Cанаи 31 июли соли 2024 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 баргузор гардид.
Бо дарназардошти он, ки Марказ ҳамчун як ниҳоди илмӣ-таҳлилӣ ва машваратӣ барои таҳияи хулосаи коршиносӣ оид ба масъалаҳои муҳими рушди кишвар фаъолият мекунад, яке аз механизмҳои самарбахши интишор ва паҳн намудани мавқеъгириҳои ниҳод ҳамкорӣ бо ВАО ба шумор меравад. Аз ин рӯ, баргузории нишастҳои матбуотӣ бо иштироки намояндагони ВАО дар оммавӣ гардонидани фаъолияти Марказ нақши муҳим мебозад.
Дар ҳамоиши мазкур кормандони Марказ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ, аз қабили АМИТ “Ховар” – Шаҳлои Садриддин, Телевизионии “Сафина” – Раҳматуллозода О, рӯзнома ва ҳафтаномаҳои “Ҷумҳурият” – Судобаи Файзалӣ, “Садои мардум” – Солеҳзода Марҷона, “Ҷавонони Тоҷикистон” – Эшонова Ш, “Тоҷикистон” – Сарвинози С, радиоҳои “Озодӣ” – Иршод Сулаймонӣ, “Овози тоҷик” – Сафарова З ва Гирдакова З, ”Фарҳанг” – Уктамшоҳзода З, “Садои Душанбе” – Каримов Ш, Гурӯҳи расонаҳои “«ASIA-Plus»” – Меҳрофарин Наҷибӣ, Агентии иттилоотии “Reuters” ва дигарон ширкат намуда, савол ва масъалагузорӣ карданд.
Дар самти ҷалби васеъи рӯзноманигрон, Марказ вазифадор аст, ки маводи таҳлилӣ ва арзёбии коршиносони худро оид ба масъалаҳои мубрами кишвар маҳз тавассути ВАО ба мардум расонад. Чунки, нишастҳои матбуотӣ имкони ба роҳ мондани муколама бо рӯзноманигорон, баррасии мавқеъгириҳо ва посух ба суолҳои мардумро фароҳам оварда, огоҳии ҷомеаро оид ба самтҳои фаъолияти Марказ тақвият мебахшад. Аз ин рӯ, Марказ доимо робитаи худро бо намояндагони ВАО густариш дода, дар баррасии масъалаҳои гуногун доимо ҳамкории надикро бо онҳо барқарор намудааст. Дар робита ба ин, дар 6 моҳаи аввали соли 2024 аз ҷониби коршинсони Марказ дар барномаҳои гуногуни ВАО 106 маротиба мусоҳиба анҷом дода шуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати дастрасии васеъи ҷомеа ба маводҳои таҳлилӣ, дар ин давра дар сомонаи интернетии Марказ 438 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд дарҷ гардидааст, ки аз ин нишондод 210 адад ба бахши тоҷикӣ, 141 адад ба бахши русӣ ва 87 адад ба бахши англисӣ рост меояд. Дар ин замина, аз ҷониби кормандони Марказ ба 6 рисолаҳои илмӣ ва 65 мақолаҳои илмии дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА тақриз пешниҳод гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати самаранокии фаъолияти дар самти иштирок дар ВАО коршиносони Марказ кӯшиш ба харҷ медиҳанд то масъалагузориҳо пурмазмун ва касбӣ бошанд. Маҳз ҳамин омодагии ҳамешагии коршинсони Марказ ҷиҳати холисона ва дар муколамаи ошкоро бо намояндагони ВАО матраҳ намудани масъалаҳои мубрам имкон додааст, ки ниҳод ба боварии шаҳрвандон сазовор гардида, ҳамасола шумораи сокинони муроҷиаткунанда ба ниҳод рӯ ба афзоиш дорад.
Дар заминаи ба инобат гирифтани мавқеи шаҳрвандон ва ҷиҳати баратараф намудани мушкилоти мубрами ҷомеаи кишвар дар ин муддат таҳия ва ирсол намудани 160 гузориши таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз коршиносони Марказ зимни пажуҳишҳо, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ таваҷҷуҳи асосиро ба таъсири равандҳои муосир ба ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон равона намуданд.
Дидгоҳу баҳодиҳиҳои холисонаю саривақтии Марказ ба равандҳои минтақа ва ҷаҳон, пешниҳоди тавсия ва таҳлилҳои саривақтӣ доир ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат, минтақа ва ҷаҳон сабаб гардидааст, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ кормандони Марказ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ дар ҳайати 10 гурӯҳи кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои мушаххаси дар нақша гирифташуда ва ду гурӯҳ корӣ ба муҳлати як моҳ ҷалб гардиданд.
Марказ низ дар навбати худ ҷиҳати ҷалби доираи васеи коршинсони касбу кори гуногун дар самти таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрам, дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 12 чорабиниҳои илмию амалиро баргузор намуд, ки чорабиниҳои мазкур аз ҷониби расонаҳои хабари инъикос карда шуд. Илова бар ин кормандони Марказ дар 7 конфронсҳои илмию амалӣ, 5 мизҳои гирд ва семинарҳои дигар муаассисаҳо, 1 маротиба, берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳузурию маҷозӣ, дар Форумҳо 4 маротиба, (маҷозӣ 1 маротиба), конфронсҳои илмӣ-байналмилалӣ 5 маротиба, (маҷозӣ 1 маротиба), мизи гирд (маҷозӣ 1 маротиба) ва конфронси илмӣ-амалӣ 1 маротиба иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштироки густурдаи кормандон дар ҳамоишҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки густариши робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии кишварҳои ҷаҳон яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ниҳод ба шумор меравад. Айни замон муассиса бо 26 марказҳои зеҳнии хориҷ созишномаҳо ба имзо расонида, танҳо дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ Марказ бо намояндагони марказҳои зеҳнӣ ва ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ 12 суҳбату вохӯриро доир намудааст.
Бо такя ба дастовардҳои назаррас, бо боварии комил метавон гуфт, ки Марказ бо дарназардошти мавқеъ ва иқтидории кадрӣ дар равандҳои қабули қарорҳои муҳими давлатӣ нақши муассир дошта, ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ дар савол ва масъалагузориҳои намояндагони ВАО мушоҳида намудан мумкин буд.
Аз ҷумла, матраҳ гардидани мазмуну моҳият ва паёмади ибораи “сарнавишти ягона”, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин садо дода буд, ба умедвории бузурги рӯзноманигорон аз мавқеи Марказ далолат мекунад. Чунки то имрӯз масъалаи мазкур аз ҷониби рӯзноманигорон дар ягон ниҳоди давлатӣ матраҳ нагардидааст ва албатта, ки дар зеҳни ҷомеа низ дарки нодуруст оид ба ин масъала ҷой дорад.
Зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба масъалаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси принсипҳои эътирофи баробарӣ, эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо ҳамкориро ба роҳ мондааст. Роҷеъ ба ибораи “сарнавишти ягона” таъкид гардид, ки Консепсияи сиёсати хориҷии Чин таҳти унвони “сарнавишти ягона” – аз соли 2012 моҳиятан ифодагарӣ ҳалли мушкилоти замони муосир бо роҳи дастаҷамъона аст. Дар ин замина Чин иброз медорад, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хатару таҳдидҳои зиёде дучор гардидааст, ки ҳалли онҳо дар танҳоӣ ғайриимкон аст. Тоҷикистон низ моҳиятан дарк менамояд, ки ҳалли мушкилоти мавҷудаи байналмилалӣ дар алоҳидагӣ чӣ барои кишварҳои бузург ва чӣ барои кишварҳои хурд ғайриимкон аст.
Ҳамин тавр, дар остонаи маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён баргузор гардидани нишасти матбуотӣ, раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон аз мадди назари рӯзноманигорон дур намонд ва аз ҷониби директори Марказ таъкид гардид, ки “дар солҳои охир тақвияти муносибат миёни Тоҷикистону Эрон ба назар мерасад. Ин ба сафари аввалини раисиҷумҳури марҳуми Эрон Иброҳим Раисӣ сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, ширкати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави Эрон Масъуди Пизишкиён нишонаи густурда шудани равобит миёни ду кишвар мебошад”.
Дар маҷмуъ, ҳадаф ва самти пешгирифтаи Маркази тадқиқоти стратегӣ аз дидигоҳи тозаву муосир ба таҳлил ва ояндабинии рушди устувори мамлакат нигаронида шудааст. Маҳз ҳамоҳангсозии фаъолият ва мавқеъгирҳо миёни ҷомеа, мақомотҳои давлатӣ ва намояндагони ВАО ба Марказ имкон додааст, ки дар самти дастёб гардидан ба ҳадафҳои худ муваффақ гардад. Аз ҷониби дигар интизориҳои рӯзноманигорон аз Марказ ҳавасмандии кормандонро ҷиҳати сари вақт ва бо таҳлилҳои дақиқ қонеъ гардондани онҳо бештар месозад. Ба ин васила, иштироки фаъолонаи кормандони Марказ дар барномаҳои ВАО, аз қабили мубоҳисаҳои телевизионӣ, радиошунавонӣ ва нашрияҳои даврӣ ҳамчун як абзори муҳими ташаккулдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ ва стратегияҳои амал хизмат мекунад.
Раёсати таҳлил ва оянданигарии сиёсати дохилӣ