Миллати мо фарҳанги офаридаашро мунтазам омӯхта,такмил дода, беҳтарин арзишҳои онро, ки боис ба рушду нумуи ҷомеа мегардад, сармашқи кору зиндагии худ дар масири таърих қарор додааст. Хусусан, дар шароити истиқлолияти давлатдории миллӣ эҳёи фарҳанги гузаштаи миллиамон ба сифати пул робитаи ҷомеаи гузашта ва муосирро тавассути ҳамин фарҳанги волою арзишманд таҳкиму тавсеа мебахшад. Ҳастии ҷамъиятии мо ва таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки бо фарҳанг пайваста будани инсон хусусияти мураккаби маҷмуавӣ дошта, он тамоми фаъолияти ӯро дар ҷабҳаҳои гуногун дар бар мегирад. Фарҳанг ҳамеша башарӣ аст, чунки он маҳсули фаъолияти бошуурона, натиҷаи эҷодӣ бунёдкоронаи ӯст.
Халқи тоҷик соҳиби давлати миллӣ буда, ба сӯи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд гомҳои устувор ниҳодааст ва фарҳанг дар ҳалли масъалаҳои қисматсози ҷомеа ва давлати миллӣ нақши хосаю калидӣ дорад. Сабаби асосии аҳаммияти бағоят бузург пайдо кардани фарҳанг пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки агар иқтисодиёт ва сиёсат табиатан одамонро аз ҳам ҷудо намуда, дар байни онҳо тафовути муайян гузорад ва ба нерӯҳои ҷамъиятию сиёсӣ мақоми баланди давлатӣ ва роҳбариро диҳад, фарҳанг чунин фарқиятро дар ҷомеа аз миён бардошта, ба манфиати миллӣ, яъне афзалиятро ба боло бурдани ҳисси миллию ватанпарварии шаҳрвандон медиҳад.Аммо, ин ҳаргиз маънои паст задани мақоми иқтисодиёт, иҷтимоиёт, ва дигар омилҳое, ки боиси боло рафтани сатҳи зиндагии мардум мегардад, надорад. Баръакс таъкид карданӣ ҳастем, ки ҳамаи омилҳои зикршуда танҳо дар сурате маъною мазмуни башарӣ гирифта ба инсон хизмат мекунанд, ки фарҳангӣ буда, дар доираи фарҳанг амал намуда,тамаддуни мавҷударо нақшу ҷилои инсонӣ диҳанд. Фарҳанг инсониятро ба дараҷаҳои баланди эҷодкорию озодандешӣ расонида, ба субъекти бошуури фаъол ва комили раванди таърихӣ табдил медиҳад. Танҳо дар ҷараёни инкишофи ҳамаҷонибаи фарҳанг ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, гулгулшукуфии Ватан, сулҳ ва дӯстӣ дар ҷомеа пойдор мегардад. Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги муосири миллии тоҷик, ки ифодагари арзишҳо ва дастовардҳои бою пешқадами ҷаҳонӣ аст, дар ҳалли мушкилотҳои мавҷуда ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷамъиятамон нақши ҳалкунандаро мебозад.
«Фарҳанг ҳастии миллат аст». Дар ин суханони пурмуҳтаво ва баландғояи Пешвои муаззам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҷанбаҳои асосии ҳастии миллат дар олами маънавиёт ифода ёфтааст. Дар ҳақиқат фарҳанг муаррифкунандаи имконияти мавҷудияти инсон, миллат ва ҷамъият мебошад, зеро мавҷудияти миллат бидуни фарҳанг имконнопазир аст. Фарҳанг ҷавҳар ва бақои ҳар миллат буда, воситаест, ки миллат ба тамаддун ва таърихи башарӣ номи худро абадан сабт мекунад.Бинобар ин имрӯз мо хислати волои миллати худро дар рӯ овардани он ба анъанаҳои бойи ниёгон эҳсос мекунем ва он таҳким меёбад ва ин арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ василаест, ки ҷомеъаро муттаҳид сохта, ба сӯи тамаддуни мутараққӣ роҳнамоӣ менамояд. Маҳз дар ҳамин замина Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо зиёиёни эҷодкор таъкид намуда буданд, ки «…фарҳанг пайвандгари маънавии наслҳо буда, ҳофизаи таърихии миллатро устувор медорад, фарзандони ӯро ба сӯи арзишҳои солиму ибратбахши ҷомеъаи башарӣ ҳидоят менамояд».
Муссалам аст, ки зиёиёни эҷодкор офаранда, пешбаранда ва такмилдиҳандаи фарҳанг мебошанд, онҳо нерӯ ва ҷавҳари ақлонии миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд. Дар фаҳмиши имрӯзаи мо дар маҳзари зиёӣ, ходими илму ҳунар, ифодакунандаю пешбарандаи фарҳанги миллӣ таҷассум ёфтааст.Ӯ ҳамчун соҳиби тафаккури назарӣ-эҷодӣ мардумро бо ғояю андешаҳои волои миллӣ пайванд мегардонад. Зиёӣ роҳнамои маънавӣ ва тарбиятгари ақлу хирад аст. Вай намоянда ва ифодакунандаи фарҳанги хаттист, ки симояш дар адабиёти бадеию илмӣ зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, дар аксар маврид фикру андешаи зиёиён то андозае аз ақидаи оммаи халқ, ки доранда ва барандаи дигар фарҳанг-фарҳанги этникӣ, анъанавӣ ва шифоҳию маросимӣ мебошад, тафовут дорад. Ин вижагӣ, хусусан дар ҷомеаи имрӯзаи мо равшан эҳсос мешавад; мо инро дар кӯчаю бозор, дар тарзи гуфтугӯю муносибати одамон, дар сару либос ва одоби суханронии мардумон мушоҳида мекунем.Яке, аз вазифаҳои аввалиндараҷаи зиёиён, ки намояндагони фарҳанги миллӣ мебошанд, дар шароити кунунӣ аз он иборат аст, ки арзишҳои бою ғании ин фарҳангро бо тамоми хусусиятҳою тобишҳояш ба оммаи васеи мардум интиқол диҳанд.Зиёиён ҳамчун қисми маърифатноктарини ҷомеа бешубҳа намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа мебошанд.Гарчанде, ки онҳо аз табақа ё музофоти муайян баромадаанд, фикру ақида ва тафаккуру ҷаҳонбиниашон аз дигар мардум ба куллӣ фарқ дорад. Мо дар мисоли кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон дида истодаем, ки халқҳои ба тамаддуни муосир ворид шудаистода, вазифаи аввалини истиқлолияти худро дар эҳёи фарҳанги миллӣ ва инкишофи иқтисоди миллӣ мебинанд. Аз ин лиҳоз, зиёиёни мамлакат метавонанд, дар тамоми саҳаҳои ҳаёт дигаргуниҳои куллӣ ҷорӣ намуда, ҷомеаи моро ба маҷрои раванди умумибашарӣ ҳамоҳанг созанд. Маърифати фарҳангофарию бунёди давлатсозӣ ба итминони комил метавон гуфт, ки танҳо дар ваҳдату ҳамдигарфаҳмии тамоми қишрҳои ҷомеъа ба вуқӯъ пайвастанаш имконпазир мебошад ва дар амалӣ гардидани ормонҳои миллат нақши зиёиён басо мунаввар аст.
Аз ин рӯ, ин масъала аз ҳарвақта дида, имрӯз бештар мубрамият пайдо кардааст. Яъне, зиёиён набояд вазифаҳои таърихии худро дар назди миллат ва давлат фаромӯш кунанд. Дар ҷамъият зиста аз он озод будан имконнопазир аст. Бо чунин назардошт, Пешвои миллат пайваста, дар суханрониҳояшон дар самти илму фарҳанг ба ба зиёиёни мамлакат таъкид менамоянд, ки: « Шумо – зиёиён нерӯ ва ҷавҳари ақлонии миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастед! Шумо бояд дар раванди ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар фаъолона ширкат варзида, барои фош ва ислоҳ кардани падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили ҷинояткорӣ, коррупсия, нашъамандӣ, одамфурӯшӣ, поймол кардани ҳуқуқи инсон ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани волоияти қонун ба ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мадад расонед».
Таассуфовар аст, ки воқеаҳои солҳои 90-ум то як дараҷа ба ахлоқу фарҳанги миллат латма ворид кард ва аз бесарусомониҳои ҷамъиятӣ баъзе зиёиёни мамлакат мавқеи сиёсии худро то андозе аз даст дода, худро аз ҷамъият канор гирифта, мавқеи бетарафиро ишғол намуданд. Агар баъзе зиёиён ба чунин роҳ бо сабаби пурра сарфаҳм нарафтан ва дарк накардани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеа инро ба худ раво дида бошанд, қисми дигар бо чунин роҳи нодуруст бошуурона дидаю дониста рафтаанд ва бо роҳбарони руҳониёни ҳамонвақта ҳамақида гардида, ба таблиғи фарҳанги бегона ҳамкорӣ намуданд.Пешвои миллат дар суханронии хеш дар мулоқот бо бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (09.03. 2024), ба ин нукта таваҷҷуҳ намуда, иброз намуданд, ки: “Дар охири асри ХХ баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон боз ҳам рӯҳониёни ифротгарову бегонапараст бо мақсади гирифтани ҳокимият ва расидан ба қудрат кӯшиш карданд, ки бо шиорҳои исломӣ давлати ҷавони тоҷиконро несту нобуд карда, бо роҳи ба сари мардум бор кардани фарҳанги бегона миллатро бори дигар тобеи дигарон намоянд. Дар чунин шароити тақдирсоз боз ҳам иддае аз роҳбарону зиёиён нисбат ба тақдири ояндаи фарзандону набераҳои худ бетарафӣ нишон доданд ва ин боис гардид, ки кишвари нав баистиқлолрасидаи мо ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ кашида шавад”.
Дар ҳошияи гуфтаҳои Президенти кишвар ба хулосае расидан мумкин аст, ки ҳалли кулли масъалаҳои тақдирсози ҷомеаи мо ба сатҳи фарҳангии мардуми мо иртибот дорад. Пас муҳимтарин масъалаи рӯз, баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии омма буда, кӯшиш ба харҷ додан лозим аст, ки фарҳанг воситаи асосии ташаккули ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ гардад, қобилияти зеҳнӣ ва маърифати сиёсии шаҳрвандонро боло бардорад. Дар масири таърих мардумони кишвари мо ба масъалаи маърифат ва хираду хирадмандӣ, ки бузургтарин ҳадафи сарнавиштсози зиндагиашон маҳсуб будааст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кардаанд.
Имрӯз экстремизми динию сиёсӣ, ҳамчун як ғояи таҳдиду зӯроварӣ алайҳи арзишҳои асил аз худ ошкоро дарак додаву доман паҳн мекунад. Намояндагони он бо истифода аз тамоми имкониятҳо ин идеологияро ба сари мардум, хусусан мусулмонон бор кардан мехоҳанд. Дар чунин шароит зиёиёни эҷодкорро зарур аст, ки дар асарҳои худ моҳияти иртиҷоии экстремизми динию сиёсӣ ва барои пешравии миллату пойдории давлат хавфнок ва зараровар будани онҳоро ба омма ифшо намоянд. Чунки танҳо зиёӣ метавонад зиддиятҳои дохилию ғоявиро аз ҷиҳати назариявию методологӣ таҳлил намуда, барои ҳалли онҳо ба мақомоти баланди ҳукуматӣ дидгоҳҳои асосноки илмӣ пешниҳод кунад. Мо имрӯз зуҳуроти ғайриоддӣ, ҳатто амалҳои аз ақл берун рӯйдодҳои аҷиби дигари муттазодро мушоҳида мекунем, ки онҳо низ таҳлили чуқури илмию фарҳангиро тақозо менамоянд. Оё чунин зуҳурот ғайриоддӣ нест, ки донишмандони варзида мафтуни афсуни азоимхонии рӯҳониёни иртиҷоӣ мегарданд. Исбот намудану фаҳмондани он, ки ҳақиқати илмӣ аз расму таомули муқаррарӣ ва ҳуққабозии соҳирону фолбинон бартарӣ дорад, вазифаи аввалиндараҷаи ходимони дин ва илму фарҳанг мебошад. Дар мулоқот бо бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (09.03.2024) Президенти кишвар дар суханронии хеш таъкид намуданд, ки: «Бо истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарону мутахассисони соҳаи дин, ходимони дин, ки дар назди мардум ва Худову Расул эҳсоси масъулият доранд, кормандони Академияи миллии илмҳо ва дигар донишмандоне, ки масоили диниро хуб медонанд, муроҷиат мекунам, ки бо мардум кор кунед, роҳи дурусти диёнату маърифатро нишон диҳед, то ки одамон сиёҳро аз сафед ва зиёнро аз фоида фарқ карда тавонанд ».
Ҳамин андешаро илова кардан бамаврид аст, ки имрӯз таърих ва фарҳанги миллии ҳар халқу миллат аз ҳама чиз муқаддамтару арзишмандтар дониста машавад. Дар даврони муосир ҳар миллат мекӯшад, ки дар сарнавишти таърихии аҷдодони худ, шахсиятҳоеро ҷустуҷӯ кунад, ки ҳаёти худро ба санъату адабиёт ва илму фарҳанг бахшида, миллати худро машҳури ҷаҳон гардондаанд. Ин андеша, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти дар боло зикргардида низ ироа гардид: “ Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд”.
Ба ҳамагон маълум аст, ки давлат ба зиёиён пайваста ғамхорӣ менамояд, аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ мададгорашон мебошад. Ин масъулиятест, ки давлат ва ҳукумат имрӯз ба дӯши худ доранд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳою мулоқотҳояшон бо зиёиёни касбу корашон гуногун пайваста аз дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон борҳо қайд намудаанд, ки: «ташаббусҳои эҷодӣ, истеъдодҳои асил дастгирӣ меёбанд ва барои пешрафти фаъолияти онҳо шароит фароҳам оварда мешавад». Мо дар воқеият мушоҳида карда истодаем, ки хизмати олимон ва эҷодкороне, ки дар эҳё ва баррасии арзишҳои маънавии миллатамон, ки боиси пешрафт ва нумуи мамлакат гардидаанд, қадрдонӣ гардида, ба онҳо баҳои сазовор дода мешавад.Ба гуфтаҳои Сарвари давлат тақвият бахшида, қайд намудан бамаврид аст, ки асолати таърихии зиёиён маҳз аз ҳамин нуқтаи назар бояд муайян карда, баҳои арзанда дода шавад.Мутахассисони болаёқат ва бофарҳангро, ки дорои назару биниш ва ҷаҳонбинии нав мебошанд дастгирӣ намуда, дар идоракунии соҳаҳои гуногуни хаҷагии халқ ҷалб намудан, имрӯз тақозои замон аст, зеро дар дигаргуниҳои азими иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа, бояд ба мутахассисони варзида, шахсони бофарҳангу эҷодкор такя намоем.Ба маънои томаш гуфтан ҷоиз аст, ки истиқлоли ҳақиқӣ барои мо тоҷикон аз истиқлоли ақлҳо оғоз меёбад. Дар чунин маврид ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки пайваста иброз менамоянд: “… истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст ”.
Акнун, ки ҷомеъаи мо рӯ ба мактабу маориф дорад, ба зиёиёни мамлакат зарур аст, ки ҳар кадом дар таблиғу таҳлили маърифатнокии мардум камари ҳиммат баста бошем.Зарур аст, ки асарҳои илмии олимонамон ба муҳимтарин проблемаҳои таъмини амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ нигаронида шаванд. Вобаста ба тақозои кунунии мустақилияти ҷумҳуриямон месазад, ки доираи биниши зиёиён низ тағйир пазирад. Аз ин нигоҳ, дар мавриди кунунии бисёр ҳассоси замон, ки дар рӯ ба рӯи чолишҳои зиёди глобалӣ қарор дорем рӯ овардан ба мактабу маориф, метавонад манфиати фаровонеро ба ҷомеа ба бор оварад.
Инҷониб ҷонибдори андешаҳои хирадмандонаи Сарвари мамлакат ҳастам, ки зимни суханрониашон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ( 09.03.2024 ) таъкид намуданд: “Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд. Ин вазифаи ҷонии падару модарони азиз, аҳли маориф, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин мебошад ”.
РАМАЗОНӢ Давлатов,
номзади илмҳои фалсафа, котиби матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,