Аз таҳлилҳо мушоҳида мегардад, ки ҳамасола дар натиҷаи татбиқи босамари вазифа ва афзалиятҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян гардида, инчунин амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Олии қунунгузории кишвар баёнгардида, соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат бо такя ба инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад.

Комёбиҳои бадастомада ба он вобаста аст, ки Пешвои миллат дар доираи Паёми худ тамоми масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро ба таври алоҳида мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, ҷиҳати таъмини рушди ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода мешаванд. Аз ин гуфтаҳо метавон хулоса намуд, ки ироаи Паёми Пешвои муаззами миллат ҳамчун як санади стратегӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои муайянгардида, нақши муҳим дорад. Бинобар ин, мардуми шарафманди Тоҷикистон, ҳамасола ироаи Паёмро аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бесаброна интизор мешаванд.

Аз нуқтаи назари мазмун ва муҳтавои умумии он, Паёми имсолаи Пешвои миллатро метавон ба бахшҳои зиёде тақсим намуд, ки муҳимтаринаш таҳлилу арзёбии вазъи иқтисодии мамлакат бо фарогирии бахши хусусию соҳибкорӣ, ба ҳисоб меравад.

Дар иртибот ба ин масъала, Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ фармуданд, татбиқи босамари чорабиниҳои дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” пешбинишуда ба боз ҳам баланд гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019 мусоидат намуд, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборат мебошанд:

  • зиёда аз 9,2 (2018-2019) миллиард сомонӣ зиёд гардидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;
  • муътадил нигоҳ доштани суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 7,5 дарсад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад;
  • танҳо дар 7 соли охир тақрибан ду баробар зиёд гардидани ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ;
  • тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард;
  • дар муқоиса бо соли 2013 то 45 дарсад зиёд гардидани бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар;
  • дар давраи таҳлилӣ сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт;
  • қариб то ду баробар кам шудани нишондиҳандаи умумии фавт, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола;
  • танҳо дар 7 соли охир то 5,1 банди фоизи зиёд гардидани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар. Ин нишондиҳанда аз тадбиқи босамари модели нави рушди иқтисодиёти кишвар, яъне гузариш аз мамлакати аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ дарак медиҳад;
  • то ба 323279 адад баробар гардидани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар соли 2019. Ин рақам дар муқоиса ба соли 2018 10657 адад ва соли 2013 бошад, беш аз 1,6 баробар, зиёд мебошад.
  • соли 2019 саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 70 фоизро ташкил дод, ки ин рақам нисбат ба 7 соли пеш 16 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Рақамҳои овардашуда агар аз як тараф ба тадбиқи босамари вазифа ва афзалиятҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян гардида, вобаста бошад, аз ҷониби дигар байёнгари пурра иҷро гардидани нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 соли оянда, мебошад.

Пешвои миллат, зимни ироаи Паёми худ иброз намуданд, ки то рафт шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро вазифадор месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.

Бо дарназардошти вазъи мавҷуда Президенти мамлакат ҷанбаҳои  сифатии таъмини рушди минбаъдаи иқтисоди миллиро муайян намуда, Ҳукумати кишварро водор намуданд, ки ба иҷрои вазифаҳои зерин диққати аввалиндараҷа диҳанд, аз ҷумла:

  • тақвияти нерӯи инсонӣ;
  • пешгӯи ва муайян намудани хавфу хатарҳои эҳтимолӣ ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ;
  • таҳия ва қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав;
  • зоҳир намудани таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба таъмини рушди бахши хусусӣ;
  • ҷоннок намудани корҳҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон;
  • дар заминаи Муассисаи далатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис додани бонки махсусгардонидашуда бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ. Таъсиси чунин бонк агар аз як тараф боиси афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигронидашуда гардад, аз ҷониби дигар дар зиёд гардиданӣ қарзҳои имтиёзнок ва дастрасии соҳибкорон ба он таъсири мусбат мерасонад;
  • муаррифи намудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ корро ҷоннок намояд. Чунки, ҳоло яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар пешбурди содирот муаррифӣ нагардидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва иштироки нокифоя дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад;
  • бо дарназардошти имконоти мавҷуда таҳия ва қабул намудани “Барномаи рушди содирот барои солҳои 2021-2025”. Қабули барномаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилию хориҷӣ, афзун гардонидани ҳаҷми содирот, коҳиш додани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии воридот шароити мусоид фароҳам меорад;
  • масъалаи дастрасии соҳибкорон, махсусан, соҳибкорони дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда ба захираҳои молиявию қарзии дарозмуҳлат ва бо фоизҳои нисбатан пастар то анӯз ҳамчун масъалаи ҳалталаб боқӣ мондааст.
  • ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он;

Иҷрои мақсаду вазифаҳои гузошташуда зарурати амалӣ намудани тадбирҳои зеринро ба миён мегузорад:

  • Истифодаи васеи хатҳои нави технологии хусусияти инноватсионидошда, вусъат додани коркарди ашёи хоми ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ. Тадбиқи масъалаҳои овардашуда ба тақвияти минбаъдаи нерӯи инсонӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард;
  • Дар таҳия ва қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав иштироки васеи намояндагони бахши хусусӣ ва соҳибкорон мувофиқи мақсад шуморида мешавад. Ин амал агар аз як тараф боиси  балнд гардидани сатҳи ҳавасманди ба ташкили фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар гардад, аз ҷониби дигар ба боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва фаъолнокии соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард;
  • Муҳайё намудани заминаи ягонаи ҳуқуқӣ барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, ба мақсад мувофиқ мебошад. Ҳалли ин масъала ба таъмини рушди бахши хусусӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ замина мегузорад;
  • Тақвият бахшидани фаъолияти кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин муколамаи шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар самти ҷорӣ намудани механизҳои ҳавасмандгардонӣ ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ зарур шуморида мешавад;
  • бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ дар заминаи Муассисаи далатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” таъсиси додани бонк  мувофиқи мақсад шуморида мешавад. Аз баски Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва дар заминаи он таъсис додани бонк” дар қаламрави Тоҷикистон ягона муассисаи дастгирии молиявии рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсоли таввасути пешниҳоди маблаѓҳои имтиёзноки молиявӣ бо фоизҳои нисбатан паст ба ҳисоб меравад аз ин ру, дар доираи  имкониятҳои функсионалии Бонки мазкур ба инобат гирифтани масъалаҳои зерин, аз ҷумла ба сифати гарав қабул нагардидани таҷҳизоту иншооти бунёдшаванда, пешниҳоди муҳлат ва имтиёзҳо барои пардохти фоизи қарз, инчунин дастрас  набудани қарз барои дигар намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ (кор, хизматрасонӣ) мувофиқи мақсад шуморида мешавад;
  • бо мақсади дастрасӣ ба маълумот оид ба номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунанда такмил додани портали савдои Тоҷикистон ва таъсис додани сомонаҳои интернетӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ барои муаррифии маҳсулот ва пайдо намудани шарикони хориҷӣ зарур дониста мешавад;
  • дар доираи таҳия ва қабули “Барномаи рушди содирот барои солҳои 2021-2025” зоҳир намудани тавваҷуҳи ба ҳаллу фасл ва бартараф намудани ин масъалаҳо:
  1. фаъол гардонидани ҷалби бахши хусусӣ;
  2. ҷоннок намудани ҳамоҳангсозии амалҳои байни вазорату идораҳои соҳавӣ ва бахши хусусӣ;
  3. монеаҳои маъмурии дар самти содироти маҳсулот ҳам дар кишвар ва ҳам дар давлатҳои ҳамсоя ҷойдошта;
  4. пешгӯии аз ҳад некбинонаи хавфу хатарҳои эҳтимолӣ;
  5. тарбияи кадрҳо, низоми маркетинг ва менеҷмент;
  • андешандни чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати муайян намудани сабабҳои кам ҷалб гардидани сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили бонкҳои нав ва камшавии сармояи оинномавии бонкҳои амалкунанда, инчунин ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани меъёри фоизи қарз аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Амонатбонк” мувофиқи мақсад шуморида мешавад.

Хулоса, ба андешаи мо, агар ҳар як вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар тадбиқи масъалаву вазифаҳои гузошташуда ва амалисозии силсила дастуру ҳидоятҳои қатъию мушаххасӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона назар кунанд, ба боз ҳам беҳтар гардидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, афзоиши ҳаҷми захирақои қарзӣ-молиявии имтиёзнок ва дастрасии васеи соҳибкорон ба он, соддагардидани низоми андозбандӣ, баланд гардидани сатҳи ҳавасманди ба ташкили фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, рақобатпазирии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва иқтидори содиротии мамлакат, таъмини истифодаи дурусту самараноки захираҳои истеҳсолӣ, таъсиси садҳо корхонаву муассиса, ҳазорон ҷойҳои нави кории устувор, ба шуѓл фаро гирифтани аҳолии қувваи қобили меҳнат, паст гардидани шиддати бекорӣ, муҳоҷират ва ба ин васила таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани  сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидати комил, хоҳад намуд.

Одинаев А.И., 

муовини сардори Раёсати

татқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ

ва рушди бахши хусусӣ

Чоп кунед