Интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 1 марти соли 2020 ва палатаи болоӣ 27 март баргузор мешавад. Ин шашумин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар раванди давлатдории демократӣ ҳам парламентаризм рушд кард ва ҳам низоми бисёрҳизбӣ аз лиҳози шумора ва сифат ташаккул ёфт ва фаҳмиши мардум нисбат ба интихобот дигаргун шуд. Парлумони сессиявӣ (қабл аз соли 2000-ум) ба парлумони доимоамалкунанда ва касбӣ табдил шуд.

Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ пас аз интихобти парлумонии соли 2015 робитаи мутавозинро бо ҷомеа нигоҳ дошта, фаъолнокии сиёсии худро то марҳилаи кунунӣ ҳифз карданд. Қисмати дигар тайи ин солҳо аз иштироки фаъол дур буда, баъди эълони санаи интихобот чун «занбурӯғи баъди борон» боз пайдо шуданд. Ҳолати онҳо «вақти меҳнат гурехтану ба ҳосил умед бастан»-ро ифода мекунад. Бо вуҷуди ин, қоидаҳои интихобот аз раванди маъмулии меҳант тафовут дорад. Дар охирин лаҳза ҷузъиёте, омиле ба бартарияти ин ё он ҳизби сиёсӣ таъсир расониданаш мумкин аст. Вобаста ба ин, аз нуқтаи назари пешбининамоӣ интихобот мураккабтарин раванди сиёсӣ ба шумор меравад.

Яке аз шаклҳои маъмули ояндабинӣ  ояндабинии стратегӣ мебошад, ки маъмулан он аз ҷониби коршиносони соҳаҳои мухталиф васеъ истифода бурда мешавад. Ояндабинии стратегӣ тариқи таҳлили вазъияти қаблӣ ва дар асоси он муайян кардани вазъияти оянда сурат мегирад, вале дар солҳои охир ин метод аз нуқтаи назари дақиқият аҳамияти худро тадриҷан аз даст медиҳад. Ба сари қудрат омадани Доналд Трамп, ки дар таърихи Амрико сарварони қаблӣ одатан аз насли элитаҳои сиёсӣ интихоб мегаштанд ва президент интихоб шудани ҳаҷвнигор Владимир Зеленский дар Украина чаҳорчӯби таҳлилҳои анъанавии коршиносонро шикастанд. Њамин њолат дар интихоботи парлумонии кишварњо низ ба назар расиданаш мумкин аст.

Дар мисоли Тоҷикистон агар аз нуқтаи назари ояндабинии стратегӣ баҳо диҳем, дар соли 2015 Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бояд дар интихобот баъд аз ҲХДТ фоизи зурури овозҳоро ба даст меовард, зеро аз рӯйи таҷрибаҳои қаблӣ ҳизби мазкур ҳамеша баъд аз ҲХДТ қарор дошт. Албатта бо тафовути қобили мулоҳизаи овозҳо. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бошад, наметавонист ба парлумон роҳ ёбад, чунки дар интихоботи қаблии парлумонӣ ҳамеша ноком буд. Дар мавриди худ, ҲКТ бо миқдори ками овозҳо аз ҷой дар пурлумон маҳрум шуд ва ҲСТ соҳиби як ҷой дар парлумон гардид. Бинобар ин, истифодаи методи ояндабинии стратегӣ амалан, дар таҳлили баъзе аз равандҳои сиёсии замони муосир, ба монанди интихобот чандон комил ба назар намерасад. Аз ин рӯ, аз ҷониби мутахассисон фосилаи таърихии нигоҳҳои таҳлилӣ дар мавриди равандҳои ба интихобот мушобеҳ бисёр наздик интихоб карда мешавад, яъне дарки ҳолати имрӯза ва тафсири оянда.

Ҳолати кунунии ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон низ имкон медиҳанд, ки мақоми онҳо дар интихоботи оянда дар сатҳи муайян арзёбӣ карда шаванд, вале дар ҳеҷ сурат ва бо ягон меъёру ченак наметавон дақиқан натиҷаҳои раъйи ба ҳизбҳои сиёсӣ додашавандаро «фоизбандӣ» кард.

Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар низоми сиёсии кишвар ҷойгоҳи муайяни худро соҳиб мебошанд.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон. Ҳизби мазкур айни замон аз нуқтаи назари ҷой дар парлумон тақрибан ҲКТ-ро иваз мекунад, зеро дар се давраи аввали интихоботи парлумонии ҷумҳуриямон ҲКТ ҳамеша мақоми дуюминро касб мекард, ҳоло бошад, ҲАТ бо касби се ҷой дар парулмон як навъ меросбари мақоми ҲКТ аст. ҲАТ миёни омма «нармтарин» ҳизби сиёсӣ баҳогузорӣ карда мешавад. Ин тарзи баҳогузории шаҳрвандон шояд ба мавқеи мӯътадили асосан роҳбарияти ҳизб ва тарзи номгузории он вобаста бошад. Ҳарчанд ҳизби сиёсӣ бе идеология ва дур аз сиёсат мавҷуд буда наметавонад, вале ҲАТ ягона ҳизбест, ки аз рӯйи номи худ ҳизби «ғайриидеологӣ» ва «ғайрисиёсӣ» ба назари омма вонамуд мешавад, зеро дар фарқ аз ҳизбҳои дигар унсурҳои идеологию ислоҳотталабӣ дар номгузории ҲАТ дида намешавад. Он ҳизби аграрист ва баёни ҳолати табии рушди кишвар аст. Бо вуҷуди ин, ном ҳеҷ гоҳ баёнгари асл ва ҳадаф нест ва ҲАТ низ дар ин росто комилан як нерӯи сиёсии қобили мулоҳиза дар кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳизби мазкур имкон дорад ҷойи худро дар парлумон ҳифз кунад.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон. Эҳтимол дар барномаҳои пешазинтихоботии ҳизб дар соли 2020 масъалаҳои васеи саноатикунонии босуръат бештар ба назар расанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегии худро саноатикунонии босуръат эълон намуд, ки он як бахши бузурги ҳадафи рушди кишвар, на дар як ё ду даҳсоли оянда, балки дар дар давоми асри ҷорӣ боқӣ хоҳад монд. Аз ин ҷиҳат, тарҳу зикри барномаи ояндаи ҲИИТ бо дарназардошти ҳадафи чоруми кишвар ҳам имконият ва ҳам ҳолати муқаррарӣ хоҳад буд. Вобаста ба он, ки ҳизби мазкур дидгоҳи ислоҳотталабиро дар бахши иқтисод пеш мегузорад, ҳузури намояндагони он дар пурлумон зарур аст, зеро аз дидгоҳи барномарезии стратегӣ дар самти саноатикунонии босуръат ниёз ба вакилони иқтисоддон дар парлумон бештар мегардад.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. Азбаски ҲКТ ҳам дар даврони Шӯравӣ ва ҳам баъд аз истиқлолият як қувваи шикастнопазири сиёсӣ қабул шуда буд, дар интихоботи соли 2015 ноком шудани он, як марҳилаи душвортарини равонӣ барои роҳбарият ва аъзоёнаш ба шумор мерафт. Новобаста аз ин, ҲКТ аз ҷумлаи ҳизбҳоест, ки дар сатҳи роҳбарияташ (марҳум Исмоил Талбаков) аз аъзои худ даъват намуда буд, ки «Дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ оянд». Ин мавқеъ, албатта аз як ҳизб доштани иродаи бузургро тақозо мекунад. ҲКТ ҳадаф дорад, ки дар интихоботи парлумонии оянда иштирок намояд ва дар сурати пешниҳоди барномаҳои ҷолиби пешазинтихоботӣ имкони роҳ ёфтани намояндааш дар парлумон мавҷуд аст.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон. ҲСТ то соли 2015 ҳамеша дар интихоботи парлумонӣ (аниқтараш дар интихобти соли 2005-2010) бар асари монеаи 5-фоиза ноком буд, вале аз соли 2015 бо 5,5 % овоз як намояндаи он дар парлумон роҳ ёфт. Дар дохили ҳизб ҳанӯз аз ибтидои солҳои 2000-ум мухолифатҳо, асосан дар сатҳи роҳбарияташ мавҷуд буданд ва он имрӯз низ пурра аз байн нарафтааст ва ин яке аз монеаҳо дар самти касби бештари нерӯ барои ҳизб аст. Ҳизб ҳамеша ҷонибдории худро аз сиёсати Пешвои миллат иброз медорад. Ин мавқеи ҲСТ чеҳраи оппозитсионӣ доштани онро мутлақо аз байн мебарад ва дар оянда барои нигоҳ доштани нуфӯзаш кӯмак хоҳад кард.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон. ҲСДТ ҳамеша мавқеи оппозистсионии худро нигоҳ медорад. Дар ягон давраи интихоботи парлумонӣ муваффақ нашудааст. ҲСДТ аз нигоҳи этибору қудрат нисбат ба дигар ҳизбҳои сиёсӣ зарфияти нисбатан камро соҳиб аст. Шумораи аъзои ҳизб низ хеле кам мебошанд. Мушкилие, ки ҲСДТ дар маъракаи интихоботӣ рӯ ба рӯ мешавад, ин пушти сар карда натавонистани монеаи 5%-а аст, яъне зиёда аз 5% -и овозҳои шумораи умумии интихобкунандагонро ба даст оварда наметавонад. Роҳбари ҲСДТ аз мушкилии гаравпулии номзадҳо барои интихоботи порлумонӣ барои иштироки намояндагонаш дар интихобот изҳори назар кардааст. Азбаски дар баробари эътибор, ҷанбаи молиявии ҲСДТ низ гирифтори бӯҳрон аст, кӯшиши иштирок дар интихобот барои он фақат аз як нуқтаи назар – «номуси сиёсӣ» сурат гирифтанаш мумкин аст.

Ҳизби демократии Тоҷикистон. ҲДТ моҳи феврали соли 2005 бори аввал дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ширкат варзид. Тибқи натиҷаҳои интихобот, ҳизб 7.36% овоз гирифт ва натавонист ба парлумон ворид шавад. Дар интихоботи охирини парлумонии Тоҷикистон дар соли 2015, ҲДТ тавонист 1,7% овоз гирад. Ин бори аввал дар таърихи ҲДТ имконият фароҳам овард, ки як намоянда дар парлумони Тоҷикистонро пешниҳод кунад. Тайи панҷ соли намояндагӣ дар пурлумон намояндаи ин ҳизб нисбатан фаъол ба назар мерасид. Дар муҳокимаҳои лоиҳаҳои қарору қонунҳо ва масъалаҳои дигари ҷомеа ҳамеша мавқеи худро иброз менамуд. Ин имкон дод, ки ҳизби мазкур дар симои роҳбари имрӯзааш Саидҷаъфар Усмонов миёни мардум ба ҳадде эътибор касб кунад. Роҳбарияти ҳизб аз он изҳори умед кардааст, ки дар интихоботи оянда ҲДТ 10 ҷойро ба даст хоҳад овард. Ин баёния албатта барои рӯҳбаланд кардани аъзои ҳизб ва ҷалби таваҷҷуҳи мардум аст. Дар асл, ҳизби мазкур имконияти камтаринро барои воқеӣ шудани ин умедаш соҳиб мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Ин бонуфузтарин ҳизби сиёсии кишвар аст ва аз рӯйи эътибору иқтидор (маъмурӣ, идеологӣ, аъзо ва таркиби иҷтимоии пайравонаш) бо ҳизбҳои дигар муқоисанашаванда аст. ҲХДТ ҳам иқтидори зиёди маъмурӣ дорад (аксарияти ҷой дар парлумон) ва ҳам эътибораш миёни омма бузург аст. Ҳизбро се омили асосӣ қувват медиҳад. 1) Роҳбари ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Омма дар симои ҳизб роҳбари оқилу доно ва дар симои роҳбари он ҳизби тавоноро мебинад. 2) Нерӯи зеҳнии ҳизб бисёр бузург аст. Таркиби онро дар баробари қишрҳои дигари иҷтимоӣ, олимону зиёиёни пешқадами кишвар ташкил медиҳанд. Зиёда аз ин, ҲХДД таҷрибаи 25-солаи фаъолияти пурсамар дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайраро соҳиб мебошад. Сифатнокии таркиби ҳизб ба самаранокии фаъолияти он мусоидат мекунад. 3) Барномаҳои ҳизби мазкур ҷузъи барномаҳои имрӯзаи рушди васеи соҳаҳои кишвар мебошанд. Ин ҷиҳат ҳизбро ба як қувваи давлатсоз табдил додааст.

Дар солҳои охир қаноти ҷавонони ҳизб бисёр тақвият меёбад, Гуфтан метавон, ки ҷавонони ҳизб яке аз нерӯҳои фаъолтарини маъракаҳои сиёсӣ дар кишвар мебошанд. Зиёда аз ин, ҳизбро доштани дастгоҳи пурқуввати ташвиқоту тарғибот: нашрияҳо, сомонаҳои иҷтимоӣ боз ҳам қувваи дигар мебахшанд. Бинобар омилҳои болозикр, ғалабаи ҲХДТ-ро дар интихоботи парлумонї ҳамчун аксиома бояд пазируфт ва он ягон шубҳаеро набояд ба вуҷуд орад. Он њизбест, ки бо эњсос аз хатари парокандашавии давлат ва масъулияти барқарорсозии якпорчагии миллат рўйи сањнаи сиёсат омада, сањми беназиреро дар устувории давлатдории миллиамон гузоштааст.

Дар умум, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҷузъи инкорнашавандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раванди давлатдории демократӣ ба шумор мераванд. Муҳим он аст, ки фарҳанги сиёсии омма дар қолаби арзишҳои миллию демократӣ рушд намояд. Мардум бояд ҳадафҳои ҳаётию шаҳрвандии худро бо ҳадафҳои оинномавии ҳизбҳои сиёсӣ муқоиса ва мувофиқа карда тавонанд. Дар ин сурат иштироки фаъол ва оқилона дар интихобот таъмин хоҳад гашт. 

Маъруф Абдуҷабборов,

муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

 

Чоп кунед