Рӯзи 19 декабри соли 2022 Усмонзода Хайриддин – директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода дар давраи сеюми “Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон” таҳти унвони “Сиёсати ҳамсоягии Ҷумҳурии исломии Эрон: равиши дӯстӣ ва эътимод”, ки дар Институти мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Эрон доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиши илмии мазкур аз чор бахши алоҳида иборат буда, дар он ҳамгироии минтақавӣ ва амнияти энергетикӣ, дурнамои сулҳ ва ҳукумати фарогир дар Афғонистон, оқибатҳои глобалӣ ва минтақавии буҳрони Украина, воқеаҳои Қафқоз ва амнияти Халиҷи Форс баррасӣ гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони 36 кишвари ҷаҳон дар сатҳи муовини Сарвазир, вазирони корҳои хориҷӣ, муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалии мустақар дар Теҳрон, роҳбарони марказҳои зеҳнӣ ва дигар коршиносони байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар конфронси мазкур Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ низ иштирок дошт.

Иштирокчиёни гуфтугӯи Теҳрон дар чаҳорчӯби суханрониҳои худ масоили мубрами минтақа ва низоми равобити байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор дода, пиромуни чолиш ва таҳдидҳои таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, амнияти энергетикӣ, авалвиятҳои сиёсати ҳамсоягии Эрон дар минтақа, равандҳои сиёсию геополитикии минтақа ва ҷаҳон, дурнамои сулҳ ва ҳукумати фарогир дар Афғонистон, низоми бисёрқутбии муносибатҳои байналмилалӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳо андешаҳои ҷолиб иброз намуданд. Аз ҷумла ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои минтақа дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯз дар самти таъмини робитаҳои фарогири иқтисодӣ, истифодаи захираҳои минтақавӣ барои беҳтарсозии фазои сармоягузориҳо баррасӣ гардид. Таъкид гардид, ки танҳо рушди фарогир метавонад барои ҳалли масъалаҳои мубрами марҳалаи кунунии кишварҳои минтақа асосҳои раднопазир фароҳам орад.

Дар раванди баргузории ҳамоиши илмии мазкур тавассути расонаҳои хабарӣ низ ҳайати Тоҷикистон диду назари хешро оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт баён доштанд.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед