Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ то имрӯз дар маркази диққати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ин вилоят пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Маҳз бо мақсади таъмини рушду тараққиёти вилоят асри 21–асри рушди Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишвар–дарвозаи тиллоии Тоҷикистон эълон гардида, бо ҳамин мақсад садҳо нақшаву барномаҳои созанда амалӣ гардида истодааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи амалӣ гардидани мақсаду вазифа ва азалиятҳои дар доираи барномаҳои қабулгардида, кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла бахши иқтисодии вилоят ба дастоварҳои назаррас  ноил гардид, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса намудан мумкин аст.

  • Сохта ба истифода додани 743 иншоот ба маблағи умумии 927 миллион сомонӣ ва дар ин замина, таъсиси зиёда аз 3200 ҷойи нави корӣ;
  • Равона гардидани беш аз 21 миллиард сомонӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят. Танҳо соли 2020 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмини фаъолияти соҳаҳои гуногуни вилоят, аз ҷумла таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо, корҳои сохтмону ободонӣ, ба дастгирии буҷети вилоят 922 миллион сомонӣ равона шудааст, ки ин нисбат ба соли 2019 287 миллион сомонӣ зиёд мебошад;
  • Тадбиқи 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ дар замони соҳибистиқлолӣ. Ҳоло дар ҳудуди вилоят татбиқи боз 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад. Танҳо соли 2021 ба соҳаҳои гуногуни вилоят дар ҳаҷми 3,7 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидаст;
  • Ҷудо гардидани 1,7 миллиард сомонӣ кумаки молиявӣ барои дастгирии буҷети вилоят аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар солҳои 1992–2020. Илова бар ин, дар ин давра, дар ҳудуди вилоят 2030 иншоот ба маблағи умумии 3,1 миллиард сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст;
  • Пурра татбиқ гардидани 447 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои солҳои 2016–2020;
  • Пешбинӣ гардидани тадбиқи 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 миллиард сомонӣ дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2021–2025.

Дар шароити кунунӣ таъмини рушди устувори иқтисодӣ, аз ҷумла дар ВМКБ низ аз бисёр ҷиҳат ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя вобаста мебошад. Бинобар ин, аз рузҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба имруз бо мақсади беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар вилоят тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодааст, ки дар натиҷа соли 2021 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар вилоят ба 6899,4 адад баробар гардид, ки ин рақам нисбат ба соли 2000–ум тақрибан 7 баробар зиёд мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар самти таъмини рушди соҳибкорӣ, дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ–молиявӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз таҳлилҳо мушоҳида мегардад, ки солҳои охир дар вилоят вазъи пешниҳоди қарзҳои хурд аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ беҳтар гардида, дар даҳ соли охир ба 96 ҳазор шахсони ҳуқуқиву воқеӣ беш аз як миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои қардиҳанда ба вилоят дар ҳаҷми 94 483 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурду бузург дода шудааст.

Аммо мутаасифона қарзҳои дарозмуддат хеле кам буда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии қарзҳои ҷудогардида ҳамагӣ,  12,2 дарсадро ташкил медиҳад.  Илова бар ин, дар доираи Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти ин ниҳод, 29 лоиҳаи тиҷоратии субъектҳои соҳибкории вилоят, асосан ба корхонаҳои хурду миёнаи коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ дар ҳаҷми 13 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардидаанд, ки дар натиҷа аз ҷониби субъектҳои соҳибкории вилоят қариб 700 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.

Ҳукумати мамлакат вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ва сармоягузорон ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт амалӣ менамояд. Мунтазам такмили заминаи қонунгузорӣ дар самти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ ба рушди бахши воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ низ такони ҷиддӣ бахшид.

Бояд зикр намуд, ки ВМКБ, хусусан, дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ имкониятҳои зиёде дорад ва истифодаи самараноки чунин имконот масъулият, касбият ва қобилияти баланди ташаббускориро талаб мекунад.

Дар заминаи андешидани чораҳои зарурӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят мунтазам афзоиш ёфта, соли 2021, тақрибан 479 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра, истеҳсоли ғалладонагиҳо 1,7 баробар, аз ҷумла гандум 2,6 баробар, картошка 3,2 баробар, сабзавот 3,8 баробар ва мева 17 баробар зиёд гардидааст.

Мавриди зикри хос аст, ки дар вилоят барои тараққӣ додани истеҳсолот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ имконияту захираҳо, аз ҷумла тавассути рушди соҳаи саноат, хеле зиёданд. Ҳоло дар ҳудуди вилоят, маҷмуан 64 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд.

Дар заминаи тадбиқи раванди саноатикунонии босуръат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят мунтазам афзуда, соли 2021 305,8 миллион сомониро ташкил намуда, ки дар муқоиса бо соли 2020 1,7 маротиба ва нисбати соли 2011 5,6 баробар зиёд мебошад.

Ҳамин тавр, ислоҳоти доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ амалигардида, инчунин, роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо сармоягузорону соҳибкорон имкон дод, ки танҳо дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавии дар ВМКБ 1,1 миллиард сомонӣ баробар гардад, ки нисбат ба соли 2000–ум 21 баробар зиёд мебошад. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар имкон доданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 паст карда шавад.

Як нуктаи муҳимро бояд хотирнишон намуд, ки ноил шудан ба чунин дастовардҳои назаррас дар вилоят дар баробари дигар омилҳо, маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ муясар гардидааст.

Ҳарчанд, ки дар нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ тамоюлҳои мусбат мушоҳида гардад ҳам, вале, сифати рушди он бо дарназардошти имконияту захираҳои воқеии  дар ҳудуди вилоят мавҷудбуда, ба талабот ҷавобгу нест.

Маврид ба зикр аст, ки ҳоло дар ҳудуди вилоят барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва дар ин замина, таъмини рушди устувори иқтисодиёт, имкониятҳои фаровони истифоданашуда мавҷуданд, ки дар маҷмӯъ муҳимтарини онҳро чунин хулоса намудан мумкин аст, аз ҷумла:

  • Мавҷуд будани иқтидор ва имкониятҳои зиёд дар соҳаи саноат, махсусан саноати коркард (пашм, пуст, меваву сабзавот, шир, гушт, гиёҳои шифобахш);
  • Мавҷуд будани захираҳои зиёди табиӣ. Мувофиқи омори расмӣ ҳоло дар ҳудуди вилоят 12–кон, 54–зуҳуроти маъдан бо 24 намуди канданиҳои фоиданок, аз ҷумла конҳои ангишт, зуҳуроти ояндадори оҳан, манган, мис, тилло, нуқра, қалъагӣ, волфрам, ашёи гилхоки алюминийдор, металлҳои ранга, тахтасанги мармарӣ, инчунин хок барои истеҳсоли хишт, семент, зуҳуроти ояндадори нуқра ва кони калонтарини ашёи боросиликат, намак, молибден, висмут, асбест, керамзит, ашё барои истеҳсоли оҳаксанг ва хоки омехтаи регу қум барои истеҳсоли шиша мавҷуданд;
  • Фаъолият намудани Маркази соҳибкории Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор, инчунин Ассотсиятсия соҳибкорони вилоят;
  • Фаъолият намудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бозорҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин;
  • Шароити хуби иқлимӣ барои боғпарварӣ ва растанипарварӣ, инчунин чарогоҳҳои васеъ барои инкишоф додани соҳаи чорводорӣ;
  • Имкониятҳои васеъи рушди соҳаи туризм, аз ҷумла туризми кӯҳнавардӣ, пиёдагардӣ ва кӯҳию варзишӣ, туризми экологӣ, дарёнавардӣ (рафтинг), парапланеризм, лижаронии кӯҳӣ, туризми таърихию маърифатӣ ва этникӣ, туризми тиҷоратӣ, шикори байналмилалӣ ва ғайра.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло дар ҳудуди ВМКБ тақрибан 100 ёдгориҳои табиат маълуманд, ки дар байни онҳо миқдори зиёди ёдгориҳои геморфологӣ, яхшиносӣ, обшиносӣ, геологӣ мебошанд. Бисёре аз онҳо метавонанд мақоми байналмилалӣ гиранд, яъне дар ташкили хатсайри туризми байналмилалӣ истифода шаванд.  Илова бар ин, дар вилоят зиёда аз 70 чашмаҳои минералӣ кашф шудаанд, ки дар байни онҳо 28–тоашон гарм мебошанд.

Ҳамаи ин гуфтаҳо далели возеҳи имкониятҳои фарох дар самти ташкил ва рушди соҳибкорӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ  мебошад. Бешубҳа истифодаи чунин имкониятҳо танҳо дар сурате метавонад имконпазир бошад, ки агар фазои сулҳу оромӣ, хусусан, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар ин мнтақа таъмин бошад.

Набояд фаромуш намуд, ки халалдор сохтани суботи сиёсӣ натанҳо сатҳи ҳавасманди ба ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, балки ҷалби сармоя ва саёҳон, ки аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб меравад метавонад чанлсолаҳо ба қафо партояд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ мебошад.

Дар ин самт, бо мақсади боз ҳам мусоид намудани шароит барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ такмил ёфта, як қатор сабукиҳои андозӣ ҷорӣ гардиданд.

Махсус бояд таъкид намуд, ки фазои иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамаи сармоягузорон, ки ҷойи кор таъсис медиҳанд, ба бозори дохиливу хориҷӣ молу хизматрасонӣ пешниҳод мекунанд ва қонунгузории миллиро риоя менамоянд, ҳамеша кушода буда, барои чунин сармоягузорон бастаи имтиёзҳои гуногуни иқтисодиву маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

Одинаев А.И.,
сардори Раёсати  таҳлилӣ
масъалаҳои соҳибкорӣ ва
рушди бахши хусусӣ

Чоп кунед