Санаи 4 – уми июни соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи чоруми Форуми марказҳои таҳлилии «Чин – Осиёи Марказӣ» таҳти унвони «Ҳамкории мутақобилан судманд дар роҳи шукуфоии муштарак ва рушди устувор» баргузор шуд.
Форум аз ҷониби Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ва Институти омӯзиши Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ба таври муштарак ташкил ва баргузор гардид.
Дар форум вазъи кунунии ҳамкориҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи саноатикунонӣ, рақамикунонӣ, рушди иқтисоди сабз, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, логистика ва инноватсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони доираҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва коршиносӣ-таҳлилии Узбекистону Чин, роҳбарону коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин ҳамоиш Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ва Усмонзода Хайридин, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар бахши аввали Форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайридин дар мавзуи «Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин баҳри субот ва рушди Осиёи Марказӣ» маърӯза намуд.
Зимни суханронӣ Усмонзода Хайридин қайд намуд, ки “дӯстии самимӣ ва таваҷҷуҳ ба густариши ҳамкориҳои байни халқҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар суннатҳои таърихию тамаддунии мо, ки имрӯзҳо боз ҳам ривоҷ ёфта, симои тоза ва мазмуни амиқ пайдо карда, натиҷаҳои пурсамар ба бор оварда истодаанд, решаҳои амиқ доранд.
Таъкид гардид, ки осори чунин мулоқот ва бою ғанӣ гардонидани таҷрибаи пурсамари тамаддун, дар тули ҳазорсолаҳо ба тору пуди иртиботот ва муколамаи халқҳои мо ворид гардида, ба шуури мардумони мо ғизои маънавӣ медиҳанд ва ҷаҳонбинии халқҳоямонро васеъ менамоянд.
Усмонзода Хайридин таъкид кард, ки имрӯз дар пасманзари афзоиши тамоюлҳои харобиовар дар ҷаҳон, Тоҷикистон ва Чин бо пайравӣ ба суннатҳои қадимаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ҷиҳати таҳкими иртибототи муштарак ва равобити устувор саъю талош меварзанд.
Зимни суханронӣ директори Марказ қайд намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобила ба истиқлолият, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои бунёдии ҳамдигар бунёд ёфтаанд. Муносибати гарму самимӣ ва дӯстонаи халқи тоҷику чин ба ҳамкории бисёрҷонибаи ҳар ду мамлакат бештар аз ҳамин принсипҳо сарчашма мегирад. Бо такя ба ин, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкими равобити устувор, дӯстона ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Чин авлавият дода мешавад.
Ҳамчунин, директор ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Чин дар арсаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Бо дарназардошти равандҳои зиддунақизи муосир, ки ба амнияти минтақаи мо таъсири манфӣ мерасонанд ва нақши Чин дар эътидоли вазъи минтақа, зарурати ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ таъкид гардид.
Дар поёни суханронӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки сафари қарибулвуқӯъи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба равобити дуҷониба такони нав хоҳад бахшид ва боиси боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкориҳои ҳар ду мамлакат хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон