Санаи 8 декабри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳошияи Конфронси дуюми вазирони корҳои хориҷӣ дар формати “Италия-Осиёи Марказӣ” мизи гирди байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳолати муосир ва дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни Италия ва Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Мизи гирди мазкур аз ҷониби Маркази равобити умумиҷаҳонӣ миёни Аврупо ва Осиё ба номи Марко Полои Донишгоҳи Венетсиягии “Ка’ Фоскари” ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шуд. Дар ҳамоиш намояндагони ниҳодҳои илмӣ ва тадқиқотии Италия, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Дар кори ҳамоиши байналмилалӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон ва муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ Ҳидоятзода Комрон ширкат карданд.

Дар ҷаласаи 4-уми мизи гирд П.А. Муҳаммадзода бо маърӯзаи “Ҳолати муосир ва дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни Италия ва Осиёи Марказӣ: нигоҳи Тоҷикистон” баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки яке аз самтҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ – равобити мустаҳками марказҳои таҳлиливу таҳқиқотӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷониби Тоҷикистон формати ҳамкории илмӣ-тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Италияро ҳамчун омили муҳимми рушди ҳамкорӣ арзёбӣ менамояд.

Баргузории мизи гирди навбатӣ дар формати мазкур дар Ҷумҳурии Италия дар соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти  матбуотии  Маркази
тадқиқоти  стратегии   назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед