Мусаллам аст, ки музди меҳнат ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, сарчашмаи асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии кормандон, воситаи асосии ҳавасмандгардонии аъзоёни ҷамъият барои меҳнати пурмаҳсул ва хушсифат мебошад. Дар натиҷаи татбиқ намудани барномаҳову стратегияҳои қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳу сифати некуаҳволии мардуми кишвар симои дигар касб намуд.  Агар ба тадқиқотҳои қаблӣ назар афканем ва нишондиҳандаҳои омориро таҳлил намоем, шоҳиди он мегардем, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон башумор рафта, сатҳи камбизоатӣ дар соли 1997-ум 81 фоизро ташкил медод, пас он дар соли 2016 ба 31 фоиз ва соли 2019 ба 26,3 фоиз коҳиш дода шудааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021, бо дарназардошти муҳиммияти нақши соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар рушди иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъкид карда мешавад: “Дар натиҷаи амалисозии стратегияву барномаҳо дар 30 соли соҳибистиқлолӣ музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт”.

Бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад, аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, идрорпулии донишҷӯён ва дигар намудҳои идрорпулӣ 20 фоиз зиёд карда шуда ва ҳадди ақали музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки дар заминаи ин баландшавӣ музди меҳнати омӯзгори маълумоти олидорӣ бе дараҷа, ки пеш 721 сомонӣ музди меҳнат мегирифт ва бо назардошти иловапулиҳо барои роҳбари синф ва тафтиши дафтар 973 сомонӣ музди меҳнат дошт. Тибқи ин баландшавӣ 1170 сомонӣ музди меҳнат мегирад, яъне қариб 200 сомонӣ маошаш зиёд мегардад. Музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ низ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд. Дар заминаи он музди меҳнати мутахассиси вазорату идораҳо, ки собиқаи хизмати давлатиаш аз 10 сол зиёд аст  ва 1145 сомонӣ маош мегирифт он ба андозаи 230 сомонӣ зиёд шуда ба 1375 сомони баробар мегардад. Ба ҳамин монанд музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг, ки ба ҳолати 1 ноябри соли 2021 -1291,0  сомониро ташкил медиҳад 258 сомонӣ зиёд гардида 1549 сомониро ташкил медиҳад. Кормандони соҳаи тандурустӣ низ аз 1026 сомонӣ то ба 1231 сомонӣ баланд мегардад.

Яке аз беҳтарин иқдом ин баланд бардоштани ҳадди ақали музди меҳнат ба ҳисоб меравад (аз 400 сомонӣ то ба 600 сомонӣ баланд намудани он), ки дар асоси он музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ низ зиёд мегардад. Зеро музди меҳнати кормандони қариб тамоми ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ  дар асоси ҷадвали ягонаи тарифӣ ба роҳ монда шуд, андозаи он дар асосии ҳадди ақали музди меҳнат баланд карда мешавад.

Агар ин нишондодро вобаста ба баландшавии нарх муқоиса намоем, пас андозаи сабади истеъмол ба ҳолати 1 июли соли 2021 ба андозаи 10,3 фоиз афзуд. Андозаи индекси нархҳои истеъмолӣ бошад бо назардошти маълумотҳои Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир (январ ноябри соли 2021 нисбати 2020 – ум 9,6 фоиз ва январ ноябри соли 2020 нисбати 2019 – ум 8,5 фоиз ) ҳамагӣ 19,1 фоиз афзудааст.

Пешниҳоди созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ мебошад.

Ин иқдоми неки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти сатҳи иҷтимоиву иқтисодии сокинони кишвар мебошад. Паёми мазкур ба беҳсозии вазъи моддии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаҳои соҳаи илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва инчунин, табақаҳои камбизоат, аз ҷумла нафақагирон ва донишҷӯён равона карда шудааст.

Яке аз унсурҳои муҳим, ки раванди ба танзимдарории сатҳи зиндагии аҳолиро ба низом медарорад, кифоя будани даромади пулии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки тайи солҳои Истиқлолияти ҷумҳурӣ вазъи зиндагии   ятимони кул ва кӯдакони аз саробон маҳрумшуда (нимятим) дар ҷумҳурӣ беҳтар гардида, ҳамасола андозаи нафақаи онҳо зиёд мегардад. Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи зиндагии маъюбон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки аз 1 июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи ятимони кул ва кӯдакони аз саробон маҳрумшуда (нимятим) ба андозаи 25 фоиз аз ҳадди ақали нафақа, ки айни ҳол 207 сомониро ташкил медиҳад, яъне 51,75 сомонӣ зиёд карда мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 90 ҳазор нафар ятимони кул ва кӯдакони аз саробон маҳрумшуда аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.

Боварии комил дорем, ки пешниҳоди созанда ва иқдоми неки сарвари давлат, аҷму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмату талош, меҳру муҳаббати бепоён ба Ватан созанда хоҳанд расонд.

Насриддинов Ф.,
сардори Раёсати
тадҳиқоти масъалаҳои соҳавӣ

Чоп кунед