Истиқлолият нишони соҳибихтиёрӣ, давлати миллӣ, саодатмандии халқу миллат, рамзи пойдориву бақои миллат ба шумор меравад.

Истиқлоли давлатӣ барои халқу миллати тоҷик муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди таърихӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарафманди тоҷик ҳамасола ҷашни Истиқлоли миллию давлатии хешро бо ҳисси баланди ватандорӣ, шодию фараҳмандӣ истиқбол ва ҷашн мегиранд, чун Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастовард ва волотарин неъмат барои миллати тоҷик мебошад.

Дар сарнавишти миллати тоҷик маҳз Истиқлолияти буд, ки миллат ватани худро соҳибӣ ва аз парокандагӣ нигаҳ дошта, имкон фароҳам сохт, ки давлатдории миллии худро бунёд намуда, орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонро амалӣ гардонад. Соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатӣ, дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои басо сангин, мубориза ва ҷонисории халқи ватандӯсти мо дар роҳи озодии халқу миллат ба даст омадааст.

Бунёди давлати соҳибихтиёр, мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ имкон фароҳам овард, ки кишвари ҷавон бо вуҷуди он ҳама сахтиву душвориҳои замонаҳо дар муддати кӯтоҳтарин мавқеи сазовори худро дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо намояд. Ҳисси бузурги ватандӯстӣ, неруи қавӣ, фарҳанг, хиради азалии халқи тоҷик буд, ки ин ватану миллат аз парокандагӣ ва нестӣ нигаҳ дошта шавад.

Қобили зикр аст, ки маҳз заҳмату меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ватани азизи мо аз вартаи нестиву парокандагӣ наҷот ёфт ва дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ба сифати як давлати тамаддунофар, ташаббускор, соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муарифӣ гардид.

Ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ Роҳбари давлат дар яке аз суханрониҳои худ як нуқтаи бисёр муҳимро иброз дошта буданд, ки он ҳадафи давлатдории миллии тоҷикон, пеш аз ҳама бунёди ҷомеаи озод, рушдкарда ва дар муносибат бо дигар давлатҳо муносибати сулҳхоҳона, ва дӯстӣ ташкил медиҳад.

Истиқлолият ба мо имкон фароҳам сохт, ки сиёсати дипломатӣ ва хориҷии кишварро мустақилона муайян намуда, манфиатҳои милли худро дар ҳама соҳаҳо ҳимоя намоем.

Дар муддати 31 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аъзо гардидан дар созмонҳои гуногуни ҷаҳонӣ, инчунин бо 180 давлати дунё робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд, ки ин низ самараи истиқлоли сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Инчунин, Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ иштироки фаъол дошта, дар ҳалли мушкилоти гуногуни ҷаҳонӣ саҳми бузурги худро гузошта истодааст. Масалан: дар самти ҳалли мушкилоти вобаста ба об то кунун чор ташаббуси байналмилалиро пешниҳод кардааст. Яке аз дастовардҳои мо дар арсаи ҷаҳонӣ дар самти сиёсати хориҷӣ ин аст ки мо чор ташаббуси муҳими байналмилалиро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намудем, ки онҳо аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ этироф гардид, мавриди амал қарор гирифта истодаанд.

Айни ҳол мо дар раванди тадбиқ гардидани ташаббуси 4–уми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018–2028 қарор дорем, ки аҳамияти глобалӣ дорад.

Тоҷикистон, дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ–иқтисодӣ узвият дошта, дар қатори дигар давлатҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ саҳмгузор аст. Кишвари мо ки дар чорроҳаи манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат қарор дорад, пайваста талош менамояд, ки тавозуни сиёсиро дар минтақаи Осиёи марказӣ нигоҳ дошта, доимо бар он мекушад ки суботи сиёсӣ амнияти минтақа таъмин бошад.

Воқеан, Истиқлоли сиёсӣ ба миллати тоҷик имкон дод, ки пайроҳаи имрӯзаву оянда ва пешрафти минбаъдаи миллати хешро ба дасти худ гирем.

Барои мо шаҳрвандони ин мулки биҳиштосо, соҳибихтиёрӣ ва Истиқлоли давлатӣ ифтихори басо бузург аст. Бунёди ин кишвари соҳибтамаддун, ки орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, пояи давлатдории навинро гузошт ва ормонҳои миллӣ амалӣ гардид.

Гуфтан ба маврид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо кӯшишу заҳмат, шаҳомату бузургӣ қодиранд, ки баҳри шукуфоӣ, ободию хуррамӣ, ҳифзи сулҳу субот, ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон талош намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ барои боз ҳам боло рафтани шаъну шараф ва обрӯйи ин сарзамин саъю кӯшиш намоянд.

Қайд кардан ба маврид, ки имрӯз мо дар арафаи 31 солагии таҷлили Истиқлоли давлатӣ қарор дорем. Ҳифз ва таҳкими дастовардҳои бузурги истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо вазифаи давлат ва мақомотҳои давлатӣ нест, балки ҳифз ва таҳкими он вазифа, масулият ва рисолати тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Минбаъд ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат пайвастагӣ дорад ба устувории истиқлоли сиёсии кишвар.

Аз ин лиҳоз, имрӯз мо ҳама бояд дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид гардида, баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва рушди Тоҷикистони азизу маҳбуб бештар кушиш намоем.

Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, ормонҳои волои миллат, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва Истиқлолияти давлатии тоҷикон то абад устувору поянда бод!

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак ҳамватанони гиромӣ!

 Ҳафизова Азиза Саидаҳмадовна,

мутахасcиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед