Санаи 26 сентябри соли 2024 дар шаҳри Тошканд бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон, Маркази тадқиқоти сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекситон, Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил конфронси байналмилалии марказҳои зеҳнии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Барномаи нави ҳамкории дарозмуддат» баргузор гардид.
Зимни ҳамоиши масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳо ва рӯзномаи оянда дар доираи се бахш ИДМ-ҳамчун фазои муколама ва ҳамкорӣ дар шароити муосир, дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гузариши «сабз», ҳамкориҳо дар соҳаи саноат, тиҷорат, нақлиёт, амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, инчунин самти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҳамоиш намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати таҳлил ва оянданигарии сиёсати дохилӣ Талбаков Саидаҳтам Исроилович иштирок ва суханронӣ намуда, роҷеъ ба «дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ИДМ» маъруза намуд.
Таъкид гардид, ки яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии «дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона» буда, он бо дарназардошти тамоюлҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили умумибашарӣ асос ёфтааст. Махсусан, дар доираи ИДМ Тоҷикистон яке аз ташаббускорони фаъол дар масъалаҳои мухталифи ҳамкорӣ мебошад. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз зиёда аз 2 ҳазор санади дар доираи ИДМ қабулшударо имзо кардааст, ки тақрибан зиёда аз 60 адади он ба соҳаи фарҳанг марбут аст. Боиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои зиёди кишвари мо аз ҷониби давлатҳои аъзои созмон дастгирӣ ёфта, амалӣ гардиданд.
Ҳамзамон, вобаста ба самти ҳамкориҳои башардӯстона иброз гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон намояндагони 80 миллату қавмият ба сар мебаранд ва бо мақсади «эҷоди фазои муштараки фарҳангӣ» дар кишвар 1800 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла 39 иттиҳодияҳои ақаллиятҳои миллӣ фаъолият доранд.
Илова бар ин, дар заминаи иҷрои «Созишнома дар бораи муҳайё сохтани ҳуқуқҳои баробар ба шаҳрвандони кишварҳои узви Аҳднома оид ба тақвияти ҳамбастагӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ» аз 29 ноябри соли 1998 тадбирҳои судманди аз ҷониби Тоҷикистон амалӣ гардида, муаррифӣ карда шуд.
Саидаҳтам Талбаков иброз намуд, ки рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар доираи ИДМ раванди мураккабест, ки муносибати мунтазам ва ҳамкории фаъоли ҳамаи кишварҳои аъзоро тақозо мекунад. Ин масъала, на танҳо як унсури ҳамгироӣ, балки асоси заминавии он мебошад. Маҳз ин омил метавонад ИДМ-ро ба модели муваффақи ҳамгироӣ дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва рушди муштарак табдил диҳад.
Дар фарҷоми суханронӣ, таҳдиду чолиҳои эҳтимолие, ки метавонанд ба фаъолияти кишварҳои узв монеа эҷод намояд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки барои Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки беҳтарин амсилаҳои фарҳангию тамаддуниро ба ҷомеаи башарият пешкаш намудааст, дар ин шароит таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ ва ҳифзи мероси муштараки фарҳангӣ аҳаммияти бештар пайдо намуда, ин тадбир ҳамчун муқовимат ба тамоюлҳои харобиовар дар ҷомеа хизмат мекунад.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон