Барои миллати сарбаланду хушиқболамон 30 соли даврони Истиқлол як давраи бузурги таърихию тақдирсоз ба шумор меравад.
Маҳз Истиқлол буд, ки дари ошноиро ба ҷаҳони муосир барои Ҷумҳурии Тоҷикистон боз кард. Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр шинохта, бештар аз 200 давлати дунё бо кишвари мо ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро ба роҳ мондаанд.
Узви Созмони Милали Муттаҳид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистони як падидаи нодир ва гардиши бузурги таърихӣ дар ҳаёти давлатдориамон ба шумор меравад. Агарчӣ давлатҳои абарқудрат дар харитаи сиёсии ҷаҳон аз ҷиҳати масоҳат ва нуфузи аҳолӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарӣ дошта бошанд ҳам, дар ин созмони бонуфуз дар ҳалли масоили мухталифи байналмилалӣ бо Тоҷикистон баробаранд. Яъне Тоҷикистон ҳамчун як давлати соҳибистиқлолу комилҳуқуқ дар қатори давлатҳои абарқудрат соҳиби як овози ҳалкунанда аст.
Маҳз Истиқлол имкон фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.
Ба ин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш ба муносибати солгарди ҷашни Истиқлолият изҳор дошта буданд, ки истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.
Мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сарварию раҳнамоии Пешвои миллати худ дар оғози Истиқлол пойдевори давлатдории миллии худро гузошта, дар тӯли сӣ соли мавҷудияташ барои таҳкими он бо заҳмати хеш корҳои бузургро ба анҷом расонида, имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузоранд.
Мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд, ки солҳои аввали Истиқлол кишвари азиз бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуда буд.
Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.
Хушбахтона, мардуми кишвар дар атрофи Ҳукумати қонунӣ ва фарзандони бонангу номуси худ муттаҳид гашта, ягона роҳи дурусти таърихӣ, яъне эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифтанд.
Ҳарчанд ки бисёр мушкилу сангин буд, вале бо дастгириву пуштибонии самимонаи сокинон дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардида, барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё карда шуданд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар он айёми сангину ҳассос роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт, зеро он роҳ ба сӯи пешрафт ва бунёди ҷомеаи мутамаддин буд.
Дар солҳои баъдӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули як қатор барномаҳои давлатӣ ва консепсияву стратегияҳои миллӣ ба шоҳроҳи рушди устувор ворид гардид.
Ҳамзамон бо ин, татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, корҳои бунёдкориву созандагӣ, сохтмону таҷдиди инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ, иншооти энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва дигар иқдомоти созанда вусъат пайдо карданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумат тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ хеле коҳиш ёфта, он тибқи тадбирҳои андешидашуда то соли 2030 ба 15 фоиз расонида хоҳад шуд.
Имрӯз дар доираи барномаи қабулгардида ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо мақсади аз мамлакати аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани нақши саноат дар таъмини тараққиёти мамлакат заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда истодаанд.
Хушбахтона, бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати аҳлонаю заҳмату талошҳои халқи азизу миллати шарафмандамон се ҳадафи стратегии миллии мо – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон баҳри таъмини истиқлолияти энергетикӣ садҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бунёд гардида, дар баробари ин бо азму талоши Пешвои муаззами миллатамон Нерӯгоҳи бузурги аср – Роғун бунёд ва агрегати якуму дуюми он ба фаъолият оғоз карданд, ки дар ҳалли мушкилоти иқтисодии мамлакатамон мусоидати комил менамояд.
Бо василаи пурра ба истифдода додани Нерӯгоҳи обиву барқии Роғун на танҳо эҳтиёҷоти кишварамон пурра бо неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза пурра таъмин мегардад, балки кишварамон ба яке аз содиркунандагони асосии қувваи барқ дар байни кишварҳои минтақа хоҳад гашт.
Дар даврони Истиқлол ҳазорон гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, ҳазорон гектар боғҳои нав бунёд ва таъмини аҳолӣ бо озуқа беҳтар, имконияти содир кардани меваю сабзавоти хушсифат ба хориҷи кишвар фароҳам омада, боиси рушди иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардумамон гардид.
Бунёди силсиланақбҳо ва ҳазорон километр роҳҳои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ на танҳо мушкилоти дохилии мамлакатамонро бартараф кардаву равуои шабонарӯзии нақлиётро ба чор тарафи кишварамон фароҳам оварданд, балки моро ба ҷаҳони муосир пайваста, кишварамонро ба мамлакати транзитӣ табдил доданд. Он рӯз дур нест, ки дар сурати пурра амалӣ гардидани саноаткунонии мамлакат рушди устувори кишварамон ва рӯзгори шоистаи мардумамон пурра таъмин хоҳад гашт.
Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи Истиқлолу озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад.
Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар яки мо, аз хурд то бузург аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст дорем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳанд, ки нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири тазодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем- таъкид менамоянд Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси кишвар мебошад, чунки ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии қавӣ дорад.
Итминони комил дорем, ки ҳар нафар аз тоҷикистонӣ, ки тӯли 24 соли тантанаи ваҳдати миллӣ ва 30 соли даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самараҳои ин ду неъмати бузургтарину муқаддастарин баҳраи зиёд бурдаанд, дар ҳифзу пойдории онҳо аз ҷону дил талош намуда, ин амали хубу шоиста ва сарнавиштсозро ба фарзандон ва наздикони худ талқину ташвиқ менамоянд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудааст, ки ҳар қавму миллате дар он сурат оромиву осоиштагии худро ба пуррагӣ ва ба ҳамешагӣ таъмин карда метавонанд, ки иттиҳоду ҳамбастагиро парчами рӯзгори худ қарор дода бошанд.
Иттиҳоду ҳамбастагӣ сипари аз ҳама боэътимод ва тавоноест, ки моро аз ҳама гуна хавфу хатарҳо ва ниятҳои бадхоҳонаи душманонамон ҳифз ва пирӯзиро бароямон таъмин хоҳанд кард.
Ноамнӣ ва ҷангҳои бемаънии беш аз 40 сола дар ҳамсоякишварамон Афғонистон шаҳодат аз он медиханд, ки қавму миллатҳои дар ин сарзамин сукунатдошта аз боиси номуттаҳидӣ сулҳу суботи кишварро ба тамом аз даст додаву вазъият рӯз аз рӯз печидаву мураккабтар мегардад.
Таҷрибаи талхи мардуми Афғонистон, ки аксари онҳо аз даҳшати ҷанг дар кишварҳои гуногун овора, азияту шаҳди ғарибӣ мечашанд, барои ҳар кадоми мо бузургтарин сабақ аст, ки бояд ба ҳеҷ гуна таблиғоти бепоя гӯш надиҳем, баҳри ҳифзу ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон, осудагию ободии сарзаминамон ҳамеша омодаву дар талош бошем.
Бояд ба таври ҳамешагӣ дарк намоем, ки ҳифзу ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон қарзи фарзандӣ ва эҳсоси бузурги миллату ватандӯстонаи мо мебошад.
Мо – хурду бузурги кишварро таҷлили санаи бузурги таърихи кишварамон Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст. Дар ин самт нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ таҳияву тасдиқ гардидааст, ки дар он дар саросари кишварамон бунёду ба истифода додани шумораи зиёди иншооти таъйиноти гуногун дарҷ гардидааст, ки аллакай қисмати зиёди онҳо бунёду ба истифода дода шуданд.
Ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни муқаддасу тақдирсози давлату миллатамон тамоми шаҳрвандон- хусусан соҳибкорон ҷаҳду талоши зиёд доранд, ки иншооти худро сари вақт ва бо сифати баланд ба истифдода диҳанд. Бунёд гардидани иншооти зиёди замонавӣ дар беҳдошти симои шаҳру деҳот, беҳтар гардидани шароиту имкониятҳои хизматрасонӣ, некӯаҳволии сокинони мамлакат ва беш аз ҳама дар таҳкими иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамон мусоидати комил менамояд.
Ба анҷом расонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба ин дастоварди бузурги таърихӣ, ҳифзу ҳимояи воқеии он, нишони худшиносиву худогоҳии мо, дӯст доштани Ватану миллат ва нангу номуси ватандории мо мебошад.
Истиқлолияте, ки рамзи озодӣ ва нишони бақои миллат аст, таҷлили сатҳи баланди 30 солагии он бояд мояи ифтихори ҳар кадоме аз мо бошад.
Имрӯз баҳравар аз шароитҳои муосиди фароҳамгардида ҳар фарди кишварамон аз сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу суботи саросарии кишварамон, аз Истиқлолият – аз неъмати пурбаҳотарини давлату миллатамон шукргузории беинтиҳо намуда, ҳамеша парафшонии Парчами шуҳрату ифтихори давлатамон, шукуфоии сулҳу субботи кишварамон, шукуҳманди ваҳдати миллиамон ва пойдории сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллатамонро таманно менамоянд.
Бошад, ки ин таманниёти аз замири ҳар сокини кишварамон изҳоргардида ба пуррагӣ ҷомаи амал пӯшад.
Ашӯров Мирзо, корманди
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон