(Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019)

Мафҳуми амният имрӯз ҷанбаҳо ва равишҳои навро касб карда, азнавдарккунӣ ва дар зерматни нави равандҳои сиёсӣ таҳлил кардани он барои ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо мақоми хеле муҳим дорад. Дар доираи ин мафҳум як қатор мавзӯъҳои барои ҷомеа ва давлати мо мубрам, ба мисли амнияти  миллӣ, амнияти  иттилоотӣ, амнияти  иҷтимоӣ, амнияти  фарҳангӣ, амнияти  идеологиву сиёсӣ ва ғайра  бояд дар мадди аввал қарор гиранд. Маҳз ба ҳамин мавзӯъ дахл намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таъкид доштанд, ки “дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад”.

Аз ин рӯ, барои рушди минбаъдаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо бояд ба масъалаҳои ҷавонон дар самти таъмини амнияти ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ ва истиқлолият, роҳҳои мубориза бо падидаҳои манфии ҷомеа, чун экстремизм, радикализм, терроризм, хурофоту таассуб ва пешгирии паҳншавии онҳо, инчунин тақвият додани рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллии наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дошта бошем.

Бояд таъкид намуд, ки имрӯз масъалаи ташаккули мафкураи миллӣ ба яке аз рукнҳои асосӣ барои эҳё, бунёд ва рушди давлатдории миллӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, давлатдории миллӣ ва бунёди он бо дарназардошти махсусиятҳои ҷаҳони муосир, қабл аз ҳама, ба шинохт ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ такя мекунад. Бо ин сабаб, новобаста аз шакли давлатдорӣ, шумораи аҳолӣ ё масоҳати марзу бум, инчунин новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ барои ҳар як давлати муосир ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ аз дохилу аз берун масъалаи аввалиндараҷае ба ҳисоб меравад, ки ба аксуламали давлатҳои дигар нигоҳ накарда, бояд қабл аз ҳама ба ҳалли онҳо бо такя ба мафкураи миллӣ таваҷҷуҳи асосӣ равона карда шавад.

Ҳангоме ки дар бораи мафкураи миллӣ сухан мегӯем, бояд дарк намоем, ки маҳз худшиносии шахс ва худшиносии миллӣ ҷавҳари онро ташкил медиҳанд. Худшиносӣ дар умум чун шинохти шахсияти хештан, ки ба инъикоси худӣ дар шуур асос ёфтааст, тафсир карда мешавад. Худшиносии миллӣ бошад, асосан ба чунин унсурҳо, аз қабили ғояи миллӣ, эҳсоси мансубияти марзӣ ва мутааллиқӣ ба ин ё он фарҳанг такя мекунад. Миёни ин унсурҳо ғояи миллӣ асоси худшиносии миллӣ буда, маънии воқеии мавҷудияту ҳастии ин ё он миллатро ифода менамояд ва дар мероси фарҳангӣ ва осори илмии хусусияти гуманитарӣ дошта инъикос меёбад. Бо ҳамин сабаб мафкураи миллии ҷавононро танҳо тавассути барқарорсозии робитаи доимӣ бо ин мероси маънавӣ рушд бахшидан имкон дорад. Аз ин нуқтаи назар амалӣ сохтани ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро дар Паёми имсолаашон дар бораи ҳамасола баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот, омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик тавассути шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” ва ба ҳар як оилаи кишвар расонидани он, зиёд намудани нашри китобҳои бадеӣ, мутолиаи пайвастаи китоб ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосир як тадбири саривақтӣ ва муассире дар ташаккули мафкураи милллии ҷавонони мо хоҳад буд.

Дар баробари ин, сазовор бо таъкид аст, ки мафкураи миллии мардуми мо аз замони қадим то имрӯз се шохаи муҳиммеро фарогир будааст, ки хоси тамоми мардуми пешрафтаи олам мебошад. Ин шохаҳо ба  тафаккури  илмӣ ё мантиқию ақлонӣ, тафаккури тахайюлӣ ё образию эмотсионалӣ (эҳсосотӣ), ки бештар ба адабиёти бадеӣ ва тамоми намудҳои санъат хос аст ва ба тафаккури динӣ  такя мекунанд. Вале ҳамзамон бояд ба эътибор гирифт, ки дин танҳо як шохаи тафаккур ва як ҷузъи фарҳанг буда, муносибати ақлонию илмиро ба худ талаб мекунад. Маҳз бо ҳамин сабаб дарки илмии асосҳои дин, бе такя ба хурофоту таассуб, метавонад ба мафкураи ҷавонони мо як раванди тозаеро ворид созад. Ҳаминро ба назар гирифта, тибқи талаботи банди 10 Нақша-чорабиниҳои амалӣ кардани “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат  бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фанни таълимии “Таърихи дин” ва дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ фанни “Диншиносӣ” ворид карда шудааст. Азхудкунии ин фанҳои таълимӣ ва муносибати илмӣ ба ҷаҳонбинии динӣ метавонад мафкураи ҷавонони муосири моро тавсеа бахшад. Бешубҳа, ҷавоне, ки сабабҳои фалсафӣ-экзистенсилаии рӯоварӣ ба ҷаҳонбинии илмиро медонад, функсия ё вазифаҳои динро дар ҷомеа ба хубӣ дарк мекунад, соҳиби тафаккури равшану кушода ва илман асонок мегардад.

Аз ҷониби дигар, рушди ҷаҳонбинии илмӣ, махсусан бо такя ба фанҳои табиию риёзӣ як такони ҷиддие дар тақвияти мафкураи ҷавонони мо маҳсуб аст. Маҳз бо ҳамин сабаб ва бо мақсади азхудкунии донишҳои замонавӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва тавсеаи тафаккури техникии онҳо солҳои 2020-2040 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаашон ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуданд.

Дар баробари ташаккули мафкураи миллӣ мо бояд ба маърифати сиёсии ҷавонон низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дошта бошем. Ин ду мафҳум бо якдигар дар робитаи ногусастанӣ буда, яке дигареро пурра мекунад. Маърифати сиёсӣ низ, пеш аз ҳама худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ, ташаккули шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта, рушди зеҳнии ҷавононро бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ талаб мекунад. Дар раванди болобарии маърифати сиёсии ҷавонон бояд пешгирии воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни онҳо, таъмини ваҳдати миллӣ, рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, таҳкими иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар барои ҳифзи манфиатҳои стратегии миллат ва давлат, инчунин баёни масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар, дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ва фаҳмондадиҳии масъалаҳои дигари мубрами ҷумҳурӣ ва ҷаҳони муосир дар маркази таваҷҷуҳ қарор гиранд.

Барои маърифатноккунии сиёсии ҷавонон нақши насли калонсол ва зиёиён хеле назаррас аст. Чунонки Пешви муаззами миллат дар Паёми имсолаашон таъкид намуданд, “сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд”.

Инчунин, ҳамасола таҳти сарпарастии Президенти мамлакат – Пешвои миллат баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки дар Паёми имсола пешниҳод гардид, як қадами устуворе дар рушди маърифати сиёсии наврасону ҷавонон хоҳад буд.

Таъмини амният дар ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як давлати соҳибистиқлол буда, он дар доираи сиёсати ҳуқуқӣ ва дохилию хориҷии давлат роҳандозӣ карда мешавад ва яке аз шартҳои асосии рушди давлатдорӣ маҳсуб аст. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар бораи дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва омодасозии “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” барои  иштироки бештари ҷавонон, хусусан, ҷавононе, ки берун аз муассисаҳои таълимиянд, дар таъмини амнияти ҷомеа мусоидат намуда, дар таҳкими мафкураи миллӣ ва маърифати сиёсии онҳо нақши бузурге мебозад.

Дар анҷом таъкид мекунем, ки дар ҳақиқат ҳам, ҷавонони муосири мо қувваи бузурги созандаанд ва бо рушди тафаккури миллӣ ва маърифати сиёсии худ ин нерӯи тавонои кишвар метавонад, ки амнияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳимоя намояд ва ин Ватанро ободу зеботар гардонида, номбардори сазовори ниёгони худ аз насли ориёӣ ва ориёитабор бошад.

Хуршед Зиёӣ доктори илми фалсафа,

профессор, муовини якуми директори

Маркази  тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед