Рӯзи байналмилалии сулҳ (International Day of Peace) тибқи қатъномаи 36/67-уми Маҷмаи Умумии СММ 30 ноябри соли 1981 ҳамчун яке аз тадбирҳои муттаҳид кардани талошҳои дастаҷамъӣ бо мақсади қатъи ҷангҳо, инчунин, фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушд ва ҳамкорӣ эълон карда шуд. Пас аз 20 сол дар рафти ҷаласаи пленарии 111, санаи 7 сентябри соли 2001 созмон қатъномае (55/282) содир намуд, ки тибқи он сар карда, аз сессияи 57 Маҷмаи Умумӣ санаи 21 сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳ ҷашн гирифта мешавад.
Дар асоси қатъномаи мазкур таъкид мегардид, ки аз ин ба баъд Рӯзи байналмилалии сулҳ таҷлил гардида, ҳамчун рӯзи оташбас ва даст кашидан аз зӯроварӣ дар саросари ҷаҳон эътироф гардад. Ба давлатҳо ва халқҳо пешниҳод карда мешуд, ки амалиёти низомиро дар давоми ин рӯз қатъ карда, онро риоя намоянд.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии сулҳ аз 19 то 21 сентябри соли 2024 дар шаҳрҳои Синан ва Вайфани музофоти Шандуни Чини Шарқӣ ҳамоиш баргузор гардид. Ҳамоиш бо ташаббуси Ассотсиатсияи халқии Чин барои сулҳ ва халъи силоҳ (CPAPD) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати халқии музофоти Шандун баргузор шуд.
Дар рӯзи ифтитоҳи ҳамоиш, санаи 19 сентябр, таҳти унвони “Эъмори ҷаҳон барои ҳамзистии осоишта” дар шаҳри Синани музофоти Шандуни Чини Шарқӣ намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагони 180 ҳизбҳои сиёсии хориҷӣ, созмонҳои сулҳ ва дӯстӣ, марказҳои зеҳнӣ оид ба масъалаи амният аз манотиқи гуногуни олам, аз қабили Аврупо, Осиё, Африқо ва Амрико, инчунин, дигар ниҳодҳои дахлдори Чин ширкат варзид.
Дар рафти чорабиниҳо намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Шарифзода Саидҳомид Сафар низ иштирок намуд.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки вазъи мураккаби замони муосир, мушкилоти рӯзафзуни тағйирёбии иқлим, тавсеаи хатарҳо, ба монанди терроризм ва экстремизм, авҷи низоъҳои мусаллаҳона дар манотиқи гуногуни олам, хислати бесобиқа касб намудаанд.
Таъкид гардид, ки вазъи мавҷуда кишварҳоро водор менамояд, ки моҳияти сулҳро бештар дарк намуда, дар асоси манофиатҳои мутақобиланд судманд барои таъмини рушди устувор ва ояндаи муштараки инсоният талош варзанд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон