аз ин рӯ дар ҳақиқат ҳам ҳуқуқи маънавӣ пайдо намуд, ки иброз намояд: “Имрӯз бо сари баланд метавонем бигӯем, ки тамоми корҳоро танҳо ба хотири таҳким ва устувор намудани пояҳои Истиқлолияти давлатиамон анҷом додем”.

Фаъолияти Пешвои миллат барои таъмини Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ хеле густурда аст, вале яке аз муҳимтарини иқдомҳо дар ин самт интихоби шахсии Роҳбари давлат аз роҳи дар ҳақиқат ҳам ҷавобгӯи талаботи миллат ва замон, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи онҳо ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар мусоидат мекунанд, ба шумор меравад. Таъкид месозем, ки бунёди чунин шакли давлати нави тоҷикон бо иқдоми шахсии Пешвои миллат дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос гардидаа, он аз лиҳози сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ ҷанбаҳои зиёди давлатсозии анъанавӣ ва муосирро дар худ фаро мегирад. Вобаста ба ин интихоби Пешвои миллат аз шакли зикршудаи давлатдорӣ чанд нуктаро қайд кардан зарур аст.

Аввалан, соҳибихтиёр донистани Тоҷикистон маънии онро дошт, ки бо вуҷуди чандин садсолаҳо дар ҳайати давлатҳои гуногун ва якҷо бо намояндагони дигар халқияту миллатҳо зистан, тоҷикон акнун ҳамчун миллати унвонӣ ё титулӣ зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифта, мустақилона ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тамоми сокинони кишварро новобаста аз баромади этникияшон  таъмину танзим месозанд. Хушбахтона, бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ин рисолати миллат дар зарфи сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ ба нафъи тамоми сокинони ҷумҳурӣ дар сатҳи хеле баланд ба анҷом расид.

Сониян, эълом доштани бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд нишона аз он буд, ки бо вуҷуди ба ҷомеаҳои анъанавӣ бештар мутааллиқ будани кишвари мо, давлати миллии навини тоҷикон бо такя ба анъанаҳои давлатдории ниёгон ва беҳтарин дастовардҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи сиёсату идоракунии давлат, инчунин бо истифода аз воситаҳои муосири давлатдорӣ эҷод хоҳад шуд. Таърихи ҳамагӣ сисолаи давлатдории миллати мо бо сарварии Пешвои миллат ба таври айёнӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт низ тоҷикон ба ҳадафҳои гузоштаи худ амалан ноил гаштаанд.

Сеюм, роҳандозии бунёди давлати дунявӣ бар он асос ёфта буд, ки агарчи аксарияти кулли сокинони ҷумҳурӣ ба дини ислом мутааллиқ бошанд ҳам, бо сабаби мавҷудияти мазҳабгароӣ ва пайвастан ба равияҳои динии ба миллати тоҷик бегона, ки дар таърихи навин ҷой доштанд, ин ҷузви фарҳанги миллат дигар наметавонист истиқлол ва иттиҳоди мардуми кишварро таъмин созад. Аз ҷониби дигар, мавҷудияти намояндагони динҳои дигар ва пайравони мазҳабҳои анъанавии исломӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин таҷрибаи талхи як қатор давлатҳои ҳамсоя маҳз эъмори давлати дунявиро талаб мекард. Ва дар натиҷаи интихоби чунин роҳ миллати тоҷик воқеан ҳам муваффақ гардид, зеро мафҳуми давлати дунявӣ маънои зиддидиниро надошта, дар муҳтавои он тамоми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла арзишҳои динию мазҳабии сокинони кишвар комилан фаро гирифта шудаанд, ки барои буёди давлатдории миллӣ монеае эҷод намекунад.

Чорум, интихоб намудани роҳи бунёди давлати аз ҷиҳати марзу бум ва халқ ягона ба тамоми омилҳои табиию сиёсии дар шароити Тоҷикистон мавҷудбуда ҷавобгӯ буда, дар зарфи сӣ соли Истиқлол ин амал ягонагии марзӣ ва ваҳдати кулли сокинони ҷумҳуриро комилан таъмин сохт.

Ва ниҳоят, бунёди давлати иҷтимоӣ ва ҷомеаи адолатпарвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварии Пешвои миллат тамоми арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои неки ниёгони моро оид ба адлу адолатпарварӣ фаро гирифта, баробарии тамоми сокинони кишвар ва минтақаҳои гуногуни онро дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ таҳким бахшид.

Дар маҷмӯъ, сиёсати Пешвои муаззами миллат дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ягона роҳи дурусте буд, ки таҳкимбахшии Истиқлолияти давлатии мо тавассути он муяссар гардид. Аз ин рӯ, бори дигар таъкид месозем, ки Истиқлолияти давлатии миллати мо дар охири садаи гузашта алтернативаи дигаре надошту надорад, вале сиёсати таъмину таҳкими Истиқлол низ ба ҷуз роҳи пешгирифтаи Пешвои миллат, ки муҳимтарин ѓояҳои он амалӣ гашта, ҳоло ҳам татбиқи онҳо муваффақона идома дорад, алтернативаи дигари ҷавобгӯи ормонҳои миллӣ надошту нахоҳад дошт. Маҳз ба ҳамин хотир тавъам будани Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди давлатдории миллӣ дар зарфи сӣ соли охир имрӯз ба як ҳақиқати таърихии ба ҳамагон собитшуда мубаддал гардидааст.

Вобаста ба тақвияти ин нуктаҳои пешниҳодшуда, яъне алтернатива надоштани Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат оид ба бунёди давлатдории миллӣ, инчунин тавъам будани онҳо чанд сухани ин абармарди сиёсатмадорро оид ба омилҳои асосии таъмини Истиқлол дар кишвари мо ҳамчун мисол меорем. Аз ҷумла, интихоби роҳи Истиқлолро аз миёни чандин гунаҳои дигари сарнавишти сиёсӣ дар даҳсолаи охири садаи ХХ Пешвои миллат омили асосии бақои миллати тоҷик шумурдаанд: “Бақои миллат ва иқтидори давлат аз тавоноии Истиқлол вобаста буда, дарки ҳамин нуктаи олӣ миллати бостонии моро аз пошхӯрӣ эмин дошт”.

Дар баробари ин, Роҳбари давлат дар чандин андешаҳои худ ҳаракати истиқлолхоҳии мардуми моро хеле қадимӣ қаламдод намудаанд. Ин нукта як ҳақиқати таърихиест, ки дар такон додани ҳаракат ба сӯи соҳибистиқлол гаштани кишвари тоҷикон дар таърихи навини ин миллат ба омили муҳимме мубаддал гашт: “Решаҳои Истиқлоли мо ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд!”.

Аз ҳама муҳим он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдории давлат, миллат ва соҳибистиқлолиро ҳамеша бо чунин омили муҳим – халқ ва садоқати он пайваста донистаанд, ки дар бунёди давлатдории миллӣ барои ҳар як қавму миллат нақши калидиро мебозад: “Садоқати мардуми Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ пойдевори давлати миллиро устувор  намуд”.

Дар маҷмӯъ, Истиқлол ва сиёсати истиқлолхоҳии Пешвои муаззами миллат имкон доданд, ки миллати кӯҳанбунёди тоҷик баъди садсолаҳо дар охири қарни ХХ ва ибтидои асри нави ХХI аз нав соҳиби давлати миллии хеш гардад ва роҳи бунёди давлатдории миллиро пеш гирифта, дар зарфи сӣ соли охир пояҳои мустаҳками онро побарҷо созад. Маҳз ҳамин Истиқлолияти давлатӣ, ба қавли Пешвои муаззами миллат, дар замони муосир “кишвари азизи моро ба марҳалаи нави рушд ворид намуда, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад”. Имрӯз вазифаи ҳар як намояндаи миллати мо ва ҳар як сокини Тоҷикистон аз он иборат аст, ки аз Истиқлолияти давлатӣ ва аз сиёсати истиқлолхоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона пуштибонӣ намояд ва барои афзун сохтани дастовардҳои миллату давлат дар сӣ соли Истиқлол кӯшиш ба харҷ дода, пояҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамонро барои садсолаҳо таҳким бахшад.

Хуршед Зиёӣ

доктори илми фалсафа, профессор,

директори Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед