Ҳамкориҳои судманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарғиб ва ташвиқи ғояҳои давлатсозонаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият меёбанд ва сифату муҳтавои навро касб менамояд. Дар доираи ин ҳамкориҳо санаи 25-уми июли соли ҷорӣ ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар робита бо ин дар қисмати аввали ин ҷаласа мизи гирд дар мавзуи “Хурофотпарастӣ ва роҳҳои паст кардани шиддати он дар ҷомеаи Тоҷикистон” дар толори барҳавои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи мазкур, ки дар доираи нақшаи кории Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандози гардид, Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шуроҳои ҷамъиятии шаҳри Роғун, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ширкат доштанд. Инчунин аъзоёни шуроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисҳо, фаъолон ва имомхатибон ҷалб гардиданд.
Дар кори ҷаласа номзади илмҳои фалсафа, котиби матбуотии Марказ Рамазонӣ Давлатов низ ширкат намуда, вобаста ба равандҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир ва падидаҳои номатлуби ҷомеа аз қабили таассубу хурофот,омилҳои гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва амсоли инҳо ибрози назар намуд.
Мавсуф зимни суханрониаш қайд намуд, ки хурофот падидаи табиии хос ба як ҷомеаи мушаххас нест, балки шароитҳои муайян барои зуҳури он замина ба вуҷуд меоранд ва афроди ҳавсалаи тафаккури амиқ нисбати дарки равандҳои муайян надоштаро ба оғӯши он меафкананд.
Аз ин рӯ, хурофоту таассуб ҳамчун падидаи номатлуби суботзудоянда дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарҳои зиёде эҷод карда истодааст ва метавонад на танҳо ба як миллату халқият, балки ба аксари миллатҳову давлатҳо зиёни ҷуброннопазиреро дар пай дошта, ҳатто,онҳоро ба завол оварда расонад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон таассубу хурофот мебошад, ки сарчашмаи аксари омилҳои қафомондагӣ ва бадбахтиҳост. Мутаассифона, ҳоло ҳам бархе аз занону ҷавонони мо бинобар надоштани дониши мукаммали диниву дунявӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии васеъ ба хурофоту таассуб дода шуда, ба равияҳои гуногуни ифротӣ пайваст гардида, ҷони ҷавони хешро дар роҳгумӣ қурбон месозанд.
Рамазонӣ Давлатов афзуд, ки таҷриба исбот намудааст, ки занону ҷавонони бехираду ноогоҳ зери таъсири хурофотпарастон монда, зуд ва ба осонӣ ба фикру ақидаҳои равияҳои гуногуни динӣ, яъне таассубу ифротгароӣ бовар намуда, ба иҷрои мақсадҳои нопок камар мебанданд. назаррас аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки бояд пайроҳаи аз таассуб берун шудани мардумро нишон дода,хатарҳои дар пай доштаи онро омӯзонем. Насли ҷавон, ки ояндаи Ватан ва нерӯи мутаҳаррики Ватани маҳбубамон мебошанд, бояд роҳи дурустро дар зиндагӣ интихоб намоянд ва барои ободу шукуфо кардани он талош намоянд. Хусусан, таъкид менамоянд, ки «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем». Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро зарур аст, худогоҳ, хештаншинос, ватандӯст бошанду зиракии сиёсиро аз даст надода, махсусан, ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаҳои нопок ва таассубарангезу ифротгароёна нашуда, барои ҳимояи Ватани хеш ҳамеша омода бошанд.
Дар ҷараёни маҷлис Исматулло Шодиён -котиби Шурои ҷамъиятӣ, Олимзода Фарухулло-муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шокиров Ҳ- корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафаров Ҳайдаралӣ -муовини раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар ҷаҳони пуртазоду бисёр ҳассос, ки раванди ҷаҳонишавӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирад, баҳсу талошҳои идеологӣ низ марҳила ба марҳила вусъат меёбанд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлат нисбат ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзад. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пойдории фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саъй менамояд.
Дар интиҳои ҷаласа таъкид карда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон ҷоннок намуда, бояд наврасону ҷавононро дар руҳияи баланди меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва садоқат ба Ватан тарбия намуд.
Ҷаласа дар фазои самимӣ ва руҳияи якдигарфаҳмӣ доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон