Рӯзҳои 12-13 майи соли 2023 дар шаҳри Даккаи Бангладеш муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода дар 6-умин конфронси байналмилалии “Уқёнуси Ҳинд – 2023” таҳти унвони «Сулҳ, шукуфоӣ ва ҳамкорӣ барои ояндаи дурахшон» иштирок ва суханронӣ намуд.
Парвиз Муҳаммадзода, дар навбати худ, дар ҳошияи ҷаласаи дувум «Истиқрори шарикӣ дар минтақаи Уқёнуси Ҳинду Ором барои сулҳ ва шукуфоҳӣ» иштирок намуда, дар мавзуи «Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният дар миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ роҳбарони давлат ва ҳукуматҳо, вазирони давлатӣ ва коршиносони сохторҳои таҳлилии кишварҳо аз 25 давлати ҷаҳон дар ҷаласаҳои алоҳидаи конфронси мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиён дар суханрониҳои худ баррасии масоили муҳим оид ба вазъи кунунии амниятӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодии ҳавзаи Уқёнуси Ҳиндро қайд намуда, таҳдиду хатарҳои асосии рушди устувори минтақаи мазкурро таҳлил ва муайян намуданд. Зеро ҳавзаи Уқёнуси Ҳинду Ором дар пасманзари тағйирёбии тартиботи нави ҷаҳонӣ аҳамияти хоссаро касб намудааст.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур аз соли 2016 инҷониб дар яке аз кишварҳои Уқёнуси Ҳинд баргузор мегардад, ки дар кори он намояндагони кишварҳо ҷаҳон иштирок менамоянд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон