5 марти соли 2025 ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи ИДМ баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҷаласаи мазкурро таҳлили дурнамои рушди минбаъдаи иқтисодии ИДМ ва ғанӣ гардонидани ҳуҷҷати калидӣ дар соҳаи иқтисод – Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2030 ташкил намуд.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва коршиносони академияҳо, донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои давлатҳои узви ИДМ иштирок намуданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин ҳамоиш муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахонзода Саодат Ҷурахон ба тариқи маҷозӣ ширкат варзид.
Муовини директори Марказ ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ баҳо дода, дар бораи вазъ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои узви ИДМ маълумот ироа намуд.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои калидӣ, аз қабили иқтисоди рақамӣ, экология, саноат, истеҳсолот, энергетика, савдо, хизматрасонӣ, сармоягузорӣ ва дигар мавзуъҳои муҳим баррасӣ гардид.
Дар фарҷоми ҳамоиш, ҷонибҳо зарурият ва саривақтии табодули афкорро таъкид намуда, умедвории худро барои густариши ҳамкориҳо бо ҷомеаи илмӣ изҳор намуданд. Онҳо инчунин зарурати гузаронидани чунин мулоқот – машваратҳоро ба таври мунтазам қайд карданд.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон