Ҳангоми интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон дар он лаҳзаҳои бисёр хатарнок хуб эҳсос ва дарк мекардам, ки масъулияти басо вазнин, вале таърихӣ – гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, қатъи ҷанг, таъмин намудани сарҷамъии миллат, яъне пешгирӣ кардани хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва пароканда шудани миллати тоҷикро ба дӯш мегирам.
Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан ҳам, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Иҷлосияи Шӯрои Олиро метавон рӯйдоди муқаддастарини таърихӣ арзёбӣ кард. Зеро, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва коста гардидани пояҳои давлатдорӣ дар як муддат ба кишвари мо вазъи нохуб ва низоъи дохилиро ба бор овард, ки ба тамоми самтҳои ҳаётан муҳим ва қишрҳои мухталифи ҷомеа хисороти зиёд расонид. Аксарияти ҳамватанони мо хонабардӯшу фирорӣ ва қисми зиёдашон қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гаштанд. Ин ҳодисаҳои даҳшатафкан дар саҳифаи фаромӯшнашавандаи таърихи миллати тоҷик сабт гаридааст. Дар чунин шароит, ягона ниҳоде, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ ва ҳалу фасл намуд, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бояд қайд намуд, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд ва миллати моро роҳнамову роҳкушо, аз вартаи нестшавӣ раҳо ва Пешвои муаззаму муқтадир бахшид. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ он буд, ки дар марҳилаи навини таърихӣ шахсияти миллию мардумиро дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ овард. Дар чунин вазъи фоҷеабор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсати давлатдорӣ ворид гардида, бо эҳсоси баланди ватандорӣ – ҷасурона дар ин масири ноҳамвори сиёсӣ қадамҳои устувор гузошта, ба бунёди сохторҳои давлатдории миллӣ асос гузоштанд.
Қобил ба таъкид аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар зеро он дар кишвар дигаргунии азимеро дар самти рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодии миллати тоҷик ба вуҷуд овард. Дар роҳи эъмори сулҳ ва давлатсозии миллӣ аз чунин рӯйдоди тақдирсози макзур маншаъ мегирад, зеро аз ин баъд Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ комёб гардид.
Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Воқеан ҳам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд. Тамоми нерӯву ғайрат ва ҳам ҳастияшонро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизашон сарф намуданд, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба cap бурда истодаанд.
Дар маҷмӯъ Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳимми сарнавишсоз анҷом дод, ки баъзе аз онҳоро дар чунин шакл номбар менамоем:
- роҳбарияти нави кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат интихоб гардид;
- сохтори конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ барқарор гардид;
- хатари нест шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон ва парокандагии миллати тоҷикро пешгирӣ шуд;
- тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошта шуд;
- самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муайян гардида, имконияти ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон ва шомилшавӣ ба созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ фароҳам омад.
Илова бар ин, маҳз бо шарофати иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Қонуни асосӣ яъне Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва қабул намуд. Конститутсия самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас муайян намудааст. Нақши таърихии Конститутсия дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми шарифи кишвар ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро муайя ва самтҳои тарақиёти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаро мушшахас намуд.
Бо бовари гуфта метавонем, ки имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва стратегияи саноаткунонии босуръати кишвар марҳила ба марҳила муфваффақ гардида, рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъмин гаштаистодааст.
Хулоса, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ–шоҳсутуни давлатдории миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшиноси Ватанро зарур аст, ки баҳри пойдории сулҳу субот, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азиз бетараф набошад!
Маҳмадсаидзода Абубакр,
Муовини сардори Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон