Рӯзи 2-юми июни соли 2023 муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода дар конфронси маҷозии байналмилалии таҳти унвони «Паймони марказҳои зеҳнии Чин + Осиёи Марказӣ» иштирок карда, дар ҳошияи ҷаласаи аввал суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ роҳбарон ва коршиносони ниҳодҳои илмӣ ва таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин низ суханронӣ намуданд.

Иштирокчиён дар суханрониҳои худ баррасии масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар доираи формати “Чин + Осмиёи Марказӣ” мавриди таҳлил қарор дода, формати мазкурро барои рушди минбаъдаи минтақа муҳим арзёбӣ намуданд.

Кишварҳои иштирокчӣ ташаббуси Чин дар бораи таъсиси «Паймони марказҳои зеҳнии Чин +Осиёи Марказӣ»-ро ҷонибдорӣ намуда, оид ба эълони ташаббуси муштараки таъсиси Паймони мазкур қарор қабул намуданд.

Ҷонибҳо бо назрадошти омӯзиши таҳдиду хатарҳо, масоили рушди устувори минтақа ва дигар омилҳо, таъсиси «Паймони марказҳои зеҳнии Чин +Осиёи Марказӣ»-ро барои таъмиқи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва рушди устувори кишварҳои иштирокчӣ муҳим ва саривақтӣ донистанд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Институти тадқиқоти Роҳи Абрешими Донишгоҳи Шимолу Ғарбии шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шакли маҷозӣ доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед