Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери равандҳои ҳам мусбат ва ҳам манфии глобалӣ, инқилобҳои илмию техникӣ ва таъсири хатару таҳдидҳои нав қарор мегирад. Ҷаҳонишавӣ ба раванди барқароршавии муносибатҳо ва алоқаҳои соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, аз он ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил гардид.

Баҳс дар бораи моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ хело ҳам қадим аст. Иддае чунин мепиндоранд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сохти ғайридавлатии ҳаёти ҷамъиятӣ тааллуқ дорад. Дигар муҳаққиқон ба ин назаранд, ки давлат низ ба он ҳамроҳ аст. Инчунин, дар мавриди ба ҷомеаи шаҳрвандӣ тааллуқ доштани ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар гурӯҳҳои ғайридавлатии низоми сиёсӣ низ фикри ягона нест. Иддае меҳвари асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, инсонро меҳисобанд аз ҷумла, талабот ба манфиатҳои онро, вале баъзеи дигар бошад низоми сохторҳоро, ки бар муқобили давлат аст, меҳвари ҷомеаи шаҳрвандӣ медонанд.

Маълум аст, ки ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ин қисмати ғайридавлатии ҳаёти ҷамъияти сиёсӣ, маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ мебошад, ки шароити фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоии инсон, қонеъ гардондани талаботҳо ва манфиатҳои он, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳоро таъмин менамояд.

Нишонаи асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ – вуҷуд доштани соҳибони озоди воситаҳои истеҳсолот мебошад, ки аз рушди демократия ва сатҳи муайни фарҳанги шаҳрвандӣ иборат аст.

Дар ин замина ҷомеаи шаҳрвандӣ аз унсурҳои муайяни зерин, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иттифоқи соҳибкорон, ассосиатсияҳои соҳавӣ, фондҳои хайриявӣ, ҳаракатҳои экологӣ, ҳаракатҳои зиддиҳарбӣ, ташкилотҳои илмӣ-фарҳангӣ, клубҳои сиёсӣ, Васоити ахбори оммаи мустақил, оила ва ғайра иборат мебошанд.

Ҳамин тариқ, дар зери мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоте фаҳмида мешавад, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон риоя карда мешаванд ва давлат бошад, ҳамчун кафили риояи ин ҳуқуқҳо баромад менамояд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз рӯи се ченак муайян карда мешавад: ҳуқуқӣ (баробарӣ дар назди қонун), сиёсӣ (ҳуқуқи интихобот) ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ (масалан, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ). Аз дигар тараф, мафҳуман ҷомеаи шаҳрвандӣ дорои ҷанбаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Агар унсури асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ шахсият бошад, пас таркибҳои ҷудонашавандаи он ҳамон ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳо ва гурӯҳҳое мебошанд, ки барои шахсият, манфиатҳо ва ҳадафҳои он мусоидат менамоянд. Идеяи озодии шахсият ва сектори хусусӣ дар консепсияи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷойгир аст. Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ гурӯҳҳое, ки намояндагони ташкилотҳои гуногун мебошанд, ба монанди ассосиатсияҳои коргарон ё деҳқонон, соҳибкорон, намояндагони ихтисосҳои гуногун, табибон, адвокатҳо, муҳандисон, муаллимон, намояндагони иттиҳодияҳои динӣ, ташкилотҳои занон ва ғайра дар ҷомеаи шаҳрвандӣ мақоми махсусро доранд.

Масъалаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо ҷанбаҳои назариявӣ, балки ҷанбаҳои амалӣ низ дорад. Албатта ҳар як ҷомеаи озоди демократӣ ба бунёди ниҳодӣ эҳтиёҷ дорад, ки на ба тариқи зӯроварӣ, балки бо роҳи ташаккули арзишҳои калидии ҷомеа рушд намояд. Озодии сухан ва рушди Васоити ахбори омма дар вазъи рақобатпазир метавонад унсури асоси ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад. Озодии сухан бояд аз ҷониби давлат таъмин гардад. Ба вуҷуд омадан ва пурқувват гардидани «синфи миёна», ки на ба сектори давлатӣ ва на фаъолияти соҳибкорӣ тааллуқ дорад, нишонаи асосии ҷомеаи шаҳрвандии воқеӣ мебошад.

Аз ин рӯ, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд муносибати қавӣ ва созандаи институтҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амал ояд, ки он суботро дар ҷомеа таъмин намуда, барои амалишавии сиёсати давлатӣ ва аз ҷумла, амалишавии ислоҳотҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат менамояд.

Дар раванди соҳибистиқлолӣ дар кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, дигар гардидани сохти сиёсӣ, дигаргуниҳо дар соҳаи иқтисодиёт, ба монанди ғайридавлатикунонии корхонаҳо, рушди бахши хусусӣ ва бунёди корхонаҳои нав, дигар гардидани сохтори иҷтимоӣ, ба вуҷуд омадани гурӯҳҳо ва қишрҳои нави иҷтимоӣ, дигар гардидани тарзи ҳаёт, дигаргуниҳо дар тамоюлҳои арзишӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳанг, дигаргуниҳо дар худшиносии инсонҳо ва ҳувияти миллӣ, этникӣ ва иҷтимоии онҳо ва ғ.

Бояд қайд кард, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ муҳити комили ҳуқуқии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд омад. Яке аз талабот ба давлати демократӣ ва мустаҳкам гардидани он рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар кишвари мо дар ин давра таҳкурсии воқеӣ ва заминаи асосӣ барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари аграрист, яке аз иқдомҳои бузург ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва кооперативҳои истеҳсолии кишоварзӣ буд. Дар баробари ин ташкили ассосиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ассосиатсияҳои истифодабарандагони об, ки манфиатҳои хоҷагиҳои деҳқониро дар назди ниҳодҳои давлатӣ ҳимоят мекунанд, аз ин иқдомҳо мебошад.

Ҳамин тариқ, дар даврони истиқлолият ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳамкорӣ менамоянд ва як муносибати созанда дар байни онҳо вуҷуд дорад. Албатта ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси қонеъ намудани талаботи намояндаҳои он ва ҳалли проблемаҳои онҳо арзи вуҷуд менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки аксар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ширкату созмонҳои хориҷӣ ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ доранд. Дар ин раванд зарурат ба вуҷуд меояд, ки баъзе талаботҳои байналмилалӣ риоя карда шаванд. Масалан, стандартикунонии маҳсулот, яке аз талаботи корхонаҳои истеҳсолии замони муосир аст, ки он маҷмӯи қоидаҳо ва талаботи дар сатҳи ҷаҳонӣ қабулшуда буда, барои таъмини ҳамкориҳо ва фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд. Ё ин ки унификатсия – якхелкунонӣ, иборат аст аз бурдани ҳисоботи дуруст ва ҳуҷҷатгузорӣ тибқи қонунҳои байналмилалӣ, ки аз ширкатҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ талаб карда мешавад.

Маълум аст, ки дар баробари ҷомеаи комили шаҳрвандӣ давлати ҳуқуқбунёд устуворона ташаккул ёфта, волоияти қонунро таъмин менамояд. Зеро ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд равандҳои аз ҳамдигар вобаста мебошанд ва баробар ташаккул ва инкишоф меёбанд. Чӣ қадаре, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд ёбад, ҳамон қадар пояҳои давлати ҳуқуқбунёд мустаҳкам мегарданд ва баръакс. Ин мазмун дар вазифаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд инъикос мегардад. Таҳти назорати якдигарии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ бе дахолати давлат ташаккул меёбанд, вале дар фаъолияти хеш ба қонун ва меъёрҳои давлат тобеъ мебошанд.

Ҳамин тариқ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имрӯз дар кишвари мо фаъолият менамоянд вале барои рушди онҳо чунин корҳоро бояд ба анҷом расонид:

– тақвият бахшидани ҳамкориҳои мусоид ва созанда миёни сохторҳои ҳукуматӣ ва ниҳоядҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

– ҳалли проблемаҳои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ, ки он аз зумраи ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони кишвар мебошад ва дар навбати худ, таъмин ва ҳифзи манфиатҳои шахрвандон аз ҷумлаи вазифаҳои давлат аст;

– фароҳам овардани шароити мусоид дар самти тақвият бахшидани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ширкатҳои истеҳсоливу тиҷоратӣ, махсусан дар раванди дастрас намудани қарзҳои дарозмуддат ва бефоиз;

– бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти таъсиси ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии нав, ки яке аз талаботи асосии ҷомеаи демократӣ мебошад;

– дар заминаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ва инкишоф додани шаклҳо ва воситаҳои худидоракунӣ, худташаккулёбии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо;

Нусратулло Зокиров, коршиноси раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа

Чоп кунед