Рӯзи 26 майи соли 2022 таҳти раёсати Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Россия Ҷаласаи 17-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Дар кори Ҷаласаи 17-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Муҳаммадзода Парвиз ба ҳайси роҳбари ҳайат, роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Умед ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Холиқов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоишро муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Игор Моргулов ва Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Чжан Мин бо сухани ифтитоҳӣ кушода, иштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам гуфтанд ва барори кор орзу намуданд.

Сипас проректори Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Анатолий Байков, собиқ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Федератсияи Россия, собиқ раиси Шӯрои машваратӣ доир ба амнияти миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон П.С.Рагхаван, директори Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати назди Бунёди Нурсултон Назарбоеви Ҷумҳурии Қазоқистон Ержан Салтибаев, Президенти Академияи проблемаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Бу, директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Рустам Асизбаев, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода, муовини директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавиии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Усмонов суханронии табрикӣ намуданд.

СҲШ дар тӯли таърихи бистсолаи худ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии шакли нав, сохтори нодири минтақавӣ табдил ёфт, ки хусусияти фарогири худро дар ҳалли мушкилоти сиёсии ҷаҳон борҳо собит кардааст. СҲШ инчунин собит кардааст, ки принсипи баробарҳуқуқии аъзоён дар фаъолияти худ мақоми авлавиятнок дорад. Раванди рӯйдодҳои замони ҷаҳонишавӣ ба тамоми фаъолони сиёсӣ возеҳ нишон дод, ки ҳеҷ як давлат ба танҳоӣ наметавонад бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир самаранок мубориза барад. Дар чунин шароит танҳо тадбирҳои мутобиқшуда ва ҷидду ҷаҳди якҷояи ҳамаи давлатҳо лозим аст. Вобаста ба ин масъала, Эъломияи Душанбе, ки дар рафти нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Саммити 20-солагии ин Созмон, ки моҳи сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор гардид, муҳим арзёбӣ шуд.

Қайд гардид, ки ҷаҳони муосир ба марҳилаи нави рақобати геополитикӣ ворид мегардад. Ин раванд наметавонад фазои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳавзаи Созмони ҳамкории Шанхайро бетаъсир гузорад. Вобаста ба ин, дар ин шароити тезутунди байналмилалӣ кишварҳои минтақаи Созмонро зарур аст, ки бо назардошти ин воқеият дар таҳкими раванди ҳамгироии СҲШ саҳми беш аз пеш гузоранд.

Дар бахши аввали Форум таҳти унвони “Дигаргуниҳои куллии низоми байналмилалӣ ва интенсификатсияи амалҳои муштараки давлатҳои СҲШ дар соҳаи амнияти байналмилалӣ” дар қатори намояндагони ҳайатҳои дигар давлатҳо, роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Парвиз Муҳаммадзода дар мавзуи “Нақши СҲШ дар шароити дигаргуниҳои куллии низоми байналмилалӣ” суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои муассиси СҲШ дар қатори дигар кишварҳои узв ҳамеша барои рушди ин Созмон саъй намуда, дар соли 2021 Раисии Созмонро ба ӯҳда дошта, Саммити 20 солгарди СҲШ дар сатҳи баланд ва бо муваффақият доир намуд. Доираи давлатҳо ва шароити мусоид барои ҳалли мушкилоти доғи минтақа ва ҷаҳон имкон медиҳад, ки СҲШ дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои геополитикӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ширкат варзад. Аз ин рӯ, ҳоло бисёр созмонҳои дигари байналмилалӣ ба ҳамкорӣ бо Созмон таваҷҷӯҳ доранд. Обрӯи ташаккулёфтаи байналмилалӣ ва дастовардҳое, ки дар арсаи байналмилалӣ ба даст оварда шудаанд, далели он аст, ки СҲШ кунун ба яке аз қутбҳои асосии сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Дар робита ба ин, зарур аст, ки иқтидори воқеӣ ва аҳамияти Созмон дар шароити дигаргуниҳои куллӣ дар низоми байналмилалӣ барои ноил шудан ба саъю талошҳои муштарак дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки барои ташаккули иттиҳодияҳои байналмилалӣ мувофиқанд, дуруст дарк гарданд ва мавриди истифодаи амалӣ қарор гиранд.

Дар бахши дуюми ҳамоиш таҳти унвони “Пайомадҳои иқтисодии вазъи низоъӣ ва мушкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Созмони Ҳамкории Шанхай” роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов ва дар бахши сеюми ҳамоиш таҳти унвони “Гуногунандешии фарҳангию тамаддунии “Рӯҳи Шанхай” ва ҳамкориҳои гуманитарӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ)” сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Холиқов маъруза карданд.

Зимни суханронӣ махсусан зикр гардид, ки “Рӯҳи Шанхай” дар раванди шаклгирии Созмон нақши ҷиддӣ ва бунёдӣ дорад. Вижагии он дар мавҷудияти иродаи неки сиёсӣ ва хоҳиши дар ҳама сатҳҳо фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳамсоягӣ ва шароит барои ташаббус, созандагии муштарак ва ҳамкории мутақобилан судманд аст.

Маҳз ҳамин гуна гуногунандешии сиёсӣ ва фарҳангию тамаддунӣ, ки бо ғояву арзишҳои муштарак муттаҳид шудаанд. СҲШ дар давоми ду даҳсолаи охир, ки аз арзишҳои умумӣ сарчашма мегирифт, собит кард, ки метавонад ҳамчун кафили якпорчагии сиёсӣ ва суботи иқтисодии минтақа баромад кунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои муассиси СҲШ дар қатори дигар кишварҳои узв ҳамеша барои рушди ин Созмон саъй карда, принсипҳои онро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ғанӣ гардонидааст.

Иштирокчиёни ҳамоиш вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мавриди муҳокима ва арзёбӣ қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият дар соҳаҳои гуногуни сиёсату иқтисодиёт, мудофиаву амният, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, туризми давлатҳои узви СҲШ-ро таъкид ва таъйид намуданд.

Дар ҷаласаи Форуми СҲШ намояндагони беш аз 20 муассисаи илмиву коршиносӣ ва пажӯҳишӣ аз кишварҳои ҳавзаи Созмон ширкат варзиданд.

Аз рӯйи ҷамъбасти ҷаласаи Форуми СҲШ Протоколи махсус қабул карда шуд, ки ба вазоратҳо ва муассисаҳои дахлдори давлатҳои узви СҲШ ва котиботи ин созмон фиристода мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки мақоми раисии Форуми СҲШ аз Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Россия ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуда, соли 2023 баргузории ҷаласаи навбатии 18-уми Форумро Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма дорад.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед