Рӯзи 4 ноябри соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар кори конфронс сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Нозирӣ Хусрав, ҳайати Маркази тадқиқоти стратегӣ – директори Марказ Усмонзода Хайриддин, муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзрда, муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёати хориҷии Марказ Ашуров Алиназар ва тоҷикони муқими Эрон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози конфронс сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо фарорасии ду санаи муҳим ва таърихии миллати тоҷик Рӯзи Конститутсия ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ табрик намуд. Зикр гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ заминаи барқарории сулҳу суботро дар кишвар ба вуҷуд оварда, давлати тоҷиконро аз хатари нобудшавӣ раҳо намуд.

Директори Марказ Усмонзода Хайриддин зимни суханронии худ аз лаҳзаҳои душвори ба сари миллат омада ибрози назар намуда, қайд кард, ки маҳз Иҷлосияи тақдирсоз ва қабули Конститутсия роҳи саодатмандии миллати тоҷикро боз намуд. Имрӯз маҳз бо талошу корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари амнтарин ҷаҳон табдил ёфтааст. Инчунин зикр шуд, ки дастовардҳои давлатдории мо, ки имрӯз дар ҷаҳон камназиранд, заминагузории  онҳо маҳз дар  ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз роҳандозӣ гардида буд.

Муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар эҳёи худшиносӣ, хотираи таърихии миллат ва ташаккули давлатдории миллӣ нақши калидии худро гузошт. Маҳз Иҷлосияи тақдирсоз буд, ки сарвари сиёсии мардумӣ ва хирадсолор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи саҳнаи сиёсӣ омаданд ва бо заҳмату талош ва фидокориҳои зиёд сулҳу суботро дар кишвар барқарор ва рушди устувори давлатдории миллиро таъмин намуд. Эътирофи ҷаҳонии Тоҷикистон, муаррифии фарҳангу тамаддун, эҳёи хотираи таърихӣ ҳама натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Парвиз Муҳаммадзода зимни таҳлили 30 соли равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар иброз дошт, ки тамоми дастовардҳои  Тоҷикистон дар 30 соли баъд аз ин Иҷлосияи тақдирсоз маҳз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагиву вобастгии амиқ дорад.

Инчунин дар ҳамоиш дигарон низ суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти Иҷлосияи тақдирсоз ибрози назар намуданд.

Чоп кунед