Рӯзи 14 июни соли 2024 дар шаҳри  Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми VII коршиносони Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Осиёи Марказӣ ҳамчун меҳвари боварӣ» баргузор гардид.
Ҳамоишро Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон , Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ  ва Фонди Фридрих Эберт  дар Қазоқистон муштаракан доир намуданд.
Дар ин ҳамоиш роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳқиқоти стратегии назди  президентҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, роҳбари UNRCCA, инчунин, директори  Бунёди Фридрих Эберт  дар Қазоқистон ширкат намуданд. Аз ҷониби  Ҷумҳурии  Тоҷикистон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода дар ин ҳамоиш ширкат намуд.
Дар рӯзномаи Форум густариши фазои эътимод миёни кишварҳои минтақа дар самти сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, коршиносӣ ва ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин  Усмонзода дар ин ҳамоиш дар мавзуи «Осиёи Марказӣ ҳамчун фазои суботу  рушд» маъруза намуда, иброз намуд, ки “пайванди байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, сарфи назар аз печида будани равандҳои муосир, таҳкиму густариши худро идома медиҳанд”. Мавсуф зикр намуд, ки «натиҷаҳои дар ин роҳ ба даст овардаи кишварҳои мо асосан ба шарофати мубодилаи зуд-зуди афкори раҳбарони онҳо ва ҷомеаи коршиносон ба даст омадаанд». Таъкид гардид, ки «кишварҳои минтақа барои мусоидат ба таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ дар минтақа чи дар доираи ҳамоиши минтақавӣ ва ҳам дар дигар маконҳои мувофиқ омодагии худро нишон медиҳанд. Формати нишасти минтақавии сарони давлатҳо, ки дорои иқтидори зиёди ҳамоҳангсозӣ ва иртибототӣ барои мусоидат ба рушди фаъоли робитаҳои бисёрҷониба ва ҳамкориҳои васеъ мебошад, натиҷаи ҳамин ҳамкориҳои судманд аст». Хайридин Усмонзода иброз намуд, ки “мувофиқи ҳадафҳои рушди устувори ҷаҳонӣ ва уҳдадориҳои кишварҳо оид ба татбиқи нақшаҳои тағйирёбии иқлим, рушди иқтидорҳои истеҳсолии сабз аҳаммияти хоса пайдо мекунад. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдор аст, ки эҳтиёҷоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дастрасӣ онҳоро ба об, энергияи сабз ва маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза қонеъ гардонад». Ҳамзамон, таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро  ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб намуда, иброз намуд, ки «кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди суботи минтақа бештар дидгоҳи муштарак доранд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун шарики баробарҳуқуқ бо кишварҳои минтақа дар таҳкими суботи минтақа саҳми муносиби худро мегузорад ”.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷоми суханронии худ қайд намуд, ки «муносибатҳои созандаи кишварҳои мо минбаъд низ дар давраи нав натиҷаҳои судманд ба бор оварда,  ба нафъи халқҳои кишварҳоямон таъсири  назаррас мегузоранд ва барои дигар  минтақаи умумиосиёии мо ва дар тамоми ҷаҳон ҳамчун  намунаи шоистаи ибрат муаррифӣ мегарданд». Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур дар арафаи нишасти VI машваратии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар Остона баргузор мешавад, сурат гирифт. Дар натиҷа, дар чаҳорчӯби ҷаласаи ҳамоиш дар асоси мавқеъҳои муштараки коршиносон барои баргузории ин чорабинӣ доир ба масъалаҳои мубрами рушди минтақавӣ пешниҳоду тавсияҳои амалӣ таҳия карда шуданд.   Бояд қайд кард, ки тибқи тартиби муқарраршуда соли оянда (2025) дар шаҳри Душанбе баргузории Форуми VIII коршиносони Осиёи Марказӣ таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафари хидматӣ Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайридин Усмонзода бо кормандони сафорат ва дипломатҳои ҷавон дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи 13-уми июн вохӯрӣ доир намуда, дар мавзуи мубрами глобалӣ ва минтақавӣ  “Нақши Ваҳдати миллӣ дар пешрафти Тоҷикистон” суҳбат баргузор намуд.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоп кунед