Пас аз  давраи тулонии таърихӣ Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлоли давлатии худро эълон намуд, вале дере нагузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зада, вазъи мураккаби сиёсӣ кишварро фаро гирифт. Кор то ҷое расид, ки эҳтимоли аз даст рафтани истиқлоли давлатӣ моро таҳдид менамуд. Имрӯз собит мегардад, ки гӯё таърих миллати тоҷик ва фарзандони онро  чун вориси аҷдоди мутамаддин ва соҳибдавлаташ имтиҳон намуда, ба хиради азалӣ ва ҳисси масъулияташ шубҳа дорад. Аммо таърих гувоҳӣ медиҳад, ки миллати мутамаддини тоҷик  аз азал  соҳиби давлат буда, дар ҳама гуна вазъи мураккаб фарзандони боору номӯсаш ба додаш мерасанд.

Ҳамин тавр,  бо амри тақдир 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки вобаста ба масъалаҳои баррасигардида ва моҳияти таърихии онҳо ин рӯйдодро оғози давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ менамоянд. Маҳз зимни ин рӯйдоди таърихӣ, заминаҳои муҳимми рушди минбаъдаи устувор ва босуботи кишвар гузошта шуд. Ҳамин тавр, сар карда аз роҳбари сиёсӣ то рукнҳои давлатӣ интихобе сурат гирифт, ки имрӯзи босаодати кишвар аз он тасмимҳои дуруст бармеоянд.

Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ормони шикаста ва давлати парокандаи тоҷикро ҷамъ намуд. Таъкид намудан ба маврид аст, ки мо дар эъмори давлати миллӣ ниёзи таърихро бароварда намудем. Зеро ҳам роҳбари  шоиставу бомасъулият ва ҳам рукнҳои давлатдориамонро дар асоси ормону арзишҳои милливу таърихиамон интихоб намудем.

Дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои сохторӣ ва низоми намунавии идораи давлатӣ, ки тавонад миллатро аз ҳар гуна ғояҳои бегона ба асли таърихии он эмин нигаҳ дорад, мушаххас гардид.

Дар робита ба ин, мо Парчаму Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва дигар муқаддасоти миллиро бо такя ба ормонҳои ҳазорсолаи таърихӣ ва нигоҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон қабул намудем. Мо изҳор доштем, ки ранги сабз нишони сарсабзӣ, ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед ва сурх азму ҷоннисорӣ ва тоҷ  паёми аз тули таърих соҳиби тоҷи давлат доштанро маънидод менамояд.

Зиёда аз ин, мо тасмимҳоеро рӯйи даст гирифтем, ки дар назари аввал иҷрои онҳо ба хотири расидан ба оштии миллӣ ва таъмини сулҳи пойдор, ғайриимкон менамуданд, зеро оташи ҷанг ончунон аланга мезад, ки умедро дар қалбҳо сӯхта буд.

Аммо, бо вуҷуди ноумедиҳо, дар қалби аксари аҳолии кишвар ҳанӯз шуълаи умед дар дили як нафар лаҳзае хомӯш намешуд ва ин шахси боирода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки кори худро аз сулҳ оғоз намуданд ва маромашон ба ҳар оилаи тоҷик сулҳ овардан буд.

Муҳимтарин ҳикмати давлатдории Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боварӣ ба ояндаи неки Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи мардуми  азияткашидааш буд, ки ба мардум бовар намуданд ва мардум ёриашон намуданд. Ин аст хиради азалӣ ва нишон аз ҷомеаи адолатпарвар.

Метавон гуфт, ки Иҷлосия ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами аввалин баъд аз ноумедӣ дар роҳи давлатсозӣ ва миллатсозии навини тоҷикон пас аз касби Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тақдирсоз будани ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар он зоҳир мегардад, ки Иҷлосияи таърихӣ масъалаи асосӣ, ба монанди бақои миллат ва давлати тоҷиконро баъди ҳазорсолаҳо мавриди баррасӣ қарор дод. Зеро дар ин марҳала хатари парокандашавии миллат ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон ҳазф гардидани давлати тоҷикон эҳсос мегардид.

Ҳоло суоле зеҳни доираҳои гуногуни илмӣ ва коршиносони амалиро машкук месозад, ки оё Иҷлосия шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро сохт ва ё Ӯ ба Иҷлосия аҳаммияти таърихӣ бахшид? Ҷавоб ба ин суолро дар ҷанбаҳои зерин арзёбӣ намудан мумкин аст:

  • якум, дар арафаи баргузории Иҷлосия, вазъи мураккаби сиёсӣ дар дили роҳбарон ва вакилони Шуро тарсу ҳаросро эҷод намуда, онҳо бар дӯш гирифтани масъулиятро дар вазифаҳои давлатӣ комилан рад менамуданд. Ҳатто чандин сиёсатмадорони ботаҷриба, ки пеш аз Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ пешниҳод шуда буданд, худро канор гирифтанд.
  • дуюм, маҳз иродаи қавӣ ва азхудгузаштанҳои Эмомалӣ Раҳмон, самимият, монандии нияту амалҳои шахсии раиси Шуро дар чашми вакилони мардумӣ аён гардида, умеди онҳоро ҷиҳати сарҷамъ будан дар атрофи роҳбари сиёсӣ бедор намуд. Ин воқеият боиси он гардид, ки вакилон шахсияти арзандаро интихоб намуда, дар натиҷа, фаъолияти Иҷлосия ба маҷрои муътадил ворид шавад. Маҳз баъд аз интихоби Эмомалӣ Раҳмон 18 ноябри соли 1992 ҳамчун рӯзи якуми фаъолияти пурмаҳсули Иҷлосияи таърихӣ ба қайд гирифта шуда, дар саҳифаи таърих сабт гардид.

Зимнан таъкид намудан бамаврид аст, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзҳои ид”, аз 14 майи соли 2016 инҷониб, санаи 16 ноябр таҷлил мегардад. Интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон дар ин санаи таърихӣ ҳамчун Раиси Шурои Олӣ ва ҳамзамон, 16 ноябри соли 1994 баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи 6 ноябри ҳамон сол ва дар санаи 16 ноябри соли 1994 савганд ёд намудани Президенти Тоҷикистон рабт дорад.

Ҳамин тавр, хизмати бузургу таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ба шарофати истеъдод ва зарфиятҳои давлатдориашон хатари нобудшавии давлату миллат пешгирӣ гардида, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуданд. Ҳамзамон сохторҳои фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадиро, ки яке аз унсурҳои асосии давлат мебошанд, таъсис доданд.

Бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит фароҳам оварда, сулҳ ва ризоияти миллиро бунёд намуда, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро фароҳам оварданд.

Гузашти солҳо собит намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати дурандешона барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар хизматҳои беназирро анҷом додаанд.

Ин ҳама дастовардҳо, ки иборат аз сулҳ, ваҳдат, ободӣ, рушд, амният ва ҷовидонагии давлати миллии мо мебошанд, натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи муҳимму тақдирсози таърихи навини халқи тоҷик ба шумор мераванд.

Дар хулоса мехоҳам таъкид намоям, ки маҳз қатъияти  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҳаётан муҳим буд, ки коршиносон дар ин замина Ӯро “чун кӯҳ пойдору устувор” медонистанд. Маҳз дар ин замина худи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  боре бо лабханд иброз дошта буданд, ки “Ман дар флоти ҳарбӣ-баҳрӣ хизмат кардаам…ҳар касе ки ба баҳри кушод баромада бошад, хуб медонад: агар лангар ба об партофта шавад ҳеҷ шамоле киштиро бурда наметавонад. Ман ҳам чунин лангаре дорам, ки ба ҳеҷ ваҳҷ аз он канда шуда наметавонам: он ҳисси масъулияте аст, дар пеши мардуми Тоҷикстон, ки маро Президенти худ интихоб намудаанд”.

Месазад, ки ин хислати наҷиб, яъне ҳисси масъулияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як ҷавон ва шаҳрванди кишвар мояи ибрат ва омили пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад.

Насриддин Воҳидов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед