Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ бо дарназардошти
ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи
басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини
ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ,
аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз
парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи
якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё
намудани шароит барои барқарор намудани
иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта
ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар як миллату давлат марҳалаҳои ҳассосе ба вуҷуд меоянд, ки ба сарнавишти минбаъдаи он иртиботи ногусастанӣ мегиранд. Ба ин хотир, аз чӣ гуна сипарӣ гаштани чунин марҳалаву лаҳзаҳои тақдирсоз мавҷудияти ояндаи миллату давлат, яъне ҳастии он вобаста аст. Дар чунин давраҳо муаммои таърихие ба вуҷуд меояд, ки барои ҳалли он чӣ бояд кард: миллатро пароканда сохт, давлатро аз даст дод ё ин ки тамоми неруҳои солимро сарҷамъ карда, онҳоро барои наҷоти ҳастии миллату давлат муттаҳиду сафарбар намуд?!

Ин гуна лаҳзаҳои ҳассос тайи таърихи чандинҳазорсолаи миллати сарбаланди тоҷик на як бору ду бор рух додаанд ва дар роҳи ҳалли онҳо гузаштагони мо ҳам ба шикаст дучор омадаанду ҳам ба пирӯзӣ ноил гардидаанд.

Шикасти давлати миллиро мо дар мисоли барҳам зада шудани Давлати Сомониён дида метавонем, ки зиёда аз ҳазор сол қабл ба вуқуъ пайваста буд. Дар натиҷаи бегонапарастӣ, муноқишаҳои мафкуравӣ ва таъсири рӯзафзуни қавму гуруҳҳои ғайр оқибат давлат ба парокандагӣ дучор омад. Ҳарчанд дар даврони Сомониён шаклгирии халқи тоҷик анҷом пазируфта, ба қавли академик Бобоҷон Ғафуров «дар асрҳои IX-X дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти азими этномаданӣ ташаккул ёфт», вале пош хӯрдани он, минбаъд ба ҳувияти миллии тоҷикон, бавежа худшиносии миллӣ-сиёсӣ таъсири манфӣ расонид. Муборизаҳои охирин намояндаи сулолаи сомонӣ Абуиброҳими Мунтасир барои дубора барқарор сохтани давлатдории миллӣ бенатиҷа анҷом ёфтанд ва ӯ ҳамчун шахсияти сиёсӣ нақши худро дар таърихи тоҷикон босамар ифо карда натавонист.

Ин аст, ки қатъи назар аз мақоми расмии забони тоҷикӣ дар дарбори сулолаҳои минбаъда, бартарияти фарҳангӣ ва рушди бесобиқаи адабиёти бадеӣ хонадонҳои миллӣ қудрати сиёсиро ба даст гирифта натавонистанд ва халқи тоҷик то қарни ХХ соҳиби давлати миллии худ набуд.

Солҳои бистуми қарни ХХ дар таърихи миллати тоҷик бори дигар лаҳзаи ҳассосе ба миён омад, ки аз он ҳаёту мамоти миллат вобаста буд. Бадхоҳони миллати тоҷик нақша доштанд тоҷиконро парокандаву мунҳал (ассмилиятсия) созанд ва онҳоро чун этноси ягона куллан аз байн баранд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос қувваҳои солими миллӣ бо сарварии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ тавонистанд миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд ва дар натиҷа тоҷикон соҳиби ҷумҳурии худ гаштанд.

Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси ҷумҳурии иттифоқӣ соҳибистиқлол набуд, балки танҳо давлатгунае ба ҳисоб мерафт. Ин давлатгуна ба халқи тоҷик имкон ба вуҷуд овард, ки ҳаёти миллии хешро идома диҳад ва аз ин имкони таърихӣ то ҳадди имкон истифода намояд. Дар ин маврид суханони ховаршинос Н. Павловро ба хотир овардан ҷоиз аст, ки ҳанӯз дар аввали қарни ХХ, соли 1910 дар бораи устувориву пойдории тоҷикон гуфта буд: «кофӣ буд ба тоҷикон барои нафас рост кардан андак фосилае дода шавад ва онҳо аз нав зинда мешуданд».

Бузургтарин рӯйдод дар таърихи миллати тоҷик санаи 9 сентябри соли 1991 ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ буд, зеро Тоҷикистон аз давлатгунае дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ба давлати соҳибистиқлол табдил ёфта, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт ва дар харитаи сиёсии олам ҷойгоҳи худро ба ҳайси кишвари мустақил соҳиб шуд.

Ин воқеаи бузург ба миллати куҳанбунёди тоҷик имкони мусоиди таърихие ба вуҷуд овард, ки аз нав давлатдории худро эҳё намояд ва тақдирашро ба дасти худ гирад. Тоҷикон имкон пайдо карданд, ки давлати нави миллӣ бунёд намуда, дар баробари давлатҳои мутараққии ҷаҳон ҷой гиранд.

Аммо душманону бадхоҳони дохилу хориҷи миллати тоҷик аз падид омадани Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таҳлука афтоданд. Ин аст, ки онҳо нақшаи нобуду пароканда сохтани давлати навистиқлолро кашида, вазъи мамлакатро ноором сохтанд ва мардумро сарсону саргардон намуданд. Дар натиҷаи нотинҷ сохтани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ хавфу хатаре ба вуҷуд омад, ки давлати тозаистиқлоли тоҷикон ҳоло қомат рост накарда, куллан нобуд гардад. Миллати тоҷик, ки баъди зиёда аз ҳазор сол Истиқлоли давлатӣ ба даст оварда, давлатдорияш эҳё гашта буд, метавонист онро бори дигар аз даст диҳад.

Ба ин маънӣ, чунонки дар солҳои бистуми қарни ХХ рух дода буд, дар солҳои навадуми асри гузашта, дар таърихи тоҷикон бори дигар лаҳзаи ҳассоси тақдирсоз ба миён омад, ки аз он ҳаёту мамоти миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон вобаста буд. Дар ростои ин муаммои мураккаби таърихӣ, ё тақдири давлати Сомониён бояд такрор мешуд, ё ин ки неруҳои солими ҷомеа муттаҳид гардида, истиқлоли бадастомадаро ҳимоя мекарданд, ба қувваҳои аҳриманӣ пирӯз меомаданд ва давлатдории миллиро наҷот медоданд.

Ба ибораи дигар, воқеаи бузурги таърихӣ, яъне соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ниёз ба ҳифзу дифои қатъӣ пайдо намуд ва барои ин, бояд рӯйдоди бузурги дигаре ба вуқуъ мепайваст, ки ба давлати тоҷикон ва миллати тоҷик умри дубора бахшад.

Чунин рӯйдоди сарнавиштсози таърихӣ баргузор гаштани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки давлатдории миллиро наҷот дод ва Истиқлоли давлатиро ҳифз намуд. Даъвати иҷлосияи мазкур ягона роҳи қонуние буд, ки кишвари тозаистиқлолро аз хавфи нобудӣ раҳоӣ бахшид.

Барои ба вуқуъ пайвастани чунин рӯйдоди наҷотбахш қувваҳои солими ҷомеа муттаҳид гардиданд ва баҳри ҳифзи истиқлолу озодии Ватани азизи худ камар бастанд. Беҳтарин шахсиятҳои меҳанпарвар, худшиносу худогоҳ ва ғамхори халқу ватан аз таҳти дилу ҷони хеш дарку эҳсос намуданд, ки тақдири миллат ба марҳалаи хавфноктарин расида, хатари барҳам хӯрдани он ба миён омадааст.

Бояд қайд кард, ки дар марҳалаҳои тақдирсоз нақши пойтахти давлати соҳибистиқлол ба ҳайси маркази сиёсиву фарҳангӣ дар муттаҳид сохтани давлату миллат боз ҳам муҳим мегардад. Аммо фоҷиаи миллӣ дар он зоҳир шуда буд, ки пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, бо сабаби адами амният, дар он давраи ҳассос имкони адо кардани рисолати хешро надошт.

Аз ин рӯ, неруҳои солими миллӣ ба қароре омаданд, ки чунин рисолати бузурги таърихиро ба дӯши «Қасри Арбоб»-и шаҳри бостонии Хуҷанд вогузор намоянд. Ин тариқ, аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар «Қасри Арбоб» Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум баргузор гашта, тайи ҳабдаҳ рӯзи тақдирсоз ба мардуми мамлакат ҷиҳати ба даст овардани сулҳу салоҳ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ умеду неруи тоза бахшид.

Ба иҷлосия дар баробари вакилони мардумӣ, инчунин намояндагону сафирони ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва Федератсияи Россия, раисони комиҷроияҳои вилоятҳо ва қумондонҳои дастаҳои мусаллаҳ, дигар меҳмонон даъват шуда буданд, ки ин аз аҳамияти на танҳо миллӣ, балки байналмилалии он дарак медод.

Дар давоми кори иҷлосия қонуну қарорҳои хеле муҳим қабул карда шуданд, ки барои сарҷамъ кардани мардуми парешон, қатъ намудани даргириҳои мусаллаҳона, барқарор сохтани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ – дар умум, тинҷу ором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ равона шуда буданд.

Вале қабл аз ҳама барои самаранок пеш бурдани кори иҷлосия истеъфои роҳбарияти пешини Шӯрои Олӣ қабул шуда, санаи 19 октябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Академик К. Олимов дар ин бора барҳақ қайд менамояд: «Интихоб шудани вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тасодуфӣ набуд, зеро шахси принсипнок, ҷасур, ҳақиқатгӯ ва дар мавқеъ устувор будани ӯ имкон дод, ки аз ҳамон лаҳзаҳои аввалини ба вазифа интихоб шуданаш масъулияти бузург ва душвортарини таърихиро ба уҳда гирад ва ба фаъолият оғоз намояд».

Яъне ин иқдоми барои миллати тоҷик беназиру саривақтии вакилон муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ба ҳисоб меравад, зеро дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат шахсияти бузург, фарди истиқлолхоҳ, инсони худогоҳу ватандӯст, сиёсатмадори варзида омад, ки миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат наҷот дод, вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоиро ба эътидол овард, сулҳу салоҳро барқарору устувор намуд ва мамлакатро ба шоҳроҳи созандагиву рушди бесобиқа равона сохт.

Дар ин маврид як нуктаи муҳимми дигарро бояд махсус таъкид кард. Дар он давраи ҳассосу мудҳиш дар баробари сохторҳои дигари давлатӣ фаъолияти институти президентӣ низ фалаҷ гашта буд. Дар ин бора собиқ муовини Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов чунин тазаккур медиҳад: «намояндагони мардумӣ қарор қабул карданд, ки аз институти президентӣ як муддат ба институти парлумонӣ гузарем, чунки институти президентӣ рисолаташро иҷро карда натавонист. Яъне тамоми ваколатҳо ба зиммаи раиси Шӯрои Олӣ гузашт ва ҳамзамон вазифаи Роҳбари давлатро иҷро мекард».

Ба ин хотир, аз ҳамон рӯзҳои тақдирсоз хушбахтиву нектолеии мардуми азияткашидаи кишвар дар он буд, ки Тоҷикистони маҳбуби соҳибистиқлол дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Сарвари давлат гардид.

Ба ин сифат, сиёсати хирадмандона ва фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сӣ соли сипаригашта баръало нақши мондагори шахсро дар таърих исбот намуд. Раванди таърихи инсоният ошкору равшан ба мо нишон медиҳад, ки рӯйдодҳои азими сарнавиштсоз, аз он ҷумла бунёди давлатдориҳо, пеш аз ҳама бо номи ашхоси бузург иртибот дошта, аҳли ҷомеа маҳз дар атрофи онҳо муттаҳид мешавад.

Яъне, ҳамон миллат дар ҷодаи давлатсозӣ муваффақ мегардад ва ҳамон мардум саодатманд аст, ки соҳиби лидери миллӣ мегардад.

Хушбахтиву некиқболии миллати тоҷик, комёбиҳои беназир дар роҳи давлатсозии миллӣ маҳз дар он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби лидери миллӣ гардид, зеро маҳз ин шахсияти бузургу мондагор муҳофизу таҳкимбахши Истиқлоли давлатӣ ва бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон маҳсуб ёфта, заминаи муътамади он дар Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Масрур АБДУЛЛОЗОДА
доктори илмҳои филологӣ,
профессор

khovar.tj

Чоп кунед