9 сентябри соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи ғайринавбатӣ Истиқлоли давлатии кишварро эълон кард.

Хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба шарофати ташаббус ва саъю кӯшиши шахсии ӯ ҷанги бемаънии бародаркушӣ қатъ карда шуда, фурӯпошии давлати тоҷикон боздошта, тамомияти арзии кишвар ҳифз карда шуд.

Фаромӯш набояд кард, ки дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ 150 ҳазор нафар кушта шуданд, 80 ҳазор кӯдакон ятим монданд, зарари калони иқтисодӣ расонида шуд, 1 миллион нафар маҷбур шуданд муҳоҷир ва гуреза шаванд.

Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин вазифаҳои стратегӣ: таъмини амнияти энергетикӣ; баромадани кишвар аз бунбасти нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ; таъмини амнияти озуқаворӣ; гузаштан ба рохи индустриалӣ-аграрии тараққиёти иктисодӣ бисёр муваффақиятҳо аллакай ба даст оварда шудаанд ва аёнанд.

Дар давраи истиқлоли давлатӣ кишвар аз 5,5 миллион ба 9,3 миллион нафар расид, сатҳ ва сифати зиндагии одамон ба таври назаррас беҳтар шуд, давомнокии миёнаи умри шаҳрвандон ба 75 сол расид.

Дар натиҷаи фаъолияти босамари бахшҳои иқтисод маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар соли 2020 ба 82,5 миллиард сомонӣ, нисбат ба соли 1991 -ум 13,4 миллион сомонӣ баробар шуд. ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 1991-ум 2,5 сомонӣ буд, дар соли 2020 -ум 8388 сомонӣ, яъне 3355 маротиба афзоишро мушоҳида мекунем. Шумораи миёнаи солонаи одамоне, ки дар хоҷагии халқ кор мекунанд, назар ба соли 1991-ум 1971,4 ҳазор, яъне 1,25 баробар дар соли 2020 бошад, то 2463 ҳазор нафар афзуд. Даромади пулии аҳолӣ аз 10,5 миллион сомонии соли 1991 то 47,9863 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, дар соли 2020 –ум 4570 маротиба афзуд. Музди миёнаи моҳона дар соли 1991 -ум0,37 сомониро ташкил медод дар соли 2020 ин рақам ба 1335,52 сомонӣ расида 3609 маротиба афзоиш ёфтааст. Нафақаи миёна дар соли 1991 0,17 сомонӣ ва соли 2020 – 303,21 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 1991 -ум 1783 маротиба зиёд аст. Даромади буҷет аз 6,1 миллион сомонии соли 1991 то 23490,4 миллион сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт, яъне 3850 маротиба. Хароҷот мутаносибан 4761 маротиба аз 5,0 то 23806,6 миллион сомонӣ афзоиш ёфт. Сатҳи камбизоатӣ аз 86% то 26% коҳиш ёфт. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар соли 2020 нисбат ба соли 1991 -ум 34,5 маротиба (131,1 миллион доллар – 4523,7 миллион доллар), аз ҷумла воридот 17,2 маротиба (63,2 – 3349, 3 миллион доллар) ва содирот – 17,3 баробар (67,9 – 1174,4) миллион доллар) афзоиш ёфт.

Умуман, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд дар назди худ се вазифаи асосӣ қарор дорад: якум, ноил шудан ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба кишварҳои сегменти миёна бо сатҳи миёнаи даромад баробар аст ва дувум, таъмини устувории рушд тавассути диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, сеюм васеъ ва мустаҳкам намудани табақаи миёна.

Истиқлоли давлатӣ чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои неку созанда нерӯи тозаро эҳдо сохт. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд. Воқеан, дар баробари дигар муқаддасот Истиқлол низ яке аз арзишҳое волое мебошад, ки бо ба даст оварданаш тамоми ҳастии миллии мо аз нав эҳё гардид. Имсол Истиқлоли давлатӣ кишвари мо 30-сола гардид, ки чун ҷавони матину устувор сӯйи фардои дурахшон равон асту моро ҳам бо худ мебарад. Ин неъмати бузург бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистони азиз овардааст. Моро лозим аст, то баҳри пойдорӣ ва таҳкими он фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи кишвари азизамон гузорем.

Дар воқеъ, Истиқлоли давлатӣ орзуҳои якояки моро месабзонаду зиндагиро ширин ва қалбҳоро ба фардо умедвор месозад. Пас, мо – аҳли ҷомеа, дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама, ба дарки амиқи самараҳои Истиқлол сарфаҳм рафта, баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем, баҳри рушду инкишоф ва муаррифии ин сарзамин дар арсаи байналмилалӣ талош намоему таҳкимбахши ин неъмати бебаҳо ва оромию осудагии кишвари хеш бошем.

Миракилова Н.Т.,
сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои макроиқтисодии
МТС – и назди Президенти ҶТ

Чоп кунед