Мавриди зикри хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолиаш ҷонибдории худро ба арзишҳои низоми демократӣ изҳор намуда, дар санадҳои марбут ба ин масъалаҳо қабулгардида, пеш аз ҳама, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи ин низомро инъикос кард. Дар боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном дорад, моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёдии давлат ва баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ эътироф шудааст, ки онҳо рукнҳои муайянкунандаи низоми интихоботии мамлакат мебошанд. Бо дарназардошти ин муқаррарот дар моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гаштааст: «Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».
Қайд кардан бамаврид аст, ки интихобот ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, дорои аҳамияти муҳим буда, воситаи иштироки субъектҳои интихобот, дар раванди маъракаҳои интихоботӣ ба ҳисоб меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар шароити давлатдории муосири Тоҷикистон интихобот ягона меъёри легитимии ташаккули ҳокимияти давлатӣ, баромад карда, яке аз вазифаҳои асосиаш пеш аз ҳама, интихоб шудани вакилони сазовор баҳри ҳимоя кардани манфиатҳои интихобкунадагони худ дар сатҳи мақомоти намояндагӣ мебошад.
Вобаста ба ин масъалаи муҳимми барассигардида, бояд хотирасон намуд, ки он шакли ягонаи қонунии ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот ва дигар ниҳодҳои сиёсӣ мебошад. Интихобот чун ниҳоди демократӣ, нишондиҳандаи ташкили идораи демократии давлат, омили муҳимми ташаккулёбии ҳокимияти давлатӣ, амалӣ гаштани соҳибихтиёрии халқ шинохта шудааст ва шакли олии изҳори иродаи халқ аст. Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор менамояд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки интихобот дар шароити муосири давлатдории Тоҷикистон яке аз хусусиятҳои назарраси ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб рафта, воситаи муҳимми ташаккул ва рушди низими сиёсии ҷомеа, раванди демократикунонии ҷомеа, плюрализми сиёсӣ, низоми бисёрҳизбӣ ба ҳисоб рафта, дар шаклгирии ниҳодҳои сиёсии ҷомеа, хусусан, парламентаризм, аз омилҳои арзишманди рушди давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд хотирасон намуд, ки истилоҳи «интихобот» ҳангоми баррасии демократия ҳамчун шакли ташкили ҳокимияти сиёсӣ маънидод карда мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки интихобот яке аз ҷузъҳои асосии ҳаёти сиёсии ҷомеаи демократӣ мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки интихобот ниҳоди сиёсиест, ки тавассути он шаҳрвандон ҳуқуқ ва масъулияти худро барои муайян кардани қароре, ки аз номи онҳо дар сатҳи мақомоти намояндагӣ қабул мешавад, яке аз василаҳои муҳумми таҳким ва рушди ҳуқуқи интихобот ба ҳисоб рафта, дар шаклгирии низоми сиёсии ҷомеа, хусусан, парламентаризм, аз фаъолияти муҳиммашон ба ҳисоб меравад.
Метавон зикр намуд, ки вобаста ба масъалаи интихобот дар луғатҳои тафсирӣ маънои калимаи «интихобот» бо роҳи овоздиҳӣ интихоби вакилон ва шахсони мансабдор муайян шудааст. Дар илми сиёсатшиносӣ ва адабиёти муосири илмӣ мафҳуми «интихобот» тартиби ташкили мақомоти намояндагии ҳокимият ё додани ваколати шахси мансабдорро дар назар дорад, ки бо роҳи овоздиҳӣ доир гардида, барои ҳар як курсии вакилӣ ё вазифаи муайян ду ва ё зиёда номзад аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, субъктҳои интихобот пешниҳод карда мешавад.
Дар луғатҳои энсиклопедӣ ва ҳуқуқӣ интихоботро ҳамчун воситаи муҳимми ташаккули мақомоти давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ тавассути овоздиҳии шаҳрвандон маънидод мекунанд. Дар ин асос назарияе вуҷуд дорад, ки тибқи он мафҳуми «интихобот» се ҷузъро дар бар мегирад: сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва технологӣ. Аз ҷиҳати сиёсӣ интихобот дар шакли низоми мушаххаси интихоботӣ муаррифӣ мешавад, ки тақсимоти мандатҳои интихоботиро аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ муайян менамояд. Аз лиҳози ҳуқуқӣ интихобот ҳамчун қонуни интихобот-низоми меъёрҳои ҳуқуқӣ амал мекунад, ки тартиб ва кафолатҳои амалисозии амалҳои интихоботиро дар марҳалаҳои раванди интихобот муқаррар мекунад. Ҷанбаи технологӣ интихобот бошад, дар шакли гардиши санадҳои расмӣ ба расмият дароварда шуда, татбиқи ҳуқуқҳои фаъол ва ғайрифаъолии интихоботиро дар доираи раванди интихобот таъмин менамояд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар шароити давлатдории муосири Тоҷикистон яке аз ҷанбаҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаро интихобот ташкил намуда, воситаи муҳим ва самараноки ташаккулёбии низоми сиёсии ҷомеа баромад карда, дар раванди он нақши асосиро субъектҳои интихобот ташкил намуда, заминаи асосии ташаккули парламентаризми муосир маънидод мегардад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадафи асосии интихобот дар ҷомеаи демократӣ, пеш аз ҳама, таъмини иштироки шаҳрвандон дар ташаккули низоми мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ ба ҳисоб рафта, яке аз воситаҳои самараноки рушди парламентаризм ба ҳисоб меравад. Инчунин, метавон як қатор вазифаҳои мушаххаси интихоботро дар таъмини фаъолияти ҷомеаи демократӣ қайд намуд. Интихобот ҳам василаи қонунигардонии ҳокимият, раванди ташаккули низоми сиёсии ҷомеа, шакли муайян кардани мазмуни сиёсат ва ҳам роҳи иштироки шаҳрвандон дар раванди ҷомеа арзёбӣ гардида, механизми ташаккулёбии низоми сиёсӣ ва ҳокимияти давлатӣ маънидод мешавад. Вале бояд дар назар дошт, ки интихобот ягона воситаи қонунӣ гардондани ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд хотирнишон сохт, ки интихобот дар ҳаёти сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа яке аз усулҳои демократие мебошад, ки имкони манфиатҳои гуногуни интихобкунандагонро тавассути овоздиҳӣ дар интихобот баён мекунад. Дар давлатҳои демократии муосир интихобот шакли асосии изҳори иродаи халқ ва шакли татбиқи соҳибихтиёрии халқро ҳамчун яке аз принсипҳои асосии конститутсионӣ ифода мекунад.
Дар баробари ин, барои фаҳмидани моҳияти интихобот, пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки интихобот маъракаи муҳимми сиёсӣ мебошад, ки бо мурури замон инкишоф ёфта, маҷмуи марҳалаҳои амал ва раванде мебошад, ки бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад. Дар баробари ин, бояд хотирнишон сохт, ки фарқи куллии интихобот аз таъини бевоситаи дигар субъектони сиёсат дар он аст, ки интихобот бояд ошкоро, бидуни ҳеҷ гуна маҷбурӣ ва фишори маъмурӣ доир гашта, воситаи муҳимми иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ин раванд мебошад. Дар ин замиан интихоботро аз таъинот, яъне ба ин ё он мансаб шомил кардани шахси муайян, ки инфиродӣ ё аз ҷониби мақомоти интихоботӣ сурат мегирад, фарқ кардан лозим аст.
Бояд хотирасон намуд, ки ҳаёти сиёсии ҷомеаи муосирро бидуни интихобот тасаввур кардан ғайриимкон аст. Халқ бо ин тартиб намояндагони худро дар мақомотҳои намояндагии давлатӣ интихоб карда, ба онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки вазифаҳои муайянро иҷро кунанд. Дар баробари ин бояд гуфт, ки рӯйхати мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва намудҳои гуногуни вазифаҳои давлатӣ, ки тавассути интихобот ташаккул меёбанд, дар ин маврид нақши интихобот хеле калон аст. Ин рӯйхат тамоми сатҳҳои механизми ташкилиро дар бар мегирад: – аз мақомоти қонунгузории кишвар то ниҳодҳои намояндагии маҳаллӣ, аз роҳбари ҳукумат то роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар асоси меъёрҳои муайяншудаи интихобот ташаккул меёбанд.
Дар ин маврид ба ҳамагон маълум аст, ки дар раванди интихобот чун қоидаи муайяншуда, номзадҳо аз ҷониби субъектҳои интихобот пешбарӣ гардида, талош менамоянд, ки муборизаи сиёсиро дар асоси талаботи муайяншудаи қонунгузорӣ ба роҳ монда, дар ташаккул ва рушди низоми интихобот, парламентаризм, фаъолияти худро миёни ҷомеа устувор созанд. Бояд қайд кард ки ҳаёти сиёсии ҷомеаи муосирро бидуни интихобот тасаввур кардан ғайриимкон аст. Халқ бо ин тартиб намояндагони худро дар мақомотҳои давлатӣ интихоб карда, ба онҳо ҳуқуқ медихад, ки вазифаҳои муайянро иҷро карда, дар сатҳи мақомоти намояндагӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои интихобкунандагони худ, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки ба воситаи интихобот мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ интихоб гардида, вакилоне, ки тавассути интихобот интихоб карда мешаванд, уҳдадор ҳастанд, ки ваколатҳои худро иҷро карда, ба сифати субъекти фаъоли низоми сиёсии ҷомеа робитаи худро миёни интихобкунандагон устувор созанд. Ин раванд тамоми сатҳҳои механизми ташкилиро дар бар мегирад:– аз мақомоти қонунгузории кишвар, ниҳодҳои намояндагии маҳаллӣ, аз роҳбарони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, то сатҳи худидоракунии маҳалиро дар бар мегирад.
Қобили зикр аст, ки ҳадафи асосии интихобот дар ҷомеаи демократӣ таъмини иштироки шаҳрвандон дар ташаккули низоми мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ ба ҳисоб рафта, аз вазифаҳои асосии интихобот дар раванди сиёсии ҷомеа эътироф мешавад. Инчунин, метавонем як қатор вазифаҳои мушаххаси интихоботро дар таъмини фаъолияти ҷомеаи демократӣ ва рушди парламентаризм қайд намоем. Дар робита ба ин масъалаи муҳимми баррасигардида бояд хотирнишон сохт, ки интихобот ин пеш аз ҳама, василаи қонунигардонии ҳокимияти сиёсӣ, низоми сиёсии ҷомеа, механизми интихоби намояндагони халқ ва нишондиҳандаи ҷомеаи демократӣ эътироф шуда, воситаи муҳимми ташаккул ва рушди парламентаризми муосир ба ҳисоб меравад.
Бояд таъкид намуд, ки халқ тавассути тартиби муайяншудаи интихобот намояндагони худро дар сатҳи мақомоти намояндагӣ интихоб карда, ба онҳо ҳуқуқи қабули қарорҳои дахлдори сиёсӣ медиҳад. Интихобот асоси бунёди ҳар як давлати демократӣ мебошад. Ин воситаи асосии қонунияти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Интихобот, пеш аз ҳама, иштироки фаъоли сиёсии ҷомеаро барои иштирок дар идоракунии ҷомеа таъмин намуда, манфиатҳои аҳолии воҳидҳои алоҳидаи ҳудудӣ ё тамоми давлатро ифода менамояд. Дар баробари ин, метавон гуфт, ки интихобот яке аз муҳимтарин хусусиятҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.
Дар баробари ин яке аз муҳимтарин асосҳои сиёсӣ ва конститутсионии ҷомеаи муосири демократӣ ҳуқуқи интихоботи умумӣ мебошад. Дар баробари ин, муҳимтарин шакли демократияи мустақим, чуноне маълум аст, интихоби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳалӣ мебошад, ки натанҳо шакли татбиқи демократия, балки шарту кафолати зарурии он ҳам мебошад. Дар баробари ин, бояд хотирнишон сохт, ки интихобот воситаи муҳимми ташаккул ва рушди низоми сиёсии ҷомеа, плюрализми сиёсӣ, парламентаризм, ҳуқуқи интихоботӣ буда, аҳаммияти калонро дар раванди ҷомеа доро мебошад. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки интихобот дар навбати худ, барои иштироки васеъи намояндагони сохторҳои ҷамъиятию сиёсӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ шароиту заминаҳои заруриро фароҳам меорад.
Бояд хотирасон намуд, ки принсипҳои асосии гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ чунинанд:
– иштироки озодонаи шаҳрвандон дар интихобот ва раъйпурсӣ дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ;
– ошкорро ва шаффоф ба амал баровардани фаъолияти комиссияҳо дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот, райъпурсӣ, ҳисоб кардани овозҳо, муқаррар намудани натиҷаҳои овоздиҳӣ, инчунин муайян кардани натиҷаҳои интихобот;
– роҳ надодан ба фаъолияти комиссияҳо аз ҷониби мақомоти қонунгузор (намояндагӣ) ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва дигар шаҳрвандон;
– ҳатмӣ ва давра ба давра гузарондани интихоботи мақомоти давлатӣ ва вакилон дар муҳлатҳои муқарраршудаи қонун.
Дар баробари ин, бояд таъкид кард, ки интихобот ҷузъи муҳимми низоми сиёсии муосири Тоҷикистон, як раванди демократӣ барои намояндагӣ кардани манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар мақомоти давлатӣ, ки дар Конститутсияи ифода ёфтааст ва муҳимтар аз ҳама, ниҳоди асосии иродаи сиёсии мардум мебошад. Дар айни замон интихобот шакли асосии иштироки воқеии аксари мардум дар сиёсат аст. Интихобот ҳамеша ба овоздиҳӣ алоқамандӣ дорад. Дар натиҷаи интихобот ба номзадҳои интихобшуда ваколатҳо дар соҳаи ҳокимияти қонунгузорӣ ё намояндагӣ дода мешаванд.
Дар навбати худ, вазифаи қонунии худи институти интихобот тавассути як қатор нишондиҳандаҳо муайян кардан мумкин аст, муҳимтарини онҳо, ба назари мо, инҳоянд:
– бояд гуфт, ки дар раванди сиёсии ҷомеа интихобот ягона воситаи легитимии ташаккули ҳокимияти давлатӣ эътироф мегардад;
– интихобот ин меъёри муайяншудаи ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб рафта, воситаи самараноки иштироки субъектҳои интихобот дар ин раванд мебошанд;
– иштироки фаъоли шаҳрвандон дар раванди маъракаи муҳимми сиёсӣ, яке аз уҳдариҳо ва масъулияти шаҳрвандон мебошад;
– иштироки фаъоли интихобкунандагон дар раванди интихобот, аз вазифаи асосии ҳар як интихобкунанда, ба ҳисоб меравад.
Бояд хотирнишон сохт, ки интихоботи озод ин тартиби қонунигардонии ҳокимият мебошад, ки ба давлатҳои демократии муосир хос аст. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ки интихобот ҳамчун ниҳоди муҳимми низоми сиёсии ҷомеа дар раванди сиёсии ҷомеа ҷойгоҳи махсусро соҳиб буда, дар низоми сиёсии ҷомеа мақоми муҳимро доро мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар шароити давлатдории Тоҷикистон инитихобот ва ҳуқуқи интихобот воситаи муҳимми ташаккул ва рушди ҳокимияти давлатӣ ва низоми сиёсии ҷомеа баромад мекунад. Метавон дар раванди сиёсии ҷомеа чунин хусусиятҳои муҳимми интихоботро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод:
– интихобот ин меъёри легитимии ташаккулёбии низоми сиёсии ҷомеа, ба ҳисоб меравад;
– интихобот ин воситаи ташаккули ҳокимияти давлатӣ баромад карда, замини устуворро дар рушди ҷомеа мегузорад;
– интихобот ин меъёри муаяйншудаи ҷомеаи демократӣ буда, воситаи муҳимми ташаккулёбии низоми сиёсии ҷомеа баромад мекунад;
– дар раванди интихобот, нақши субъектҳои он аҳамияти муҳим дошта, воситаи самараноки рушди низоми интихобот ва парламентаризм ба ҳисоб меравад;
Дар робита ба ин масъалаи муҳимми баррасигардида қайд кардан зарур аст, ки принсипҳои асосии низоми интихобот дар боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ифода ёфтааст. Чунин тарзи танзими конститутсионӣ, яъне аз мавқеи ҳуқуқии фарди алоҳида, ҳамчун ҳуқуқи асосии сиёсӣ танзим намудан, ин тарзи маъмул ва умумиэътирофшуда мебошад.
Принсипҳои асосии баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ дар моддаи 3-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 1-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» муқаррар карда шудааст. Вобаста ба принсипи ҳуқуқи умумии интихобот қонунгузор муайян намудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.
Мутобиқи принсипи баробарӣ, сарфи назар аз мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоӣ қонунгузор ба ҳар як шахс кафолати амалӣ намудани ҳуқуқи интихоб карданро муҳайё намудааст. Ҳама гуна маҳдудкунии бевосита ва ё бавоситаи ҳуқуқи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихобот манъ аст ва мувофиқи қонун ҷазо дода мешавад.
Дар асоси принсипи ҳуқуқи бевосита ва бавоситаи интихобот, шаҳрвандон бевосита, яъне шахсан дар интихобот иштирок намуда, раъйи худро бобати масъалаҳои пешниҳодгардида изҳор мекунанд ё ин ки ба воситаи вакилони худ ин иқдомро амалӣ менамоянд. Яъне интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи шаҳрвандон мустақиман сурат мегирад.
Принсипи иштироки озод ва ихтиёрӣ дар интихобот маънои онро дорад, ки ҳар шахс бояд раъйашро озодона ва ба таври ихтиёрӣ баён намояд, ба ҷойи дигарон овоз додан мумкин нест. Мувофиқи принсипи ошкорбаёнӣ омодагӣ ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва вакилони ҷамоатҳо аз тарафи комиссияҳои интихоботӣ ба таври шаффоф ва ошкоро сурат мегирад.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар шароити имрӯзаи давлатдории Тоҷикистон, асоси ташаккул ва рушди пароламентаризм дар асоси интихобот ташаккул ёфта, омили меҳварии демократикунонии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Метавон нақши интихоботро дар рушди парламентаризм, дар ҳаёти сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа, чунин натиҷагирӣ кард:
– қобили тазаккур аст, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷоме, асоси ташаккул ва рушди парламентаризмро интихобот ташкил намуда, ба воситаи ин институти муҳимми сиёсӣ, намояндагони халқ, дар мақомоти намояндагӣ интихоб мегарданад;
– интихобот ягона меъёри легитимии ташаккули низоми сиёсӣ-ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ташаккул ва рушди парламентаризм аҳамияти муҳимро пайдо кардааст;
– қобили зикр аст, ки интихобот ин воситаи иштироки субъектҳои интихобот, ба ҳисоб рафта, омили муҳимми ташаккули парламентаризм, ба ҳисоб меравад;
– дар шароти имрӯза бояд гуфт, ки асоси ташаккул ва рушди парламентаризмро низоми интихобот ташкил намуда, воситаи самараноки иштироки субъектҳои интихобот дар ин раванд ба ҳисоб меравад.
Дар дурнамо бояд гуфт, ки барои мустаҳкам намудани рушди парламентаризм, ҳамчун омили муҳими демократикунонии ҷомеа, рушду ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, плюрализми сиёсӣ, чунин пешниҳодҳои муҳимро зарур мешуморем:
– пеш аз ҳама бояд фарҳангӣ сиёсиву ҳуқуқии электоратро дар раванди маъракаҳои интихобот баланд бародошт, чунки аоси ташаккул ва рушди парламентаризм дар раванди сиёсии ҷомеа аз ҳамин омилҳои муҳим вобастагӣ дорад;
– ба воситаи тарзу усулҳои гуногун дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба ба шаҳрвандон фаҳмонидани моҳияти санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дар соҳаи интихобот;
– дар ин самт ҳамкории наздики фаъолияти вакилон бо интихобкунандагони худ, ва таваҷҷуҳи асоси зоҳир кардан ба мушкилоти мавҷудаи онҳо, аз масъалаи муҳим ба ҳисоб мсеравад;
– қобили зикр аст, ки иштироки фаъоли интихобкунандагон дар ин маъракаи маҳимми сиёсӣ, аз омилҳои муҳимми ташаккул ва рушди плюрализми сиёсӣ, ҳуқуқи интихобот ва дар маҷмуъ парламентаризм ба ҳисоб меравад;
– дар ҳамин ҳол вақти он расидааст, ки дар асоси талаботҳои муайяншудаи санадаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи интихобот, шаҳрвандон иштироки фаъоли худро дар ин маъаракаи муҳимми сиёсӣ таъмин карда, ба сифати иштирокчии фаъоли раванди интихобот баромад намоянд;
– имрӯз вақти он расидааст, ки шаҳрвандони кишвар, ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи интихоботии ҳудро дар сатҳи меъёрҳои муайншудаи қонунӣ донанд, ва дар интихоби вакилони арзанда ва сазовор ба мақомоти олии намояндагӣ таваҷуҳи ҷидди зоҳир намоянд;
– бояд хотирасон намуд, ки ҳуқуқи интихобот яке аз ҳуқуқҳои фаъол ва сиёсии шаҳрвандон ба ҳисоб рафта, омили муҳимми ташаккул парламентаризмро ташкил медиҳад.
Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки дар ин заминаи 6 интихоботи даврии парлумонӣ халқи Тоҷикистон мақомоти қонунгузории кишварро дар солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020 дар ҳайатҳои нав таъсис дода, роҳи қонунии бунёди давлати мустақил ва демократии Тоҷикистонро рушд бахшид. Дар ин давра низоми қонунгузорӣ бо се раъйпурсии умумумихалқӣ се ислоҳоти конститутсиониро (солҳои 1999, 2003, 2016) ҳамчун давраҳои рушди низоми ҳуқуқии давлат паси сар кард.
Дар иртибот ба ин масъала бояд хотирнишон сохт, ки саннаи 2 марти соли 2025 интихобкунандагон ба назди қуттиҳои овоздиҳӣ омада, вакилони худро ба яке аз муҳимтарин пояҳои ҳокимияти давлатиамон, ба мақоми олии қонунгузори мамлакат-Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот барои панҷ соли оянда интихоб мекунем, ки аз самари фаъолияти онҳо низоми сиёсӣ, плюрализми сиёсӣ, рушду такомул ёфта, дар шаклгирии парламентаризм мусоидат хоҳад кард.
Шарифзода Лоҳутӣ Шариф,
доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент,
муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон