Дар самти иҷтимоию иқтисодии кишвар яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳаи илму маориф мебошад. Зеро соҳаи илму маориф аз самтҳои муҳимми афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, рушди зеҳнии миллатро таъмин менамояд.

Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноке, ки рушди соҳаро таъмин менамояд, рушди инфрасохтори соҳа буда, сатҳи таъминоти инфрасохтори соҳаи маориф дар шароити кунунӣ бевосита ба рақобатпазирии муассисаҳои таълимӣ, сифати таҳсилот таъсир мерасонад.

Дар шароити кунунии кишвар бо дарназардошти суръати афзоиши аҳолӣ дар заминаи муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ зарурати азнавсозӣ ва сохтмони муассисаҳои таълимии нав, дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба миён омадааст. Ин аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар миқёси ҷумҳурӣ биноҳои зиёди муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар арафаи ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар корҳои ободонию созандагӣ дар самти илму маориф, бахусус дар бунёди муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии мавҷуда корҳои назаррас ба анҷом расида истодааст. Яке аз иқдомҳои нек, ки дар арафаи Рӯзи дониш ва ҷашни Истиқлолияти кишвар ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад, ки бевосита бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки соли равон Сарвари кишвар дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд дар як қатор шаҳру ноҳияҳои минтақа муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии бо тарҳи замонавӣ сохташударо мавриди истифода қарор доданд. Аз ҷумла, дар шаҳру деҳоти Конибодом муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 барои 1000 нафар хонанда ва №15 барои 640 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар онҳо кӯдакону наврасон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Ҳамзамон, дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти томактабии №18 бо номи “Шукуфаи Истиқлол” барои 250 нафар кӯдак ифтитоҳ гардида, ба фаъолият оғоз намуд. Ин муассисаи таълимӣ тибқи талаботу меъёрҳои муқарраргардидаи муассисаҳои таълимии томактабӣ бунёд гардида, бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд сохта шудааст.

Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи Рӯзи дониш бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе як қатор муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 барои 1500 нафар хонанда дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 барои 1280 нафар хонанда дар ноҳияи Шоҳмансур, ки тибқи талаботи замони муосир сохта шудаанд, мавриди баҳрабардории кӯдакону наврасони аҳолии пойтахт қарор дода шуд. Ин муассисаҳои таълимӣ бо тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла, ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, толори варзишӣ, ошхонаи замонавӣ ва озмоишгоҳҳои фанни муҷаҳҳас буда, кӯдакону наврасон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Ҳамзамон, дар Рӯзи дониш ва арафаи ҷашни 31–солагии Истиқлолияти кишвар бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мавриди истифода қарор дода шуд, ки он аз 62 синфхонаи таълимӣ, толори компютерӣ, 90 ҳуҷраи корӣ, 26 нуқтаи ёрирасон, 2 толори лексионӣ бо 500 ҷойи нишаст, 2 толори маҷлис ва 4 озмоишгоҳи таълимӣ иборат мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар давоми соҳибистиқлолии кишвар бунёди инфрасохтори соҳаи илму маориф хуб ба роҳ монда шуда, беш аз 3200 бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии мавҷуда барои 1 млн. 270 ҳазор ҷойи нишаст бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст. Имрӯз шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 696 расида, ба таълиму тарбияи томактабӣ 152 435 нафар (15,6%) кӯдак фаро гирифта шудааст.

Дар ҷумҳурӣ муассисаҳои таълимии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият менамоянд, ки аз рӯйи мавқеи худ онҳо ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва литсею гимназияҳо ҷудо мегарданд. Дар муассисаҳои таълимии мазкур муддати таҳсил барои гирифтани маълумоти миёнаи пурра 11 солро дар бар мегирад.

Дар соли хониши  2020–2021 тибқи маълумоти оморӣ дар кишвар 3911  адад (дар соли хониши 2014–2015 – 3836 ададро ташкил медод), ки аз он муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ 303 адад, муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ  419 адад ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 2991 ададро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар кишвар шумораи муассисаҳои таълимии типи нав ба 150 адад мерасад, ки аз ин теъдод 75 ададро гимназия ва 75 адади онро литсейҳо ташкил медиҳанд.

Шумораи мактаб – интернатҳо 64 ададро ташкил медиҳад, ки дар он кӯдакони ятим, нимятим, бепарастор, кӯдаконе, ки падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои кӯдакон хавфнок, имконияташон маҳдуд, барои  кӯдакони аз деҳаҳои навбунёд ва дурдаст, ки муассисаи таълимӣ надоранд, кӯдаконе, ки муҳити носолими оилавӣ доранд, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, фаъолият менамояд. Шумораи таълимгирандагон дар ин муассисаҳои таълимӣ 8275 нафар, аз ҷумла, 2501 нафар духтарон мебошанд.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ дар соли 2021 – 67 адад мебошад, ки дар онҳо 26108 нафар хонанда таҳсил менамояд ва 9183 нафари онҳо духтарон мебошанд. Дар муқоиса бо солҳои пеш шумораи ин муассисаҳо низ зиёд гардида, фарогирии хонандагон меафзояд.

Аз сабаби он, ки афзоиши табиии аҳолӣ дар кишвар босуръат боло рафта истодааст, шумораи хонандагон низ дар мактабҳои таҳсилоти миёна сол аз сол зиёд ба назар мерасанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли хониши 2019–2020 ҳамагӣ 2 033 900 нафар хонандагон (980 766 нафар духтарон)  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин шумора дар соли хониши 2018–2019–ум – 1 970 002 нафарро ташкил медод, ки аз онҳо 948 722 нафар духтарон мебошанд. Дар муқоиса бо солҳои хониши пештара кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳарсол тақрибан 63 ҳазор нафар зиёд ба таҳсил фаро гирифта мешаванд

Тибқи маълумоти омории соҳаи маорифи кишвар айни ҳол дар 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ), аз ҷумла 57 муассисаҳои таълимии давлатӣ аз рӯйи 9 равия (аз рӯйи 209 ихтисос) – омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, ҳуқуқ ва варзиш мутахассис омода менамоянд.

Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бошад, дар ҷумҳурӣ ба 42 адад расидааст, ки дар онҳо 234 524 донишҷӯ таҳсил менамояд. Ба онҳо 12 697 нафар омӯзгор, аз ҷумла 4572 нафар занон таълим медиҳанд. Шумораи донишҷӯ, магистрант ва аспиранту докторантҳое, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, беш аз 40 000 нафар мебошанд.

Ҳамин тариқ, рушди инфрасохтори соҳаи маориф бевосита ба рушди соҳа ва сифати таҳсилот таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, чунин иқдомҳои нек дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамасола идома ёфта, соли равон муассисаҳои зиёди таълимӣ ва муассисаҳои таълимии иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии мавҷуда ба нақша гирифта шудааст, ки давра ба давра бунёд мегарданд.

Назирова М.Н.,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед