Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он аст. Ҳамасола шаҳрвандони сарбаланди кишвари мо ҷашни истиқлолияти миллию давлатии худро бо шодиву сурур ва дастовардҳои назаррас ҷашн мегиранд. Истиқлолият барои мардуми кишвар муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории милии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои ҳазорсолаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии орому осоиштаву озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлати миллии мо, ки баъди муборизаҳои зиёди садсолаҳо ва заҳмати зиёди басо сангини мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо ҷавонон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихиро гузошт.

Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди давлатдории муосири тоҷикон» муҳимтарин вазифаи мо дар ин даврони ҳассосу мушкил ба шумор меравад.

Дар ин давра таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ҳифзи мероси пурарзиши таърихиямон, таъмини рушди илму маориф ва фарҳанг муҳимтарин самтҳои стратегии сиёсати давлат буданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ба рушди арзишҳои миллию мазҳабии мардуми кишвар диққати ҷиддӣ медиҳад. Омӯзиш, ҳифз ва рушди арзишҳои миллию мазҳабиямон барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраю симои хоси худ ворид шудан, чун давлати мутамаддини миллӣ сӯи низоми демократию дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баробари давлатҳои мутамаддини демокративу дунявӣ пеш рафтан мусоидат менамояд.

Миллати тоҷик дар шикасту рехти таърих дар давраи навин соҳиби Истиқлолият гардид, ки яке аз арзишҳои олии умумиинсонӣ ва орзӯи ҳазорон наслҳои гузаштаи мо буд. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик чандин абармардҳои бузургро дар роҳи ба даст овардани истиқлолият аз даст додааст. Қаҳрамонони халқи тоҷик ба монанди Спитамену Муқаннаъ, Деваштичу Темурмалик ва садҳо нафари дигар дар ҳар давр кӯшиши аз зери зулми низоми аҷнабӣ баромаданро намуда буданд.

Истиқлолияте, ки мо имрӯз соҳиб гаштаем ба осонӣ ба даст наомада, балки натиҷаи муборизаи чандинасра ва ҷоннисориҳои ҳазорон намояндаи ин халқи шарафманду озодихоҳ аст. Халқҳои гуногуни ҷаҳон барои ба даст оварани истиқлолияти миллӣ чӣ гуна ҷоннисориҳо кардаанд, вале то ҳол ҳамчун қавмҳои пароканда бо орзӯи соҳибистиқлол гардиданашон дар кишварҳои мухталиф зиндагӣ доранд.

Даврони худшиносӣ ва пешрафти ҳамаи халқҳои ҷаҳон аксаран дар даврони соҳибистиқлолии сиёсии онҳо сурат мегирад. Маҳз соҳибихтиёр будан имконият медиҳад, ки захираҳои ақлию зеҳнӣ барои манфиати ҳамин халқ самарабахш истифода гарданд. Агар миллат истиқлолияти сиёсӣ надошта бошад, зери нуфузи дигар давлатҳо қарор гирифта, сармояи инсониаш ба манфиати аҷнабиён истифода хоҳад гашт. Маълум аст, ки замони давлатдории Сомониён даврони гулгулшукуфии ҳаёти фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодии халқи тоҷик буд. Ҳамаи ин пешравиҳо ва дастовардҳои фарҳангиву адабии замони Сомониён маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ ва озодии сиёсии ин миллат имконпазир гардид.

Бешубҳа, истиқлолияти сиёсӣ ба рушди тамоми рукнҳои давлатдорӣ, соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ замина ва шароити мусоид фароҳам меоварад. Маҳз, дар давлати соҳибихтиёр арзишҳои миллӣ, монанди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ ташаккул меёбанд.

Ниҳоят, баъди гузашти садсолаҳо орзӯю омоли чандинасраи миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшид ва 24-уми августи соли 1990 дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эъломия қабул карда шуд. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба истиқлолияти сиёсии кишварамон ҳукми қонунӣ бахшид. Ҳамин тариқ, бори дигар баъд аз садсолаҳо соҳибихтиёрӣ насиби Тоҷикистони шуд.

Воқеан, истиқлолият ҳастии миллат ва неъмати бебаҳои ҳар як давлат аст. Ҳамин аст, ки дар давраи на чандон тӯлонии истиқлолият кишвари азизамон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст ва ҳамарӯза мо аз неъмати ин дастовардҳо баҳра бурда истодаем. Фақат ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки бо вуҷуди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ мардуми тоҷик тавонист ба дастовардҳое ноил гардад, ки ҳатто дар 70 соли замони Шӯравӣ муяссар нашуда буд. Дар ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла маориф, илм, тандурустӣ хоҷагии қишлоқ, таъмини амнияту бехатарӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мардуми тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд ва ҳамаи ин ба шарофати соҳибихтиёр гаштани халқи тоҷик мебошад.

Дар давраи Истиқлолият давлатдории тоҷикон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гашта, дар ин масир бо қадамҳои устувор ба пеш ҳаракат дорад. Давлати Тоҷикистон барои иҷрои чор ҳадафи стратегии худ таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонида истодааст. Чуноне ки имрӯз ҳар яки мо аз беҳбудии зиндагии хонаводаи хеш пай бурдаем ва огаҳона дарк намудаем, ниҳоли истиқлол дар сурате ба дарахти бузургу боровар табдил хоҳад гашт ва меваҳои ширин хоҳад дод, ки пайваста дар фикри нигоҳубин ва парваришаш бошем. Мо бояд ин истиқлолияте, ки тавассути ҷонбозиҳои садҳо абармардони тоҷик ба даст омадааст, мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ба қадраш бирасем. Яъне мо бояд ҳамеша барои густариш додан ва афзудан ба дастовардҳои истиқлол бо эҳсоси гарми ватандӯстию ватандорӣ, дилсӯзию масъулиятшиносӣ кору фаъолияти содиқонаву софдилона саъю кӯшиши доимӣ намоем. Зеро таърихи ҳар як миллат собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолият мушкилтар аз ба даст овардани он аст. Дар ҷаҳони имрӯзаи пуртазод раванди ҷаҳонишавӣ кишварҳо ва миллатҳоро ба гирдоби нави муборизаҳо кашида, пеш аз ҳама, ҷавононро ба чолишҳои равонӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ намудааст. Дар чунин шароит ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳувияти таърихӣ ва вижагиҳои хоси фарҳанги халқамон вазифаҳое ҳастанд, ки бақои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба онҳо пайванди ногусастанӣ дорад.

Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва умумияти этникӣ, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллат вобастагии мустақим дорад. Соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тоҷикон рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархурдор аст.

Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бошад, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи нав боз намуд. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ муҳоҷироне, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба фирор оварда буданд, ба ватани худ баргардонида шуданд ва ин муҳимтарину қиматтарин неъмати замони Истиқлолият буд.

Истиқлолият, Ваҳдат, Сулҳ чӣ неъматҳои муқаддасанд. Хандаи тифлону шодии модарон, тараққиёту пешравӣ ва ободии кишвар маҳз дар партави ҳамин неъматҳо имконпазир мегарданд. Оре, ваҳдату истиқлолият ба инсоният танҳо ҳамфикрию ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ ва меҳру шафқат меоварад. Пас, ҳамин истиқлолияту ваҳдат аст, ки моро ҳамчун афроди миллат барои расидан ба мақсаду орзӯҳои нек бо ҳам мепайвандад, то дар ҳалли мушкилиҳои ҳаёт якҷоя камари ҳиммат бибандем. Барои он ки дуррӣ мақсуд, яъне дӯстиву рафоқат ягонагиву ҳамфикрӣ ба даст ояд, ақли солим, донишу истеъдод ва ҷидду ҷаҳди ҷасурона лозим аст. Нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ кафолати истиқлолияти давлату миллат аст, чунки агар дар байни халқ ваҳдату якдилӣ набошад истиқлолиятро нигоҳ доштан корест амри муҳол. Аз гӯфтаҳои боло маълум мегардад, ки бе нигоҳдошти ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ ғайриимкон аст. Мамлакатҳое, ки ба сатҳи баланди тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ расидаанд ва мардуми он дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебаранд, мамлакатҳое ҳастанд, ки мардумашон муттаҳиду якдил гашта, дар ин роҳ талошу мубориза бурда, ба натиҷаи дилхоҳ дастёб шудаанд. Бинобар ҳамин, агар мо низ хоҳони пешравӣ ва сулҳу осоиштагӣ бошем, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, дар роҳи рушди мамлакат ба умеди дигарон нашуда, худамон дар ин масир ба хотри ноил шудан ба дастоварҳои баланд содиқона меҳнат кунем.

Мардуми тоҷик махсусан ҷавонони тоҷик, ки баъзан ба қадри ин неъмати бебаҳо нарасида, аз рӯи камсаводию бехирадӣ ба гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро шомил мегарданду андеша намекунанд, ки соҳибихтиёрӣ ба ивази чӣ қадар ҷоннисорӣ ва фидокорӣ ба даст омадааст. Ҷавонони саодатманд бояд бидонанд, ки истиқлолият ин яке аз арзишҳои волотарини ҳар як халқ ба ҳисоб меравад. Тухми он ниҳоле, ки абармардони тоҷик барои насли оянда кошта буданд, акнун ба бор омадаасту маҳсули онро насли имрӯза чашида истодааст. Инак, дар сарзамини мо сулҳу ваҳдати комил ҳукмрон аст. Мо шукри ин неъмати бебаҳоро карда бояд аз сидқи дил хонем, ҳунар омӯзем ва дар пешрафту тараққии ҷамъияту ободии кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми босазое гузошта тавонем. Мо миллати сарбаланди тоҷик сарнавишти худро бояд худамон муайян намоем.

Бигзор, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот поянда, ормонҳои волои истиқлолияти давлатӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи дурахшони ҳар як нафар гардад. Нури озодиву истиқлолият ба хонадони шумо файзу баракат ва саодат бахшад. Истиқлолияти давлатии тоҷикон то абад устувору поянда бод!!!

Шарифӣ А. А. сармутахассиси

Раёсати таҳлил ва ояндабинии

сиёсати хориҷии МТС-назди Президенти ҶТ.

Муродов М.А. мутахассиси

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати

хориҷии МТС-назди Президенти ҶТ

Чоп кунед