4 октябри соли 2024 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Форуми 3-юми марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таҳти унвони “Иқтисоди насли оянда: чолишҳо ва дурнамо” баргузор гардид.

Форуми мазкур ба 60-умин солгарди таъсиси Институти илмӣ-тадқиқотии иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон ва мизбонии  Ҷумҳурии  Озарбойҷон дар “COP 29”- Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим бахшида шуд.

Форуми байналмилалӣ аз ҷониби Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО), Институти илмӣ-тадқиқотии иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон дар якҷоягӣ бо Институти рушди иқтисодӣ ва тадқиқоти иҷтимоӣ (Туркия) баргузор гардид.

Рӯзномаи ҳамоиш баррасии раванди рушди равобити иқтисодии кишварҳои узви ЭКО, таҳлили мушкилот ва чолишҳои мавҷуда, баррасии дурнамо ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узви ЭКО-ро дарбар мегирифт.

Дар чорабинӣ роҳбарону мутахассисони марказҳои таҳлилӣ ва намояндагони доираҳои сиёсиву дипломатии кишварҳои узви ЭКО ширкат доштанд.

Намояндаи Тоҷикистон дар ин ҳамоиш Ораз Муртазозода, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Ораз Муртазозода  дар бахши аввали Форум таҳти унвони «Рушди сабз: энергетика, инфрасохтор ва стратегияҳои миллӣ» дар мавзуи «Тоҷикистон: ҳадафҳо ва дастовардҳо дар роҳи табдилёбӣ ба кишвари сабз» маъруза намуд.

Зимни суханронӣ  Ораз Муртазозода қайд намуд, ки «…солҳои охир ғояи иқтисоди сабз на танҳо ба мавзуи баҳси мутахассисони иқтисодӣ табдил ёфтааст, балки дар форумҳо, бахусус дар мулоқотҳои рощбарони давлатҳо низ баррасӣ мешавад».

Мавсуф зикр намуд, ки «…ҳадафи рушди иқтисоди сабз ин мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим, коҳиш додани мизони газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ва технологияҳои муосир мебошад».

Дар идомаи суханронӣ ӯ қайд намуд, ки 30 сентябри соли 2022 “Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” қабул гардид. Ҳаҷми маблағгузории стратегияи мазкур 21,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Он ба гузаронидани ислоҳоти меъёрӣ, оптимизатсияи истифодаи захираҳо, ҷалби сармоягузорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва методи ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи иқтисодиёти сабз, инчунин ба ду баробар зиёд намудани истеҳсоли энергияи барқароршаванда то соли 2050 равона шудааст. Бо татбиқи ин тадбирҳо то соли 2032 тавлиди неруи барқ ​​дар Тоҷикистон комилан аз манобеи барқароршаванда, яъне 100% аз ҳисоби “энергияи сабз” (ҳоло 98%) таъмин хоҳад шуд. Ҳамзамон, тибқи конфронси байналмилалӣ, то соли 2037 партовҳои газҳои гулхонаӣ то ҳадди ақал коҳиш хоҳанд ёфт. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо рушди «иқтисоди сабз» дар соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад.

Дар интиҳои суханронӣ, Ораз Муртазозода қайд намуд, ки “Тоҷикистон ба шарофати ислоҳоти иқтисодие, ки дар Стратегияи миллии рушд то соли 2030 пешбинӣ шудааст, дучанд намудани талошҳои худро барои тавлиди неруи сабз ба нақша гирифтааст.”

 

Хадамаоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед