Бо мақсади роҳ надодан ба коҳишёбии сатҳи зиндагии табақаҳои ҷомеа хусусан дар давраи шадиди сирояти бемории COVID-19 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро андешида баромада, барои бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта чораҳо андешида истодааст.
Шукри беандоза, ки имрӯз сатҳи сирояти хуруҷи бемории COVID-19 хело коҳиш ёфта, барои пешгирии мавҷи навбатии нав Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро андешидааст, ба мисли зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва самаранок истифода намудани заминҳои кишт.
Пеш аз интишор гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ изҳор намудаанд, ки барои баланд бардоштани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақа, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва стипендия дар буҷетӣ ҷумҳрӣ маблағи зарурӣ пешбинӣ гардидааст.
Ин иқдоми неки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобӣ қотиёна ба душманони миллати тоҷик аст.
Дар натиҷаи татбиқ намудани барномаҳову стратегияҳои қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳу сифати некуаҳволии мардуми кишвар симои дигар касб намуд. Агар ба тадқиқотҳои қаблӣ назар афканем ва нишондиҳандаҳои омориро таҳлил намоем, шоҳиди он мегардем, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон башумор рафта, сатҳи камбизоатӣ дар соли 1997-ум 81 фоизро ташкил медод, пас он дар соли 2016 ба 31 фоиз ва соли 2020 ба 27,5 фоиз коҳиш дода шудааст.
Мусаллам аст, ки музди меҳнат ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, сарчашмаи асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии кормандон, воситаи асосии ҳавасмандгардонии аъзоёни ҷамъият барои меҳнати пурмаҳсул ва хушсифат мебошад.
Қабули Фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия» аз 4 августи соли 2020, №1580, бори дигар собит месозад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти имконияти камтарини иқтисодиву молиявӣ дар ҷодаи боло бурдани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа, алалхусус табақаи ниёзманди он марҳила ба марҳила иқдоми хайрхоҳонаро амалӣ менамоянд.
Мутобиқи сархати якуми банди 1-и Фармони мазкур, аз 1 сентябри соли 2020 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар муассисаю ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуд.
Музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуда, андозаи маоши заминавӣ ба маблағи 305 сомонӣ муқаррар гардид.
Тибқи Фармони мазкур музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ низ баланд карда шуд, андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз 540 сомонӣ ба 620 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида аз 600 сомонӣ ба 690 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои Президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуд.
Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ тибқи Фармон аз 1 сентябри соли 2020 андозаи ҳамаи намуди нафақаҳо бо тартиби зерин зиёд гардид:
– андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рӯи синну сол, нафақаи заминавӣ ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 15 фоиз зиёд карда шуд;
– андозаи нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд, 15 фоизи ҳадди ақали нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда шуд;
– андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол, кӯдакони маъюби то 18-сола, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин ниёз дошта, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда шуд.
Фармони мазкур ба беҳсозии вазъи моддии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаҳои соҳаи илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, инчунин табақаҳои камбизоат, аз ҷумла нафақагирон ва донишҷӯён равона карда шудааст. Мо бовари комил дорем, ки аз ин давраи мудҳиш бо сари баланд баромада ва бо кору пайкори созандаи ҳукумат ба ояндаи дурахшон қадам менамоем.
Ф. Насриддинов – муовини сардори
Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ