Санаи 31 октябри соли ҷорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳадаф аз имзои Ёддошти тафоҳумро пешбурд ва тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва таҳлилӣ миёни ин ду ниҳоди зеҳнӣ мебошад. Имзои санади нави ҳамкорӣ имкон фароҳам меорад, ки ҷонибҳо дар самти фаъолияти илмӣ ва таҳлилӣ ҳамкориҳои муштаракро бештар ба роҳ монанд.

Бояд таъкид намуд, ки дар соли 2022 ин дуюмин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо марказҳои зеҳнии Эрон аст. Тавре қаблан иттилоъ дода дода будем дар раванди сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон миёни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Чоп кунед