Дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш
(1-уми сентябри соли 2019)
Дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон, дар баробари дигар омилҳои мусоидаткунанда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ нақши илм ва ҷомеаи илмӣ хеле муҳим аст. Пӯшида нест, ки дар замони муосир илм на танҳо ба қувваи асосии истеҳсолкунанда, балки ба омили муҳимми рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори кишварҳо табдил ёфтааст. Дар ин замина, мақому нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз аз сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илму иноватсия ва дастовардҳо дар соҳаи техникаю технологияҳои муосир вобастагии ҷиддӣ дорад. Дастовардҳои соҳаи мазкур ҷиҳати амалӣ гардидани таҳаввулот дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварҳо мусоидат намуда, ҳамзамон боиси тағйир ёфтани муносибати одамон ба арзишҳо, инчунин сатҳ ва тарзи зиндагии онҳо мегардад.
Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон зимни суханрониашон дар Рӯзи дониш ба масоили муҳимми соҳаи илм ва тарбияи мутахассисон дахл намуда, ҳамчунин бо назардошти ҳолати нигаронкунандаи илм дар мамлакат изҳор намуданд, ки то охири соли равон ҳатман бо аҳли илми чумҳурӣ як мулоқоте баргузор менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки ин тасмими Президенти кишвар барои соҳаи мазкур хеле саривақтӣ, муҳим ва тақдирсоз хоҳад буд. Зеро ки илми тоҷик айни замон дар пешорӯи буҳрони шадиди молиявӣ ва маъанавӣ қарор дошта, рисолати аслии хешро чун тавлидкунандаи донишҳои нав ва чун неруи пешбарандаи ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ кайҳо аз даст дода, ба як соҳаи бесамар табдил ёфтааст. Умед аст, ки мулоқоти қарибулвуқӯи Пешвои миллат бо аҳли илм ҷиҳати беҳбудии фаъолияти муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуда, барои ба марҳалаи нави рушд ворид гардидани илм замина хоҳад гузошт.
Вобаста ба ин иқдоми Президенти кишвар муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои олии таълимӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ба ин мулоқот омодагӣ мегиранд. Бояд зикр намуд, ки дар партави дастурҳои Сарвари давлат дар Рӯзи дониш 21 сентябри соли равон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим бо ширкати роҳбарони тамоми муассисаҳои илмӣ ва макотиби олии ҷумҳурӣ семинар-машварат дар мавзӯи «Алоқамандии илм ва истеҳсолот» баргузор гардид, ки дар он масоили муҳимми соҳаи илм, аз ҷумла масъалаи тадқиқотҳои илмӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, ҳамчунин сафарбар намудани иқтидори зеҳнии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар тамоми давраи истиқлолият ин дуюмин чорабиние маҳсуб мешавад, ки дар чунин сатҳ, яъне бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бори аввал чунин семинари машваратӣ бо ширкати олимону роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе 17 сол пеш, моҳи феврали соли 2002 зери роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Муҳиддинов дар мавзӯи «Илм-истеҳсолот» баргузор шуда буд. Мутаассифона, ташаббуси оғозгардида оид ба масъалаи амалӣ намудани ҳамкориҳо дар самти илм ва истеҳсолот идома наёфта, бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштани он кас ин масъала ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Лекин ҳолати кунунии илми ҷумҳурӣ водор месозад, ки масъалаи мазкур бештар мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумат ва дигар сохторҳои давлатӣ қарор гирад ва илм ҳамчун муҳаррики асосии пешбарандаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа мақоми шоиста пайдо кунад ва рисолати худро иҷро намояд.
Мулоқоти дар пешистодаи Пешвои миллат бо аҳли илм идомаи иқдомҳои неки он кас дар соҳаи илм ва кормандони илмӣ буда, умед аст, ки дар он масъалаҳои муҳимми ҳаёти илмии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифта, дар назди ҷомеаи илмии ҷумҳурӣ вазифаҳое гузошта мешаванд, ки амалӣ гардидани онҳо ба таҳаввулоти куллӣ дар низоми илми ҷумҳурӣ замина хоҳад гузошт.
Акнун дида мебароем, ки айни замон вазъи илм дар кишвар чӣ гуна аст, ҷомеаи илмӣ, муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои он вазифаҳое, ки аз ҷониби давлат муайян шудаанд, то чи андоза омодаанд ва барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо кадом мушкилот вуҷуд доранд.
Имрӯз вобаста ба вижагиҳои замони Истиқлолият дар соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ масъалаҳое арзи ҳастӣ мекунанд, ки бояд дар ҷомеаи илмии Тоҷикистон бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд ва барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои саривақтӣ ва муфид андешида шавад. Бинобар ин, дастуру ҳидоятҳое, ки аз паёмҳои Президенти мамлакат бармеоянд, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати амиқи давлатӣ дар соҳаи илм, таъмини фаъолияти муассисаҳои илмӣ тибқи талаботи замони муосир ва истифодаи самараноки дастовардҳои он баҳри таъмини истиқлолияти воқеии Тоҷикистон хеле муҳим ва муфид маҳсуб мешаванд. Зеро зимни суханрониҳо масоили муҳимми марбут ба соҳаи илм, аз ҷумла рушди илмҳои бунёдӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълими фанҳои дақиқ ва эксперименталӣ, ба сиёсати имрӯза мувофиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва такмили неруи зеҳнӣ, самаранокии маблағгузории соҳаи илм, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат сафарбар намудани неруи илмии олимон ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки дар маҷмӯъ барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ хеле муҳим ва зарурӣ арзёбӣ мешаванд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин самт ҷиҳати аз ҳолати карахтӣ ва фаъолияти камсамар раҳо ёфтани муассисаҳои илмӣ мусоидат намуда, олимон чун неруи тавонои зеҳнӣ имкон пайдо мекунанд, ки минбаъд дар омӯзишу таҳқиқ ва ҳалли масоили муҳимми иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсии кишвар саҳми муносиб гузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки эродҳои Президенти мамлакат оид ба соҳаи илми ҷумҳурӣ хеле дақиқ, воқеӣ ва саривақтӣ буда, омӯзиш ва дарёфти василаҳои ҳаллу фасли онҳо, пеш аз ҳама, барои соҳаи илм ва ҷомеаи илмӣ муфид хоҳад буд. Аз ҷумла, бо назардошти вазъи имрӯзаи тадқиқоти илмии бунёдӣ дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ Президенти кишвар дар паёмашон (22 декабри соли 2016) таъкид намуданд, ки: «Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву тадқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад».
Воқеан, вазъи кунунии илмҳои бунёдӣ ба дастгирӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз соли 1996 барои аз ҳолати ногувор раҳо намудани илмҳои бунёдӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Фонди Президентии таҳқиқотҳои бунёдӣ” аз 24 феврали соли 1996, №422 ба тасвиб расид, ки он дар самти дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур дар кишвар аҳамияти муҳим дошт. Тибқи Низомномаи Фонд дар қатори дигар сарчашмаҳое, ки маблағҳои он ташкил меёбанд, яке аз сарчашмаҳои асосӣ, ин 3% ҳиссаҷудокунӣ аз маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои соҳаи илм пешбинӣ шуданд, ба ҳисоб меравад, ки ин маблағ дар тӯли фаъолияти 22-солаи Фонди мазкур барои ба анҷом расондани тадқиқоти муайян ва мақсадноку муфид дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ метавонист мусоидат намояд.
Вале таҳлили вазъи иҷрои корҳои тадқиқотӣ дар самти мазкури илм собит менамояд, ки сарфи назар аз таъсиси Фонди мазкур ва кумаку дастгириҳои Ҳукумат вазъи илмҳои бунёдӣ на танҳо тағйир наёфт, балки дар ҳолати боз ҳам ногувортар қарор гирифт. Сифат ва ҳадафҳои асосии тадқиқот аз мадди назари иҷрокунандагон дур монда, натавонистанд илмро бо кашфиёту навовариҳо ғанӣ созанд ва барои рушду нумӯи самтҳои дигари илм дар ҷумҳурӣ мусоидат намоянд. Бинобар ин, масъалаи дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани тадқиқотҳои бунёдӣ дар муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ хеле муҳим ва мубрам маҳсуб шуда, ислоҳи саривақтии мушкилоти мавҷуда барои марҳилаи нави рушди илми соҳаи мазкур мусоидат хоҳад кард.
Бояд зикр намуд, ки рушди илмҳои бунёдӣ бо илмҳои дақиқ ва эксперименталӣ иртиботи ногусастанӣ дошта, бе мавҷудияти пояи зарурии илмӣ-техникӣ амалӣ намудани тадқиқот ва натиҷагириҳо дар ин самт ғайриимкон аст. Дар робита ба ин дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 январи соли 2016) омадааст: «Ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш дода мешавад, ки дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ …. таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд». Дар Паёми дигар (22 декабри соли 2016) бошад, таъкид шудааст: «Дар замоне ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд…». Таъкидҳои Пешвои миллат бори дигар собит месозанд, ки вазъи илмҳои дақиқ ва эксперименталӣ дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳурӣ ҷавобгӯи талабот набуда, ба дастгирӣ ниёз доранд. Маврид ба ёдоварист, ки дар ин марҳала ҷиҳати дастгирӣ ва рушди самтҳои номбурдаи илм қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005 – 2008» аз 29 декабри соли 2003, №571 ва «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 – 2020» аз 27 феврали соли 2010, №89 ба тасвиб расидаанд. Вале таҳлили раванди амалӣ гардидани барномаҳои номбурда собит месозад, ки сифати иҷро ва ҳадафҳои асосии онҳо аз мадди назари иҷрокунандагон дур монда, барои тавсеаи тадқиқотҳои бунёдӣ ва илмҳои дақиқу эксперименталӣ ҳанӯз заминаи мусоиди моддию техникӣ муҳайё нагардидааст. Бояд таъкид кард, ки маҳз аз ҷониби сохторҳои дахлдор ва ҷомеаи илмии ҷумҳурӣ сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ нагардидани барномаҳои давлатӣ оид ба соҳаи мазкур боиси эродҳои ҷиддии Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Тавре медонем, бе мавҷудияти озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, пояи устувори моддӣ-техникӣ ва кадрӣ рушди илмҳои бунёдӣ, хусусан самти илмҳои эксперименталӣ ғайриимкон аст. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чунин муассиса ё корхонае, ки масъалаи ба ҷумҳурӣ ворид намудани таҷҳизоти илмӣ (таҷҳизот, реактивҳои химиявӣ барои озмоишгоҳҳо ва ғ.) ва дигар маводи заруриро таъмин кунад, фаъолият надорад. Бояд ёдовар шуд, ки соли 2006 бо мақсади ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ ва васоити экспедитсионӣ» дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, вале бо сабабҳои номаълум муассисаи мазкур то имрӯз ба фаъолият шурӯъ накардааст.
Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули тафаккури техникию табиии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №544 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” ба тасвиб расонда шуд, ки амалӣ гардидани он дар ин марҳила хеле муҳим буда, метавонад дар ояндаи наздик барои рушди илмҳои эксперименталӣ дар кишвар мусоидат намояд. Лекин таҷриба нишон медиҳад, ки бинобар сабаби дар ҷумҳурӣ фаъолият накардани сохтори махсус оид ба таъмини корхонаҳо, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ бо таҷҳизоти лабораторӣ ва маҳлулҳои химиявӣ амалӣ гардидани Барномаи номбурда мушкил ё комилан ғайри имкон мегардад.
Айни ҳол, тақрибан тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию олӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ маҳз бо ҳамин сабаб наметавонанд омӯзиш ва тадқиқоти самараноку судманд ва ташхиси дақиқу саривақтиро ба анҷом расонанд. Ҳамзамон, мушкилоти мазкур тарбияи мутахассисони варзида ва таҷрибаноки ҷавобгӯйи талаботи муосирро дар самти фанҳои эксперименталӣ ва тадқиқоти бунёдӣ ғайриимкон месозад. Илова бар ин, озмоишгоҳҳо барои санҷиши сифати маҳсулот дар назди бозорҳо, роҳи оҳан, гумрук, Тоҷикстандарт, хадамоти бойторӣ ва ғ. низ бе таҷҳизоти зарурӣ ва маводи химиявӣ наметавонанд фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Ин мушкилотест, ки илмҳои бунёдӣ ва эксперименталӣ ба он ниёзмандии ҷиддӣ доранд ва ҳаллу фасли он, бешубҳа, ба руши босуботи ин самти тадқиқоти илмӣ мусоидат хоҳад кард.
Бояд зикр намуд, ки ба талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар мувофиқ намудани тадқиқотҳои илмӣ, хусусан мавзӯъҳои фармоишӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаҳои илмӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, дар паёмҳои Президенти мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, зарурати мутобиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ ба сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ таъкид гардидааст. Аз ҷумла, дар Паёми соли 2016 (20 январ) омадааст: «…муассисаҳои илмиро зарур аст, ки ҷиҳати ба сиёсати имрӯза мутобиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ чораҷӯйӣ карда, тадқиқи масъалаҳои умдаи давлатдории миллиамонро бо дарназардошти пешрафти иқтисоди миллӣ, ояндаи кишвар ва ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеа анҷом диҳанд».
Дар Паёми соли 2016 (22 декабр) бошад, омадааст: «…ҷиҳати иҷрои мавзӯъҳои фармоишӣ ва истифодаи самараноки онҳо зарурати таҷдиди назар кардани маблағгузории соҳаи илм ба миён омада, Ҳукуматро зарур аст, ки масъалаи мазкурро омӯхта, ҷиҳати ба танзим даровардани он чораҷӯӣ намояд». Зарурати баррасӣ ва ҳалли масъалаи мазкур аз он бармеояд, ки аз оғози Истиқлолият то имрӯз аз хазинаи давлат барои тадқиқи мавзӯъҳои фармоишӣ маблағҳои зиёд пешбинӣ мешавад, лекин натоиҷи тадқиқот ҳанӯз ҳам ба рушди истеҳсолот ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии кишвар мусоидат намекунанд. Баррасии масъалаи истифодаи оқилонаи маблағҳои буҷетӣ барои соҳаи илм ва самаранокии натоиҷи таҳқиқотро, бешубҳа, метавон чун натиҷаи таҳлили амиқу воқеӣ ва нигоҳи танқидии худи Пешвои миллат ба соҳаи мазкур арзёбӣ намуд.
Қобили тазаккур аст, ки истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар соҳаи илм ҳамон вақт амалӣ гашта метавонад, ки ба бисёрмавзӯӣ хотима бахшида, мавзӯъҳои фармоишӣ бевосита дар ҳамоҳангӣ бо равияҳои афзалиятноки илм, ки аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ гардидаанд, муайян карда шавад.
Воқеан, дар ҳамаи кишварҳо вобаста ба зарурати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ равияҳо ва самтҳои гуногуни илм дар марҳилаи муайян мавриди таваҷчуҳи махсуси давлат қарор мегиранд, зеро ки муайян намудани равияҳои афзалиятноки илм ва маблағгузории мақсадноки он, хусусан мавзӯъҳои фармоишӣ, яке аз шаклҳои муҳимми истифодаи самараноки илм ва неруҳои ақлонӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа маҳсуб мешавад.
Тавре ки маълум аст, дар ҷумҳурии мо низ бо ин мақсад тадбирҳои муайян амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар даврони Истиқлолият қабул гардидани қарорҳои Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Номгӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 – 2009» аз 30 июни соли 2007, №333, «Дар бораи тасдиқи Номгӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2012 ва феҳристи технологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 марти соли 2010, № 167 ва «Дар бораи Номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз 4 декабри соли 2014, №765 аз он далолат мекунад, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати ҶТ дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Лекин, бояд тазаккур дод, ки натиҷагирӣ аз авлавиятҳо ва самаранокии онҳо дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа, пеш аз ҳама, аз интихоб ва таъйиноти дурусти равияҳои илмӣ ва мавзӯъҳои фармоишӣ вобастагии ҷиддӣ дорад.
Таҳлили номгӯйи тасдиқгардидаи самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки се марҳаларо дар бар мегирифтанд, собит менамояд, ки санадҳои қабулгардида, аслан бе назардошти талаботи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва имкони молиявии ҷумҳурӣ таҳия ва қабул гардидаанд. Дар санади аввали номгӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 50 равия(!) ва дар санади дувум, ки солҳои 2010-2012-ро дар бар мегирад, 65 равияи афзалиятнок(!) пешбинӣ шудааст. Мавзӯъҳои пешбинишуда, аз қабили педагогикаи этникӣ ва муосир, назария ва методикаи таълиму тарбия, сиёсати демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони тоҷикӣ ва фолклор, такмили системаи идораи соҳаи тандурустӣ, фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳо, коркарди асосҳои илмии инкишоф додани шабакаи минтақаҳои махсус ҳифзшавандаи табиат ва ғайраҳо ба андешаи мо, вобаста ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҷумҳурӣ дар ин марҳалаи рушд наметавонанд нақши калидӣ дошта бошанд ва ҳамчун равияҳои афзалиятнок эътироф шаванд.
Санади севум оид ба номгӯи самтҳои афзалиятноки илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2015-2020 пешбинӣ шудааст, 106 равияи тадқиқотии афзалиятнокро(!) дар бар мегирад. Бояд таъкид кард, ки номгӯйи мазкур низ, бе назардошти меъёрҳои мантиқ ва талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ таҳия гардида, мавзӯъҳое, ки дар он дарҷ ёфтаанд, аз ҷумла такомули методологии таҳқиқоти илмӣ дар равияи санъатшиносии миллӣ (санъатшиносӣ), ташаккули фарҳанги муоширати иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон (педагогика), такмили методологии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи фарҳангшиносӣ, истилоҳ ва масоили истилоҳшиносӣ, таҳқиқи адабиёти шифоҳии халқ, такмили методологии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва давлатшиносӣ, ғизо ва солимии аҳолӣ, афкори иқтисодии ватанӣ дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ ва ғайраҳо (номгӯйи чунин равияҳои «афзалиятнок» зиёданд), ҳам бо сабаби теъдоди бузург ва ҳам бо мазмуну ҳадафнокиашон наметавонанд равияҳои афзалиятнок бошанд. Зеро зарурати муқаррар намудани равияҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ, пеш аз ҳама, аз талаботи дар самти мушаххаси ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ доштаи давлат бармеояд ва маънии онро дорад, ки равияҳои мазкур дар самти таъмини молиявӣ, пояи моддӣ-техникӣ, иқтидори кадрӣ ва ғайра аз ҷониби давлат ба таври иловагӣ дастгирӣ меёбанд ва ба анҷом расидани таҳқиқотҳои пешбинишуда барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мусоидат намуда, ба пешрафти он таккони ҷиддӣ мебахшанд. Дар маҷмӯъ, пешбинӣ намудани чунин теъдоди бузурги равияҳои афзалиятнок (аз 60 то 110 мавзӯъ) бе таҳлил ва асоснокии илмӣ аз ҷониби таҳиягарон имконияти амалӣ гардидани онҳоро тақрибан ба сифр баробар менамояд.
Барои тасаввурот пайдо намудан дар хусуси чунин равандҳо, ҳамин ҳолатро дар кишвари Русия мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Соли 2009 вобаста ба талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия панҷ самти афзалиятнок ва 27 технологияи ҳассос муайян карда шуданд, ки аз нигоҳи рушди технологӣ ва инноватсионӣ нисбатан ояндадор маҳсуб мешуданд. Онҳо ҳамчунин, ба сифати самтҳои муайянкунандаи такмили комплекси ватании илмию техникӣ бо назардошти вазифаҳои миёнамуҳлати иҷтимоию иқтисодии рушди кишвар хидмат мекунанд. Афзалиятҳои муайяншуда чунинанд:– низоми иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ; илм дар бораи ҳаёт; истифодаи оқилонаи табиат; самарабахшӣ ва сарфаҷӯии энергия; амният ва муқобилият бо терроризм. Моҳи июли соли 2011 ин афзалиятҳо бо Фармони Президенти Россия бе ворид намудани дигаргуниҳо бори дигар тасдиқ гардиданд ва то имрӯз идома доранд.[2]
Тавре ки дидем, самтҳои афзалиятноки муқаррарнамудаи кишвари Русия масъалаҳои хеле муҳимми ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳарбию сиёсиро дар бар гирифта, татбиқи онҳо метавонад барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва рушди воқеии ин кишвар мусоидат намояд.
Омӯзиш ва таҳлили номгӯи равияҳои афзалиятноки илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқоисаи он ба кишварҳои дигар бори дигар собит намуд, ки он, воқеан, ғайриҳаётӣ буда, ниёзҳои илму истеҳсолоти кишварро ифода намекунад. Ҳамчунин, бори дигар собит мегардад, ки мақомоти давлатии масъули таҳияи рушд ва дурнамои Тоҷикистон дар тӯли Истиқлолият то ҳол дар бораи талаботи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба тадқиқоти илмӣ ва истифодаи самараноки неруи зеҳнии кишвар дар ин самт пешниҳоди мушаххас ва мақсадноку асоснок надорад ва фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ ғайримақсаднок ва камсамар арзёбӣ мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи асосии ташаккул ва амалисозии самтҳои афзалиятнок дар илм, ин дақиқ намудани самтҳои рушди комплекси ватании илмию техникӣ ва низоми миллии инноватсионӣ бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва тамоюлоти рушди ҷаҳонии илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, вазифаҳои миёнамуҳлати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар бо назардошти зарарурати ташаккул ва рушди низоми нави инноватсионӣ, таҳия ва амалисозии муҳимтарин барномаҳо ва тарҳҳои давлатӣ мебошад.
Самтҳои афзалиятнок дар ин марҳала, бояд, пеш аз ҳама, ба модернизатсияи иқтисоди миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар, ки аз ҷониби Президенти мамлакат муайян шудаанд–раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона карда шаванд. Шояд ҳалли масъалаи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аз қудрати илм ва кӯшишҳои аҳли илми ҷумҳурӣ чандон вобастагӣ надошта набошад, лекин дар ҳалли ҳадафҳои дигари стратегӣ олимони тоҷик метавонанд бо ширкати фаъолонаи худ нақши муҳим гузоранд.
Вобаста ба ин, метавон гуфт, ки дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ҳадафҳои миллӣ имкон дорад чунин самтҳои афзалиятноки илм муайян карда шаванд:
1.Илм оид ба энергетика ва таъмини истифодаи оқилонаи имкониятҳои табии ҷумҳурӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия (дарёҳо, офтоб, шамол ва ғ). Пайгирӣ аз таҷрибаи кишварҳои дар ин самт пешрафта, аз қабили Коста Рика, ки аллакай соли 2016 пурра ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузаштааст ва бояд гуфт, ки имкониятҳои табиии кишвари мо барои татбиқи чунин аҳдоф мусоидат менамояд.
2.Рушди илми соҳаи кишоварзӣ (агросаноатӣ) чун омили муҳимми таъмини амнияти озуқаворӣ. Тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои таъмини амнияти озуқаворӣ бояд то 30 фоизи тухмии зироатҳои истеъмолшавандаи асосӣ дар дохили кишвар истеҳсол карда шаванд. Барои ин бояд ба рушд ва дастгирии илми соҳаи мазкур, хусусан оид ба селексияи навъҳои зироат ва зоти чорво афзалият дода шавад. Соҳаи агротехника бояд такмил дода шуда, рушди он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш таъкид намуданд, ки: «Доир ба ин масъала на танҳо олимони соҳаи кишоварзӣ ва биологӣ, балки олимони илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ низ бояд бо дарназардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд. Таъмин намудани пешрафти илмҳое, ки ба офаридани навъҳои гуногуни наботот мусоидат менамоянд, зарур мебошад.»
3.Илмҳои техникӣ ва муҳандисӣ. Муқаррар гардидани саноатикунонии босуръат чун ҳадафи миллӣ бевосита зарурати таъмини рушди илмҳои техникӣ ва муҳандисиро тақозо менамояд.
4.Соҳаи фармакология. Амният дар соҳаи тандурустӣ ҷузъи муҳимми амнияти миллӣ маҳсуб мешавад. Тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид таъмини амнияти соҳаи мазкур бояд то 30 фоизи дорувории талаботи асосӣ дар дохили кишвар истеҳсол карда шавад. Ҷиҳати амалӣ гардидани чунин аҳдоф, аввалан, имкониятҳои табиии кишвар (фаровонии растаниҳои шифобахш) ва дуюм, заминаи илмӣ, моддию техникӣ ва кадрии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Бояд зикр намуд, ки рушди соҳаи мазкур на танҳо талаботи ҷумҳуриро бо доруворӣ таъмин мекунад, балки барои истеҳсол ва ба бозори ҷаҳонӣ баровардани соҳаи мазкур мусоидат хоҳад кард.
Бинобар ин, мантиқӣ мебуд, ки бо мақсади таъмини ҳадафҳои асосии стратегии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, истифодаи самараноки илм ва захираи зеҳнии мамлакатро таъмин намуда, номгӯйи равияҳои афзалиятноки тадқиқотҳои илмӣ аз нав таҳия ва аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ карда шуда, равияҳои марбут ба ҳадафҳои стратегии кишвар аз соли 2020 то соли 2030 ҳамчун равияҳои афзалиятноки тадқиқоти илмӣ муқаррар карда шаванд.
Ҳамчунин, ҳамасола пешбинӣ гардидани то 50 фоиз аз ҳиссаи маблағгузории умумии соҳаи илми ҷумҳурӣ барои амалӣ намудани тадқиқотҳо дар самти номбурда метавонад барои ҳалли мушкилоти зикргардида дар ояндаи наздик мусоидат намояд.
Масъалаи дигари муҳимме, ки дар арафаи мулоқоти Президенти кишвар бо аҳли илм таҳлил ва баррасиро мехоҳад, ин сифати кадрҳои илмӣ, сатҳи илмии тадқиқотҳо ва риояи этикаи илмӣ мебошад. Тавре ки аз таҳлилҳои боло бармеояд, он вазифаҳое, ки давлат дар назди ҷомеаи илмӣ мегузорад, дар сатҳи зарурӣ иҷро намешаванд. Иҷро нагардидани ин вазифаҳо, дар мадди аввал, ба нокифоя будани сатҳи маблағгузорӣ ва низоми номувофиқи ташкилу идораи соҳаи илм дар ҷумҳурӣ иртибот дошта бошад, ҳамзамон, омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки дар ҳаёти илмии кишвар нақши номуносиб мегузоранд. Чунин омилҳои номатлуб ин сатҳи пасти тадқиқотҳои илмӣ ва мутаносибан, сатҳи пасти кадрҳои илмӣ, ҳамчунин риоя нагардидани этикаи илмӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ боиси таназзул ёфтани илм ва коҳиш ёфтани нуфузу эътибори олим ва унвонҳои илмӣ дар кишвар гардидаанд. Имрӯз, сарфи назар аз афзудани теъдоди докторҳо (769 нафар) ва аъзо корреспонденту академикҳои Академияи илмҳои ҶТ (мутаносибан 35 нафар ва 55 нафар), инчунин академияҳои соҳавӣ, неруи зеҳнии ҷумҳурӣ рушд накарда, балки аз солҳои пештар заифтар гардидааст. Теъдоди олимони соҳибунвон, хусусан доктору академикҳо рӯ ба афзудан дошта, вале тадқиқотҳои мукаммалу арзишманд ва кашфиётҳои илмии назаррас камшуморанд. Ба афзудани теъдоди олимон унвондор нигоҳ накарда, имрӯз ёфтани роҳбарони илмӣ барои аспирантону унвонҷӯён ё муқарриз барои рисолаҳои номзадию докторӣ мушкил мегардад. Бинобар ин, сатҳи дониши кадрҳои илмӣ ва сифати диссертатсияҳо коҳиш ёфта, масъалаи мазкур ба мушкилоти мураккабе табдил ёфта истодааст.
Беназоратӣ дар фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии Федератсияи Россия, ки дар Тоҷикистон амал мекунанд, боиси афзудани теъдоди олимони соҳибунвон (хусусан, дар самти илмҳои гуманитарӣ) гардид. Баъзан ашхосе соҳиби унвонҳои баланди илмӣ гардида, «олими соҳибмактаб» ном гирифтанд, ки дар доираҳои илмӣ маъруфият надошта, ҳамчун олим мавриди эътироф қарор надоранд. Натиҷаи чунин муносибат аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ қурби дипломи номзаду доктори илм хеле поин фуромадааст ва баъзеҳо бо дониши хеле ҳам заиф соҳиби дипломҳои номзадию докторӣ гардида, айни ҳол вазифаҳои мудири кафедра, декани факултет, ҳатто роҳбарии шӯроҳои диссертатсиониро ба уҳда доранд, ки пешгирӣ накардани ин амал, на танҳо боиси коста гардидани нуфузу эътибори илм ва олим мегардад, балки имкон дорад ҷомеаро ба мушкилоти дигар рӯ ба рӯ созад. Вақти он расидаст, ки ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешгирӣ намудани «олимшавӣ”-и ашхоси тасодуфӣ ба фаъолияти тамоми Шӯроҳои диссертатсионии Федератсияи Россия, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, хотима бахшида, назорати сифати диссертатсияҳо ва кадрҳои илмӣ пурра ба салоҳияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
Бояд зикр намуд, ки муносибат бо арзишҳо дар самти илм ба муносибати ҷиддӣ ниёз дорад. Бе заҳмат ва сатҳи зарурии тафаккури илмӣ соҳиби унвонҳои илмӣ гардидани ашхоси тасодуфӣ, албатта нуфузу эътибори илмро ҳамчун падидаи маънавию фарҳангӣ коста мегардонад. Вақте ки дар ҷомеаи илмӣ хариду фурӯши дипломҳо ва диссертатсияҳо ба кори муқаррарӣ табдил ёфта, овозфурӯшии аҳли илм ба одат табдил меёбад, аз буҳрон ва беқурбшавӣ раҳо кардани илм имконнопазир мегардад. Мутаассифона, имрӯз дар ҷумҳурӣ баъзан афроде ба узвияти академияҳо пазируфта ва соҳиби ҷоизаҳои давлатӣ мешаванд, ки онҳо дар ҷомеаи илмии Тоҷикистон ҳамчун олим маъруфият надошта, мавриди эътирофи аҳли илм қарор надоранд. Ҳамчунин, ашхосе ба роҳбарии мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ таъин мешаванд, ки баъзеи онҳо аслан тафаккурӣ илмӣ надошта, мехоҳанд ба чунин соҳаи муҳим роҳбарӣ намоянд. Инҳо, бешубҳа ашхосе мебошанд, ки бо тафаккури ғайриилмӣ ва заифи худ ба рушди илм ва захираи зеҳнии кишвар хатари ҷиддӣ эъҷод мекунанд.
Ҳамаи ин ифодагари он аст, ки эҳтиром ва этикаи илмӣ дар байни худи аҳли илм риоя намешавад. Бояд зикр намуд, ки мақому мартабаи илм ва нуфузу эътибори он дар ихтиёри худи аҳли илм аст. Зеро ки ба ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ роҳ ёфтани ашхоси тасодуфӣ бо тавсияи худи олимон сурат гирифта, интихобот ба узвияти академияҳо ва додани ҷоизаҳои давлатиро дар соҳаи илм низ худи олимон аз тариқи овоздиҳӣ ҳал мекунанд, на Ҳукумат ё каси дигаре. Аз ин рӯ, риояи этикаи илмӣ аз ҷониби худи аҳли илм як шарти муҳимми таҳкими обрӯйи илм ва олим дар ҷомеа маҳсуб мешавад.
Ҳимояи илм ин ҳимояи захираи зеҳнӣ ва дар маҷмӯъ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад. Ташаккули захираи зеҳнӣ аз эҳтироми мақому мартабаи олим сар мешвад. Рафтор ва муносибати имрӯзаи баъзе олимон ба илм баёнгари ошкорои буҳрон ё таназзули илм аст. Ҳолати имрӯзаи илми ватанӣ ва фаъолияти баъзе олимони аз илм дури тоҷик аз буҳрони молиявӣ дида ба буҳрони маънавӣ бештар шабоҳат дорад, ки ин зуҳурот ҷиҳати ҳифз ва таъмини амнияти зеҳнии миллат омили муҳимми халалрасон хоҳад буд.
Барои рушди зеҳнҳо, пеш аз ҳама, фазои мусоиди илмӣ лозим аст, беадолатӣ ва хусумат дар муҳити илмӣ илмро нест мекунад. Додани унвонҳои баланд ва ҷоизаҳо ба ашхосе, ки дар илм маъруфият надоранд, хиёнати сахттарин ба илм ва амнияти зеҳнии миллат мебошад. Роҳбари камдониш ва бесалоҳият аслан, душмани илм ва душмани истеъдодҳо маҳсуб мешавад. Амалҳои ношоистаи олимони соҳибунвон боиси дилхунукӣ ва ноумедии олимони ҷавон ва чунин соҳаи муҳимму заҳматталабро тарк намудани истеъдодҳо гашта, бо ин восита илм дар ихтиёри ашхоси тасодуфӣ мемонад. Инҳо омилҳое мебошанд, ки дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ метавонанд ба рушди соҳаи илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ халали ҷиддӣ ворид созанд.
Дар маҷмӯъ, дар арафаи мулоқоти Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кӯшиш намудем, баъзе масоили марбут ба соҳаи илмро мавриди таваҷҷуҳ, таҳлил ва арзёбӣ қарор дода, пешкаши хонандагони гиромӣ намоем. Зеро ки рушду пойдории илм маҳз аз бо кӯшишу талошҳои ҷомеаи илмӣ иртибот дорад ва аҳли илм наметавонад нисбат ба тақдири илми ватанӣ дар мавқеи бетафовутӣ қарор дошта бошад.
Абдураҳмон Қурбонов,
доктори илмҳои фалсафа,
сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои иҷтимоии МТС-и
назди Президенти ҶТ