Дар арафаи таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи китоб роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Рӯзи дарҳои боз” аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” иқдоми наҷиберо дар партави сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифта, санаҳои 4 ва 5 сентябри соли равон “Рӯзи дарҳои боз”-ро бахшида ба “Рӯзи китоб” барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ баргузор намуд.
Аз гузашта то ба имрӯз китоб барои инсон як маъхази бебаҳои ақлу хирад аст. Ҳар як халқу миллат маҳз тавассути китоб тамоми мероси гаронбаҳои худро дар тули асрҳо омӯхтааст. Ҳамчунин, халқи тоҷик низ аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хосса дорад.
Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Китоб як рукни муҳимми тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири инсон аст. Аз ин ҷост ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон, китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунан, то наслҳлои имрӯз ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.”
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Пешвои миллат барои наврасону ҷавонон муассисаҳои зиёде бунёд гардидаанд. Яке аз онҳо Китобхонаи миллӣ мебошад, ки соли 2011 ифтитоҳ ёфтааст. Ҳамарӯза ҷавонону наврасон ба ин муассисаи фарҳангиву маърифатӣ рафта, ба хондани китоб машғул мешаванд.
Кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин иқдоми наҷиби Китобхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуданд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегӣ назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон